Унсурҳои асосии фарҳанг (сотсиология)

Унсурҳои асосии фарҳанг. Унсурхои асосии фарханг.


 Одатан ба унсурҳои асосии фарҳанг забон, арзишҳо, эътиқодҳо ва меъёрҳоро дохил менамоянд. Забон маҷмӯи мафҳумҳоест, ки тавассути рамзҳо ва аломатҳо шакл гирифта, тавассути овозҳое, ки шомили маъноҳои хос мебошанд, ифода меёбад. Масалан, мафҳуми «хӯрдан» дар забонҳои гуногун тавассути маҷмӯи овозҳои мухталифу аломатҳои зер, мисли есть (русӣ), eat (англисӣ), essen (немисӣ), акл (арабӣ) ифода меёбад.

Аҳли ҷомеа бояд дар зери мафҳуми мазкур бояд ҳамон маъноеро фаҳманд, барои тамоми аҳли ҷомеа умумӣ бошад. Ҳамин тариқ, ҳар калима аз маҷмӯи овозҳои муайян таркиб меёбаду дар он мафҳуме нуҳуфтааст. Тавассути мафҳумҳо байни одамон муошират сурат мегираду инсон оламро меомӯзад.Маҳз тавассути мафҳумҳо забон вазифаи эҷод, ҳифз ва интиқоли маълумотро аз шахс ба шахси дигар ва ё аз насл ба насли дигар иҷро менамояд.

 Унсури муҳими фарҳанг инчунин арзишҳо маҳсуб мебошанд, ки аз тарафи аҳли ҷомеа пазируфта мешаванду дар пешбурди ҳаёт ба роҳбарӣ гирифта мешаванд. Арзиш- ин хосияти предмет аст, ки ин ё он талаботи узви ҷомеаро қонеъ месозад. Тавассути мафҳуми «арзиш» ҳодисаҳои муайяни воқеиятро, ки барои ҷомеа аҳамияти иҷтимоӣ-таърихӣ ва барои афроди алоҳида маънои хос дорад, васф менамоянд.

 Дар адабиётҳо чунин таснифи арзишҳо дучор мешавад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • Арзишҳои ниҳоӣ (арзишҳои ифодаунандаи мақсад, чун хушбахтӣ, номи нек, ободии Ватан ва ғайра);
  • Арзишҳои олотӣ (арзишҳое, ки ба сифати восита хидмат менамоянд, масалан, пул, боигарӣ, зан ва ғайра).

 Арзишҳо ба фаъолияти мақсадноки одамон маънӣ бахшида, ҳамкории иҷтимоии онҳоро ба танзим медароранд. Ба қавли дигар, арзишҳо барои одамон дар муҳити онҳоро иҳота намуда ҳамчун қутбнамо хидмат намуда, онҳоро барои иҷро намудани ин ё он амал ба ҳаракат медароранд. Дар маҷмӯи арзишҳои шахс чунин анвои арзишҳоро зикр месозанд:

 1)Арзишҳои ба ҳаёт маънӣ бахшанда-тасаввурот дар бораи некӣ ва бадӣ, хушбахтӣ, мақсад ва маънии зиндагӣ;

 2)Арзишҳои куллӣ (универсалӣ):

 а)аҳамияти ҳаётӣ дошта (ҳаёт, саломатӣ, бехатарии шахсӣ, накӯаҳволӣ, маълумот ва ғайра);

 б)арзишҳои мавриди эътирофи аҳли ҷомеа (меҳнатдӯстӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва ғайра);

 в)арзишҳои мавриди муоширати байнишахсӣ (садоқат, ҳамдардӣ ва ғайра);

 г)арзишҳои демократӣ (озодии сухан, мустақилият);

 3)Арзишҳои партикулярӣ (хусусӣ):

 а) дилбастагӣ ба ватани хурд,оила;

 б) фетишизм (боварӣ ба Худо, кӯшишу талош ба сӯи мутлақият ва ғайра).

