Адабиёти форсии точики дар асри Х

Дар ин мақола: Адабиёти форсии точики дар асри 10 адабиёти точик дар асри 10 >>>

Забони порсии дарӣ, ки дар се асри пешин аз асри VII то IХ ба забони адабӣ табдил ёфта буд, дар асри Х дар нахустин давлати мустақили тоҷикон – Сомониён (875-999) забони расмии давлатӣ гардид. Амирони сомонӣ барои таъмини истиқлоли сиёсӣ, адабию фарҳангӣ ва илмии худ пойтахтҳои худ – шаҳрҳои Самарқанд ва Бухороро марказҳои адабию фарҳангӣ қарор дода, шоирону нависандагон ва донишмандонро аз ҳар гӯшаву канори мамлакат гирд оварданд. Омода гардидани заминаи мусоид боиси равнақи фавқулодаи адабиёт, фарҳанг, ҳунарҳои зебо, меъморӣ, наққошӣ, саҳҳофӣ, хаттотӣ, мусиқӣ, илмӣ ва ғ. шуд. Аз ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории замони Сомониён имрӯз мақбараи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ дар Бухоро боқӣ мондааст, мақбараи ҳамон амири ватанпараст, ки дар замонаш гуфта буд: “То ман зинда бошам, бораи вилояти Бухоро ман бошам”. Аз китобхонаи ғании Бухоро Абӯалӣ Сино истифода карда буд. Танҳо дар шаҳри Марв, ки имрӯз дар хоки Туркманистон аст, 12 китобхона будааст, ки дар онҳо 12 ҳазор ҷилд китоб нигаҳдорӣ мешудааст. Аз шукӯҳу шавкати Бухорои он вақт ва амири сомонӣ Рӯдакӣ дар як шеъраш бо қаноатмандӣ ва ифтихор гувоҳӣ додааст:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб ту бизан руд,
То май хӯрам имрӯз, ки вақти тараби мост.
Май ҳасту дирам ҳаст, бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест,в гар ҳаст, насиби дили аъдост.

Аз равнақи беандозаи адабиёт дар ин давра вуҷуди шоирон ва нависандагони бузурге, монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Абӯшакури Балхӣ, Имораи Марвазӣ, Робиаи Қуздорӣ, Абӯзироаи Гургонӣ, Мантиқии Розӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Шокири Бухороӣ, Кисоии Марвазӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Дақиқӣ, Маъруфии Балхӣ, Хусравонӣ, Тоҳири Чағонӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Абдулфатҳи Бустӣ, Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалии Балъамӣ, Абӯтаййиби Мусъабӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва дигарон, асарҳои фаровон ва арзишманди онҳо, ки намунаҳояшон то ба мо расидааст, гувоҳӣ медиҳад. Аз нисбаи адибоне, ки баршумурдем, маълум мешавад, ки онҳо бештар аз хоки Мовароуннаҳр ва Хуросон мебошанд (Бухоро, Самарқанд, Марв, Балх, Тирмиз, Сарахс, Гургон, Нишопур, Чағониён, Ҳирот ва ғ.).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Осори манзум ва мансури адибони ин давр барои муайян намудани майл ва падидаҳои асосӣ ва вижагиҳои адабиёти он ва пояҳои инкишофи он, сарфи назар аз он ки комил нест, имкон медиҳад. Дар ин давра ташаккули ҳамаи навъҳои адабие, ки пасон дар адабиёти асрҳои баъдӣ маъмул гаштаанд, монанди қасида, маснавӣ, ғазал, рубоӣ, қитъа, дубайтӣ ба охир расида, доираи муҳтавои онҳо низ муқаррар мегардад, ки аз мадҳ, панд, васф, ҳолия, марсия, баҳория, ишқия ва ҳаҷв иборат аст.

Инкишофи қасида ва навъҳои гуногуни он, монанди мадҳия, ҳолия, хамрия ва ғ. ба бунёди давлатҳои ниммустақил ва мустақили қавмҳои эронӣ, аз ҷумла тоҷикон ва ташаккули доираҳои адабӣ дар пойтахтҳои он хонадонҳо ва сиёсати адабиётпарварӣ, фарҳангдӯстии амирон ва вазирони хонадонҳои Саффориён ва Сомониён вобастагӣ дошт. Ривоҷи панду васфу ишқия, руҷӯъ кардан ба достону ривоятҳои қадимӣ, шоҳномасароӣ, аз як тараф, далели содиқ будани қавмҳои эронӣ ба адабиёти қадим ва гузаштаҳои пурифтихори хеш: ба андарзнома, корнома, суруд, чома ва чакома бошад, аз тарафи дигар, ба тақозои даврони истиқлоли сиёсӣ ва адабӣ ёфтани мардумони Мовароуннаҳр ва Хуросон вобаста буд.

Хусравӣ, яке аз адибони охирҳои асри Х, шеъреро, ки маънии мисраъ ва байтҳояш қобили фаҳм буда, яке дигареро равшан месозад, “шеъри нағз” номидааст:

Зулфайни ту гӯй, ки шеъри нағзест,
Анвар шуда маъниш яке бар дигар.

Яке аз хусусиятҳои шеъри нағз, ки дар ин аср маъмул буд, он аст, ки дар шеър лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон бояд бошад:

Инак, мадҳе чунонки тоқати ман буд,
Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон.

