Тухм. Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла

Шиносоиро бо ҳаёти рустанӣ аз омӯзиши сохти тухм (дон) ва сабзиши он оғоз мекунем. Мебинем, ки дони лӯбиё калон буда, агар як тарафи донаш барҷаста бошад, тарафи дигари он фурӯхамида мебошад.

Рӯйи дон бо пӯсти суфтаи ҷилодор пӯшида шудааст. Пӯст тухмро аз хушкшавӣ ва дигар осебҳо муҳофизат мекунад. Пӯсти тухми лӯбиё сафед, қаҳваранги банур ва хол-хол  мешавад. Дар тарафи фурӯхамидаи дони лӯбиё чок ё дарз (яъне изи думчаи тухм) намудор аст, ки тавассути он тухм ба мевапарда (ғилофак) пайваст шудааст.

Агар аз дони лӯбиёи пешакӣ дар об таркардашуда пӯсташро ҷудо кунем, дар зери пӯст ҷанин намоён мешавад. Ҷанин аз ду тухмпалла: решача, пояча ва муғҷача (19) иборат аст. Дар тухмпаллаи калон ва ғафсшуда моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд. Решача, пояча ва муғҷача дар байни ду тухмпалла ҷойгиранд. Андозаи онҳо чунон хурд аст, ки онҳоро фақат бо пурбин дидан мумкин аст. Сохти дони нахӯд, мушунг ва тухми дигар лӯбиёгиҳо низ чунин аст. Аммо дар баъзе рустаниҳои дигар: турбкоҳак ва ҷағҷағ (ҷаҷак) моддаҳои ғизоӣ на танҳо дар тухмпалла, балки дар дигар ҷузъҳои ҷанин – решача ва пояча ё поёнтар аз тухмпалла (19) низ захира мешаванд.

Расми 18.  Сохти дони лӯбиё
Расми 19. Сохти тухми рустаниҳои дупалла

Рустаниҳои гулдореро, ки ҷанини онҳо дорои ду тухмпаллаанд, рустаниҳои дупалла меноманд. Масалан, зардолу, шафтолу, себ, сабзӣ, бодом, каду, офтобпараст (вартоҷ), чинорак (чакамуғ), булут аз ҷумлаи онҳоанд.

Сохти тухми зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка ва ғайраҳо) дигар хел аст. Тухми гандумро, ки дон ё меваи хушк меҳисобанд, дида мебароем. Дони дарозрӯяи гандумро мевапардаи зарди тиллоранг пӯшидааст. Мевапарда бо пӯсти дон чунон ҷафс сабзидааст, (20) ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан номумкин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар дони гандумро ба дарозӣ бурем, мебинем, ки қисми зиёди он аз эндосперми ордмонанде иборат аст ва ҳуҷайраҳояш моддаҳои ғизоии захиравӣ доранд.

Ҷанини дони гандум хеле хурд буда, онро фақат бо ёрии пурбин дидан мумкин аст. Вай низ ба монанди ҷанини лӯбиё решача, пояча ва муғҷача дорад, аммо тухмпаллааш якто мебошад. Вай ба паҳнаки тунук монанд буда, ба эндосперм ҷафс ҷой гирифтааст ва дар он моддаҳои ғизоӣ (20) захира намешаванд.

Расми 20. Сохти дони гандум

Дар вақти сабзиши дон моддаҳои ғизоӣ аз ҳуҷайраҳои эндосперм тавассути тухмпалла ба ҷанин мегузаранд. Рустаниҳоеро, ки ҷанини онҳо як тухмпалла доранд, рустаниҳои якпалла меноманд.

Дар тухми дигар рустаниҳои якпалла: пиёз, зуфи обӣ ва гули ливондар (ландиш) эндосперм мавҷуд аст. Аммо эндосперми онҳо мисли эндосперми гандум ва ғалладонагиҳои дигар дар як тарафи он ҷойгир набуда, (21) балки ҷанинро пурра фаро гирифтааст.

Расми 21. Сохти тухми рустаниҳои якпалла

Ҳамин тавр, тухм пӯст ва ҷанин дорад. Ҷанини рустаниҳои дупалла дорои ду тухмпалла буда, моддаҳои ғизоӣ одатан дар худи ҷанин (дар тухмпаллааш) захира мешаванд. Ҷанини рустаниҳои якпалла фақат як тухмпалла дорад. Моддаҳои ғизоӣ одатан дар эндосперми тухм (дон) ҷойгиранд

ҚаблӣСафармуҳаммад Айюбӣ
БаъдӣТаркиби тухм (тухми растанӣ)