Инкишофи афкори иктисоди то меркантилизм

Инкишофи афкори иқтисодӣ то меркантилизм. Ҳар як илм дар натиҷаи кӯшиши одамон оид ба ҳал намудани масъалаҳои муайяни ба табиат, ҷамъият ва баҳамтаъсиррасонии онҳо таалуқ дошта пайдо мешавад. Ҳамаи ин гуфтаҳо ба пуррагӣ ба комплекси илмҳои иқтисодӣ мансубанд.

Аз давраҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки аз чӣ вобаста будани инкишофи ҷамъияти инсонӣ ва бо кадом қонунҳо вобаста будани тараққиёти иқтисодиётро дарк намоянд. Бинобар ҳамин мулоҳизаҳо оид ба ҳаёти иқтисодӣ қонунҳои тараққиёти иқтисодиётро аз лаҳзаи пайдошавиашон ҳамроҳи мекарданд.

Барои омӯзиши назарияи иқтисодӣ генезиси онро, яъне пайдоиш, ҷараёни ташаккулёбӣ ва пойдоршавӣ онро ҳамчун илм дарк намудан зарур аст.

Сарчашмаҳои илми иқтисодиро мо дар таълимотҳои мутафаккирони дунёи қадим, пеш аз ҳама дар таълимотҳои мутафаккирони Шарқи Қадим, ки гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, дарёфт карда метавонем.

Дар «Қонунҳои Ману» – и Ҳиндустони қадим (асрҳои IV-III то мелодӣ) оид ба тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, муносибати ҳукмронӣ ва тобеият қайд карда шудааст. Дар асарҳои илмии мутафаккирони Хитои Қадим, махсусан дар асарҳои Конфутсий (солҳои 551-479 то мелодӣ) оид ба фарқияти меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ гуфта шуда буд. Ба фикри онҳо меҳнати фикрӣ танҳо ба табақахои болоии чамъият таалуқ дошта, меҳнати ҷисмонӣ бошад ба одамони оддӣ, ки миқдори зиёди онҳоро ғуломон ташкил мекарданд мансубият дошт. Аҷибаш он ки дар ҳамон давра масалан, дар асарҳои файласуфи хитоӣ Сюн Тси (асри III то мелодӣ) ақидае вуҷуд дошт, ки мувофиқи он ҳамаи одамон аз тавлидёбӣ баробаранд, бинобар ҳамин боигарии ғуншударо бояд ҳама истифода баранд ва одамони оддӣ низ бояд ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ба замин дошта бошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инкишофи минбаъдаи илми иқтисодӣ дар Юнони Қадим ба вуҷуд омад. Афкорҳои мутафаккирони Юнони Қадим ба монанди Ксенофонт (солҳои 430-354 то мелодӣ), Афлотун (солҳои 427-347 то мелодӣ) ва Арастуро (солҳои 384-322 то мелодӣ) ҳамчун асосҳои ибтидоии назариявии илми иқтисодии муосир тавсиф кардан мумкин аст.

Ксенофонт асареро бо номи «Экономикс» навишта ба илми нав номгузорӣ намуд, ки бо воситаи он, ба ақидаи ӯ, одамон хоҷагии худро ғанигардонида метавонанд. Гуфтаҳои Ксенофонт дар давраҳои мо низ муҳимии худро гум накардаанд: «ҳеҷ кас он қадар пул надорад, ки хоҳиши зиёдтар доштани онро надошта бошад, лекин дастрас намудани дигар молҳо ҳудуди худро дорад»; «пулҳо арзиш надоранд, агар онро истифода бурда натавонӣ».

Қадами ҷиддиро дар инкишофи афкори иқтисодӣ Арасту амалӣ гардонид – донишҳои маълуми давраи худро ӯ ҷамъбаст намуда ба низом даровард ва ба пешравии онҳо мусоидат намуд. Мазмуни (предмети) тадқиқотро таҳлил намуда, Арасту иқтисодиёт ва хрематистикаро аз ҳам маҳдуд намуд. Иқтисодиёт – асоси хоҷагии муқаррарӣ буда, мақсади он таъсисдиҳии арзишҳои истеъмолии барои ҳаёти хоҷагиҳои хонавода ва давлат зарурбуда мебошад, яъне мақсад аниқ муайян карда шуд. Хрематистика бошад, ба ақидаи Арасту, ин санъати ғункунии боигарӣ бо воситаи савдо ва савдогарӣ мебошад. Дар ин ҷода «ҳеҷ гоҳ ҳудуди дастрасии мақсад вуҷуд надорад, худи мақсад бошад ин соҳиби бо пулҳо мебошад». Агар «иқтисодиёт сазовори таҳсин»   бошад, хрематистика «аз рӯи адолат сарзаниш» мебошад. Арасту аввалин шуда категорияҳои алоҳидаи назарияи иқтисодиро ҷудо намуд, масъаларо оид ба муқоисашавии ҳама чизҳо, ки ба мубодила дучор мешаванд, гузошт; ду намуди фаъолиятро аз ҳам ҷудо намуд: истеъмолот (фаъолияти фаъолнок) ва истеҳсолот (фаъолияти махсулнок); ақидаро оид ба фоиданокии неъматҳои хоҷагидорӣ (ҳамчун асоси арзиш), оид ба мубодилаи дурусти неъматҳои хоҷагидорӣ ҳамчун мубодилаи эквивалентҳо ва ғайраҳо баён намуд.

Давоми худро афкорҳои иқтисодии Юнони Қадим дар ақидаҳои иқтисодии файласуфони Рими Қадим дарётанд. Дар асосноккунии зарурияти ғуломдории онҳо ақидае ба назар мерасид, ки мувофиқи он сохти ғуломдорӣ ба интиҳои худ расида истодааст, бинобар ҳамин ғуломдорӣ ва ё меҳнати ғуломона бояд шаклҳои дигарро бигирад. Ҳамин тавр мутафаккирони Рими Қадим оид ба меъёрдарории меҳнати ғуломон, инчунин ба меъёрҳои мавсимии таъминоти моддӣ тавсияҳо пешкаш карда, ҳамчун тарафдорони водоркунии ҳалимона ба меҳнат баромад мекарданд.

Лекин, назарияи иқтисодӣ ҳачун илм дар давраи пойдоршавии капитализм, пайдошавии мануфакура, вусъатёбии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, васеъшавии бозорҳои дохилӣ ва беруна, шиддатёбии муомилоти пулӣ пайдо шуд. Ҳиссёти тадқиқодчиён ба ин ҷараёнҳои иқтисодӣ ба таъсисёбии равияи меркантилизм дар назарияи иқтисодӣ сабаб шуд.

ҚаблӣНазарияи иктисоди (конспекти лексияхо)
БаъдӣМеркантилизм. Сахми меркантилистон ва физиократхо ба илми иктисоди