 Қобили зикр аст, ки имрӯз ҷомеаи мо дар марҳилаи тағйиротҳои ҷиддӣ ва босуръат қарор дорад. Ба ҳаёти моддию маънавии ҷомеаи мо, махсусан тарзи зиндагии ҷавонони мо ду навъи арзишҳо-арзишҳои дунявӣ аксаран аз тарафи Ғарб ва арзишҳои динӣ ҳам аз муҳити динии кишвар ва ҳам аз кишварҳои мухталифи исломӣ таъсир расонда истодаанд. Албатта, истисно нест, ки ҳар шахс ин арзишҳоро аз нуқтаи назари мувофиқат намудан ва ё нанамудани онҳо ба талаботҳои хеш, ҷоиз будану набудани онҳо, манфиатнок будану набудани онҳо баҳогузорӣ менамояд. Дар ин раванд ҳар як шахси бофарҳангу оқил он арзишҳоеро мепазирад ва дар зиндагии хеш ба роҳбарӣ мегирад, ки ба манфиати ҷомеа ва аҳли он буда, пешрафти бомуваффақи ҷомеа ва рушди зиндагии шахсии ӯро таъмин менамояд. Арзишҳои иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯи аҳдофи ҳаётӣ ва воситаҳои амалисозии онҳо баромад менамоянд. Масалан, агар барои баъзе афрод ҳадафи ҳаётӣ таъмини хушбахтӣ ба маҳбубаи хеш бошад, ба сифати воситаи амалисозии он меҳнати ҳалол баромад менамояд, барои афроди дигар ҳадаф агар таъмини накӯаҳволии моддӣ бошад, ба сифати восита ҳама гунна васила, аз ҷумла аъмоли ҷиноӣ низ метавонад баромад менамояд. Арзишҳои иҷтимоие, ки аз тарафи шахс пазируфта мешаванд, тамоюли арзишӣ номида мешаванд. Ба қавли дигар, тамоюли арзишӣ- ин аз тарафи шахс ё гурӯҳи ҷамъиятӣ пазируфта шудани тамоми неъматҳои моддӣ ва маънавии дилхоҳ, тарзи зист, меъёрҳои ахлоқии зарурӣ ва интихоби нисбатан мақбулу афзалиятдоштаи онҳо ба ҳисоб меравад. Дар доираи ҷомеа арзишҳои умдаи аксари одамон ягонаанд. Ҳамзамон дар доираи арзишҳои том боз арзишҳои гурӯҳу синфҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ аз ҳам фарқ менамоянд.

 Олами арзишҳо метавонад ҳам ба сифати тасаввуроту афкор ва эътиқодҳои ба таври стихиявӣ ташаккул ёфта ва ҳам ба сифати таълимоти мантиқан асоснок ва қатъию бодалел-идеология баромад намояд. Дар зери мафҳуми «идеология» аксаран маҷмӯи ақидаҳо, идеяҳова эътиқодҳо фаҳмида мешавад, ки дар онҳо муносибатҳои одамон ба воқеият ва ба ҳамдигар дарк карда мешавад, баҳогузорӣ карда мешавад ва ҳамзамон манфиатҳои гурӯҳу умумиятҳои гуногуни иҷтимоӣ ифода меёбад. Унсури муҳими фарҳанг меъёрҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Мафҳуми меъёр ба маънои васеъ қоида ё мабдаи роҳбарро ифода менамояд. Меъёрҳои иҷтимоӣ-маҷмӯи қоидаҳои рафтор, намунаҳои фаъолият мебошанд, ки иҷроиши онҳо аз ҳар як аъзои гурӯҳ ё умумияти иҷтимоӣ дар назар дошта мешавад ва тавассути муҷозот дастгирӣ меёбад. Ба таври мисол зимни салом кардан даст дароз менамоем, пеш аз хӯрок даст мешӯем, дар китобхона баланд гап намезанем, дар рӯзи идҳои давлатӣ парчамро овезон менамоем ва ғайра. Фарҳанги мо чунин рафторро ҳамчун амали дуруст, яъне мувофиқи меъёрҳои иҷтимоӣ арзёбӣ менамояд. Бояд қайд намуд, ки ҷомеа ҳамеша дар ҳолати тағйирот қарор дорад. Бинобар ин, баъзе меъёрҳо метавонанд аҳамияти худро барои фаъолияти ҳаётии одамон гум намоянд. Онҳо ё аз истифода мемонанд ё тағйир мепазиранд. Меъёрҳои дигар бошад метавонанд дуру дароз устувор боқӣ монанд. Имкон дорад, ки ҳатто меъёрҳои нав ба вуҷуд оянд. Меъёрҳои иҷтимоиро вобаста ба соҳаи истифодашавиашон (сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра) ва тибқи мундариҷаашон (урфу одат ё таомул, одоб ё ахлоқ, меъёрҳои ҳуқуқӣ) тасниф намудан мумкин аст.

