Навъҳо ва вазифаҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ

Навъхо ва вазифахои ниходхои ичтимои.


Ниҳодҳои иҷтимоӣ вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Сотсиологҳо кӯшиш кардаанд то вазифаҳои иҷтимоии ниҳодҳои иҷтимоиро дар шакли низоми муайяну мураттаб ба тасниф дароранд. Яке аз таснифоти ҷолиб ва нисбатан комилро «мактаби институтсионалӣ» пешниҳод намудааст. Намояндагони ин мактаб дар сотсиология С.Липсет, Д.Ландберг ва ғайра чор вазифаи асосии ниҳодҳои иҷтимоиро мушаххас сохтаанд:

  • Азнавистеҳсолкунии аъзоёни ҷомеа. Ниҳоди асосие, ки ин вазифаро иҷро менамояд, оила аст. Ба он дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла давлат низ ҳамроҳ мешаванд.
  • Иҷтимоишавӣ(сотсиализатсия) аз тарафи афрод пазируфтани намунаҳои рафтору тарзҳои фаъолияти барои ин ҷомеа муқарраргардида (ниҳоди оила, маориф, дин ва ғайра).
  • Истеҳсол ва тақсимот. Взифаҳои мазкур бо ниҳодҳои иқтисодӣиҷтимоии идоракунию назорат таъмин мегардад.
  • Вазифаҳои идоракунӣ ва назорат тавассути меъёру муқаррароти иҷтимоӣ: меъёрҳои ахлоқию ҳуқукӣ, урфу одат, қарорҳои роҳбарият ва ғ. амалӣ мегарданд.

 Ниҳодҳои иҷтимоӣ рафтори фардҳоро тавассути системаи дастгириҳою муҷозот идора менамоянд. Онҳо аз ҳамдигар бо сифатҳои вазифавии хеш фарқ менамоянд:

1) Ниҳодҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ—моликият, мубодала, пул, бонк, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ – тамоми маҷмӯи истеҳсолу тақсимоти боигарии ҷамъиятиро таъмин намуда, ҳаёти иқтисодии ҷомеаро бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пайваст менамоянд.

2) Ниҳодҳои сиёсӣ – давлат, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба ва дигар навъҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранду барои бунёд ва дастгирии шакли муайяни ҳокимияти сиёсӣ нигаронида шудаанд. Онҳо дар маҷмӯъ системаи сиёсии ҷомеаро ташкил менамоянд. Ниҳодҳои сиёсӣ азнавистеҳсолу ҳифзи арзишҳои идеологиро таъмин намуда, сохтори иҷтимоӣ-синфии дар ҷомеа бартариятдоштаро дар ҳолати устувору муътадил нигоҳ медоранд.

3) Ниҳодҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва тарбиявӣ азхудкардану азнавистеҳсолкунии минбаъдаи арзишҳои фарҳангию иҷтимоӣ, ворид сохтани фардҳо ба зерфарҳанги муайян, тавассути азхуднамоии меъёрҳои устувори иҷтимоӣ –фарҳангӣ иҷтимоисозии фардҳо ва ҳифзи меъёру арзишҳои муайянро мақсади хеш қарор медиҳанд.

4) Меъёрӣ-қутбнамоӣ—механизмҳои танзими рафтори фардҳо тавассути арзишҳои тамоёли ахлоқӣ-этикӣ дошта. Мақсади онҳо рафторро бо арзишҳои ахлоқӣ таъмин намудан аст. Ин ниҳодҳо дар ҷомеа арзишҳои умумиинсонии императивӣ, кодексҳои махсусу этикаи рафторро муқаррар менамоянд.

5) Меъёрӣ-муҷозотӣ- ниҳодҳои мазкур вазифа ҳои танзими рафторро дар асоси меъёрҳо, қоидаҳо ва навиштаҷоти дар санадҳои ҳуқуқиву идоравӣ ба тасвиб расида иҷро менамоянд.

