Ходисахои савти (ходисахои фонетики, овози)

забони точики, забони тоҷикӣ

Дар ин мақола маълумот дар бораи ҳодисаҳои савтӣ, овозӣ ё фонетикӣ меорем.

Ходисаи овози, савти чист? Нутқи мо мисли занҷири овозӣ буда, дар он овозҳо чун ҳалқаҳо ба ҳам пайвастанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки талаффузи як овоз ба охир нарасида, дастгоҳи гуфтори мо барои талаффузи овози дигар омода мешавад. Дар натиҷа овозҳои ҳампаҳлӯ (ҳамсоя) ба тағйиротҳои гуногун дучор мешаванд, ки мо онҳоро ҳодисаҳои овозӣ меномем.


Чойивазкуни чист? Ҷойивазкунӣ ҳодисаи овозиест, ки барои осон шудани талаффуз ду овози ҳампаҳлӯ (китф, қуфл) бо ҳамдигар ҷой иваз мекунанд. Ҷойивазкунӣ хоси ҳамсадоҳост.


Монандшавии овохо чист? Овозҳои нутқ аз ягон ҷиҳат ба ҳамдигар монанд мешаванд. Масалан, дар таркиби овозии (нб) дар калимаҳои шанбе, занбӯр, занбар ҳамсадом лабии б ҳамсадои нешизабони н -–ро ба худ монанд мекунад. Яъне дар зери таъсири б ҳамсадои н бо ҳамсадои  м иваз мешавад: анбӯр нею амбӯр. Инро дар забон монандшавии овозҳо мегӯянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нутки айнан наклшуда

ҚаблӣАломати сакта – Ъ
БаъдӣИмлои ҳамсадоҳои Д, Т, Ҳ