 Таомул-ин тарзҳои устувор ва меросии рафтор аст, ки дар умумиятҳои муайян ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ такроран сурат мегиранд ва барои аъзоёни он чун одат пазируфта мешаванд. Агар таомул аз як насл ба насли дигар гузарад вай ба анъана мубаддал мегардад. Калимаи «анъана» аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос шуда, маънои «аз номи чанд нафар нақл кардан»-ро ифода менамояд. Шакли русии он «традиция» аз забони лотинии «traditio» гирифта шуда, маънояш «интиқол» аст. Анъана – механизми азнавистеҳсол ва ба дигар наслҳо интиқол намудани меъёрҳои муайяни ахлокӣ, арзишҳо, тарзҳои рафтор аст, ки онҳоро одамон ба сабаби манфиатнокиашон дар гузашта мепазиранд.

 Меъёрҳои ахлоқӣ гуфта маҷмӯи ақидаҳоро дар бораи рафтори дуруст ва нодуруст мефаҳманд, ки ба тасаввуротҳо дар бораи некӣ ва бадӣ, ҷоиз ва ноҷоиз асос меёбанд.

 Шакли рафтори рамзию мураттаб ва аз тарафи ҷомеа ҷоиз расму русум ё оин ё маросим (ритуал) номида мешавад. Вай шакли ҷамъи калимаи арабии «марсум» буда, маънои луғавияш маҷмӯи аъмоли ба расм даровардашуда мебошад. Маросим – ин маҷмӯи аъмоли тибқи урфу одат муқаррар гардида, аз ҷумла аъмоли лафзист, ки дар шакли рамзию ба тартиб даровардашуда робитаи фардҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дар умум ҷомеаро бо ҳодисаҳои иҷтимоии барои онҳо муҳим: арзишҳо, ниҳодҳо,ҳодисаҳоим таърихӣ, одамон, объектҳои табиӣ ва ғайра барқарор месозад.

 Қобили зикр аст, ки соли 2007 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Худи қабул гардидани қонуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеа бо мурури замон анъанаву маросимҳо тағйир мепазиранд. Онҳо метавонанд ба манфиати ҷомеа равона шуда бошанд ва метавонанд дар пешрафти ҷомеа монеа низ эҷод созанд. Баъди қабули қонуни мазкур баъзе маросимҳо бекор ва баъзеи дигар ба танзим дароварда шуданд, ки аҳли ҷомеа дар як муддати кӯтоҳ саривақтӣ ва манфиатнок будани онро дарк намуд.Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳама гуна ҷомеа ҳамеша анъана ва маросимҳои мардумӣ вобаста ба талаботи давру ҷомеа ба танзим дароварда шаванд.

 Яке аз унсурҳои муҳими фарҳанг, ки рафтори одамонро дар ҷомеа ба танзим медарорад, меъёрҳои ҳуқуқӣ маҳсуб мешаванд.Меъёрҳои ҳуқуқӣ – ин меъёри рафтори ба чаҳорчуба даровардашудаест, ки расман аз тарафи ҷомеа ба тасвиб расидааст ва дар шакли қонунҳо, муқаррарот.фармоишҳо ва дигар санадҳое, ки аз тарафи органҳои давлатии қонунан ваколатдор қабул гардидааст, баромад менамояд.


Фарҳанг дар низоми ҷомеа (сотсиология)

ҚаблӣФарҳанг дар низоми ҷомеа (сотсиология)
БаъдӣНақши фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа (сотсиология)