6) Ниҳодҳои маросимӣ-рамзӣ ва мавсимӣ-созишӣ. Ин ниҳодҳо ба ин ё он муддат қабул намудани меъёрҳои созишдиҳанда, ба тасбити расмию ғайрирасмии онҳо асос меёбад. Ин меъёрҳо робитаҳои ҳаррӯза, рафторҳои гурӯҳию байнигурӯҳии гуногунро ба низом меоварад. Онҳо тартибу тарзи рафтори байниҳамдигариро муайян намуда, усулҳои интиқолу мубодалаи маълумот, табрикот, муроҷаат ва ғ., танзими маҷлисҳо, ҷаласаҳо, фаъолияти и ё он иттиҳодияҳоро ба танзим медароранд.

Халалдор гардидани меъёри таъсири байниҳамдигарӣ бо муҳити иҷтимоӣ, ки ба сифати он ҷомеа баромад менамояд, дисфунксия ( аз иҷрои вазифа набаромадан)-и ниҳоди иҷтимоӣ номида мешавад. Чуноне пештар қайд гардида буд, асоси ташаккулёбию фаъолияти ниҳоди мушаххаси иҷтимоиро қаноатманд сохтани ин ё он талаботи иҷтимоӣ ташкил менамояд.Дар шароити босуръат ҷараён гирифтани равандҳои ҷамъиятӣ, шиддатёбии тағйиротҳои иҷтимоӣ метавонад вазъияте пайдо шавад, ки талаботҳои ҷамъиятии тағирёбанда дар сохтору вазифаҳои ниҳодҳои иҷтимоии ваколатдор инъикоси зарурии худро наёбад. Дар натиҷа дар фаъолияти онҳо метавонад дисфунксия пайдо шавад. Аз нуқтаи назари мундариҷа дисфунксия дар норавшании мақсадҳои фаъолияти ниҳод, номуайянии вазифаҳо, дар паст фаромадани мақому обрӯи иҷтимоӣ, табдилёбии вазифаҳои алоҳидаи он ба фаъолияти маросимӣ, «рамзӣ», яъне ба фаъолияти барои ноилшавии мақсади ратсионалӣ нигарониданашуда ифода меёбад.

Яке аз ифодаҳои равшани дисфунксияи ниҳоди иҷтимоӣ шахсиятсозии фаъолияти он мебошад. Ниҳоди иҷтимоӣ, чуноне маълум аст, мувофиқи механизмҳои объективона амалкунандаи худ, ки ҳар як инсон дар он дар асоси меъёру намунаҳои рафтор, тибқи мавқеи хеш нақши муайянро иҷро менамояд, фаъолият менамояд. Шахсиятсозии ниҳоди иҷтимоӣ маънои онро дорад, ки вай вобаста ба манфиати шахсиятҳои алоҳида, сифату хислатҳои шахсии онҳо вазифаҳои худро иваз намуда, дигар мувофиқи талаботҳои объективона ва мақсадҳои объективона муқарраргардида амал наменамояд.

Талаботи ҷамъиятии қонеънашуда метавонад сабаби дар ҳаёт ба таври стихиявӣ пайдо гардидани намудҳои тибқи меъёр танзимнашудаи фаъолият гардад, ки барои ҷуброн сохтани дисфунксияи ниҳод аз ҳисоби халалдор сохтани меъёру қоидаҳои мавҷуда талош менамояд. Масалан, дисфунксияи баъзе ниҳодҳои иқтисодӣ сабаби мавҷудияи «иқтисодиёти паси парда» (теневая экономика) мебошад. Ислоҳи дисфунксия метавонад, ки бо иваз намудани худи ниҳод ё ба вуҷуд овардани ниҳоди нави иҷтимоӣ, ки талаботи мазкури ҷамъиятиро қонеъ месозад, сурат гирад.

Муҳаққиқон ду шакли мавҷудияти ниҳоди иҷтимоӣ: оддӣ ва мураккабро қайд месозанд. Ниҳодҳои иҷтимоии оддӣ – иттиҳоди муташаккили одамон аст, ки вазифаҳои муайяни аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятдорро, ки дастаҷамъона амалишавии мақсадҳоро дар асоси аз тарафи аъзоёни ниҳод иҷро намудани нақшҳои иҷтимоияшон (мутобиқ ба меъёру идеалҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ) таъмин месозанд, иҷро менамоянд.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

ҚаблӣНиҳодҳои иҷтимоӣ (сотсиология)
БаъдӣОила ҳамчун муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ (сотсиология)