Тухми ҷанинаш зиндаву солим метавонад сабзида, нашъунамо кунад ва рустании навро ба вуҷуд оварад. Дар баъзе ҳолатҳо аз осеби ҳашароти зараррасон, мағорбандӣ ё дар натиҷаи миқдори зиёди обашро гум кардан ва сабабҳои дигар ҷанин нобуд мегардад. Инчунин, ҷанин дар натиҷаи солҳои дуру дароз нигоҳ доштани тухмӣ низ нобуд мешавад. Нобуд шудани ҷанини тухмӣ боиси қобилияти сабзишашро гум кардани тухм мегардад.
Дар шароити барои сабзиш мувофиқ тухм (дон) пеш аз ҳама обро ҷаббида варам мекунад. Дар ин вазъият тухмҳои варамидаи ғайри қобили сабзиш одатан мепӯсанд, тухмҳои ҷанинашон солиму қобили сабзиш (23) неш зада месабзанд. Масалан, ҳангоми нешзании дони лӯбиё пӯсташ кафида, аз решачаи ҷанини инкишофёфта решаи асосӣ (ҷавон) пайдо мешавад. Вай зуд сабзида дар замин мустаҳкам мегардад. Сипас, поячаи ҷанин бо авҷ сабзида, тухмпалла ва муғҷаро ба рӯйи хок мебарорад. Аз онҳо пояи асосӣ ва баргҳои лӯбиё инкишоф меёбанд. Тухмпаллаи нахӯд ва баъзе рустаниҳои дигар ба берун набаромада, (23) дар зери хок мемонад. Появу барги онҳо одатан аз муғҷачаи ҷанин ташаккул меёбанд.

Барои фаҳмидани он ки кадом шароит ба сабзиши ҷанин (ё тухм) мусоидат мекунанд, таҷрибаҳо кумак мерасонанд.
Ду зарфи шишагини (стакани) якхеларо гирифта, ба ҳар кадоми онҳо ба миқдори баробар дони (тухми) босифату қобили сабзиши гандум, нахӯд, ҷав ё ҷуворимаккаро меандозанд. Тухми стакани якумро хушк гузошта, ба дохили стакани дуюм каме об илова мекунанд. Ҳар ду стаканро бо лавҳачаи шишагин пӯшонда, ба ҷойи гарм мегузоранд. Дар стакани якуми бе об тухм тағйир намеёбад.
Дар стакани дуюми обдор пас аз 3-4 рӯз тухмҳои гузошташуда неш мезананд.
Ҳамин тавр, барои сабзиши тухм (дон) об ҳатман зарур аст. Зеро ҷанини сабзидаистода моддаҳои ғизоии таркиби донро метавонад фақат дар шакли маҳлули обиашон истифода барад. Барои сабзиши тухми рустаниҳои гуногун ба миқдори гуногун об лозим аст. Масалан, дони нахӯд (ё мушунг) назар ба вазнаш тақрибан якуним маротиба зиёдтар об меҷаббад. Бинобар он тухми нахӯд ва рустаниҳои ба об зиёдтар эҳтиёҷдоштаро пеш аз кишт тар мекунанд. Тухми ҷуворимакка баробари нисфи вазнаш об талаб мекунад, аммо барои арзан барин рустании хушкитобовар об фақат баробари чоряки вазнаш лозим аст.
Барои гузаронидани таҷрибаи дуюм боз ба ду стакан каме дони ҷавдор, гандум ё ҷав меандозанд. Ба стакани якум аз сатҳи тухм хеле баланд об мерезанд. Тухми стакани дуюмро фақат тар мекунанд. Даҳони стаканҳоро бо лавҳачаи шишагин пӯшида, ба ҷойи гарм мегузоранд. Дони стакани камоб пас аз 3-4 рӯз неш мезанад. Дони стакани пуроб бошад, фақат варам мекунад ва насабзида нобуд мегардад, чунки оби стакани пуроб ҳаворо (оксигени ҳаворо), ки барои нафаскашии тухм ҳатман зарур аст, фишурда баровардааст.
Умуман, тухми рустаниҳои гуногун ба ҳаво эҳтиёҷи гуногун дорад. Масалан, дони шолӣ ва арзанак дар шароити хеле кам будани ҳаво, ҳатто дар зери об метавонанд сабзанд. Вале тухми аксари рустаниҳои гулдор нисбати оксигени ҳаво серталаб буда, дар муҳити обӣ сабзида наметавонад.
Барои таҷрибаи сеюм бошад, боз ду стаканро гирифта, ба онҳо тухми нахӯд, лӯбиё ё гандумро ба миқдори баробар дохил мекунем. Тухмҳои ҳар ду стаканро тар карда, онҳоро бо лавҳачаи шишагин мепӯшонем. Сипас, яке аз стаканҳоро дар ҷойи нисбатан гарм, дигарашро дар ҷойи хунук (масалан, дар яхдон ё зери барф) нигоҳ медорем. Вақте ки дони стакани ҷойи гарм сабзид, онро бо дони ба ҷойи хунук гузоштаамон муқоиса мекунем. Мушоҳида нишон медиҳад, ки тухм дар шароити хунукӣ неш назадааст.
Ҳамин тариқ, барои сабзидани тухм се шароит: об, ҳаво ва гармӣ беҳад зарур аст. Агар яке аз ин шароитҳо ба таври қаноатбахш (кифоякунанда) набошад, тухм ба сабзиш шурӯъ намекунад. Масалан, агар об ва ҳаво кифоя бошаду гармӣ нарасад, тухм намесабзад ва оқибат нобуд мешавад. Вале тухми баъзе рустаниҳо, чунончи, дони ҷавдор ҳатто ҳангоми як дараҷа будани гармӣ (ҳарорат) ҳам сабзида метавонад, Тухми аксари рустаниҳо ҳангоми 10-15 дараҷа (24) ва ё зиёдтар будани гармӣ хубтар месабзанд.