Аз ин навъи шеър ғайр аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Хусравӣ, инчунин Абӯшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва дигарон пуштибонӣ намудаанд:

Суханҳо сабук гӯю баста магӯй,
Макун нарм гуфтор бо рангу бӯй.
(Фирдавсӣ)

Чу ёқут бояд сухан безиён,
Сабуксанг, лекин баҳояш гарон.
(Абӯшакури Балхӣ)

Сифати дигари шеъри нағз дар асри Х дурустию ростии муҳтавои он буд. Шоирон ва адибони он давра ҳатто дар мадҳияҳои худ, ки ғолибан ба таърифу тавсифи ин ва ё он мамдӯҳ бахшида шудааст, ҳамчунин дар ҳамосаҳои худ, ки дар бораи корнамоӣ ва қаҳрамониҳои паҳлавонони номдори устураӣ ва шоҳони афсонавӣ ва таърихӣ мебошад, дурӯғро раво намедоштанд. Фирдавсӣ ҳодисаву воқеаҳои дар “Шоҳнома” баёнгардидаро дурӯғу фасона намешуморад ва мегӯяд:

Ту инро дурӯғу фасона мадон,
Ба яксон равиш дар замона мадон.
Аз ӯ ҳар чӣ андар хӯрад бо хирад
В-агар бар раҳи рамз маънӣ барад.

Шеъри шоирони асри Х бисёр заминӣ ва воқеӣ буда, саршори тасвирҳои зинда, гӯё ва хонои зиндагии рӯзмарра мебошанд. Дар онҳо тасвиру маъниҳои муҷаррад, бофта ва хаёлию ғайривоқеӣ тақрибан вуҷуд надорад, чунончи:

Абр ҳамегиряд чун ошиқон,
Боғ ҳамехандад маъшуқвор.
Раъд ҳаменолад монанди ман,
Чунки бинолам ба саҳаргоҳ зор.
(Шаҳиди Балхӣ)

Ба ҳаво дарнигар, ки лашкари барф
Чун кунанд андар он ҳаме парвоз,
Рост ҳамчун кабутарони сафед,
Роҳгумкардагон зи ҳайбати боз.
(Абдулҳасан Оғоҷӣ)

Нилуфари кабуд нигаҳ кун миёни об
Чун теғи обдодаву ёқути обдор,
Ҳамранги осмону ба кирдори осмон,
Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор,
Чун роҳибе, ки ду рухи ӯ солу моҳ зард
В-аз митрафи кабуд ридо кардаву изор.
(Кисоии Марвазӣ)

Бар пилгӯш қатраи борон нигоҳ кун
Чун ашки чашми ошиқи гирёни ғамзада.
Гӯӣ, ки: парри бози сапед аст барги ӯ,
Минқори боз луълуи носуфта барчида.
(Кисоии Марвазӣ)

Хиромидани кабк бинӣ ба шах,
Ту гӯйӣ, зи дебо фигандаст нах.
(Абӯшакури Балхӣ)

Гунҷишк чӣ гуна ларзад аз борон,
Чун ёд кунам туро чунон ларзам.
(Абулаббоси Марвазӣ)

Моҳ гоҳе чу рӯйи ёри ман аст,
Гаҳ чу ман кӯжпушту зарду низор.
(Қамарии Гургонӣ)

Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.
(Робиаи Балхӣ)

Шоирони асри Х ба қувваи муъҷизаосои шеър, ки дар хонанда ва шунаванда ҳиссиёти нек ё бадро бармеангезад, ба аҳамияти тарбиятӣ ва зебоишиносии он бовар доштанд. Абӯшакури Балхӣ дар замина чунин мегӯяд:

Шунидам, ки бошад забони сухан
Чу алмоси буррону теғи куҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармону дард.

Устод Рӯдакӣ низ ба ҳамин ҷиҳати шеър ишора намудааст ва гуфтааст:

Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

Ҳодисаи баробари шунидани шеъри “Бӯйи Ҷӯйи Мулиён” бо як пойи мӯза ба сӯйи Бухоро шитофтани амири сомонӣ пас аз чаҳор соли дурӣ ривоят нест, балки ҳақиқат аст.

Шеъри форсии тоҷикӣ дар ҷомеаи онрӯза нақши муҳимми адабӣ ва иҷтимоиро мебозид, ҳам дар базм ва ҳам дар майдони разм иштирок дошт. Байтҳои зерини Абӯзироаи Гургонӣ на танҳо ишора ба баландии пояи шеъри замонааш мебошад, балки нақши бузурги он дар зиндагиро низ таъкид мекунад.

Он ҷо, ки дирам бояд, динор дарандозам
В-он ҷо ки сухан бояд, чун мум кунам оҳан.
Чун бод ҳамегардад, бо бод ҳамегардам,
Гаҳ бо қадаҳу барбат, гаҳ бо зиреҳу ҷавшан.

Насри бадеӣ дар асри Х ба андозаи шеър ривоҷ надошт, аммо аз намунаҳои боқимондаи он, монанди “Шоҳномаи Абӯмансурӣ”, “Шоҳнома”-и Абулмуайяди Балхӣ, “Марзбоннома”-и Марзбон писари Рустам, тарҷумаҳои “Калила ва Димна” ва “Синдбоднома”, ҳамчунин “Зафарнома”-и Абӯалӣ ибни Сино ва ғ. бармеояд, ки нависандагони он замона суннатҳои насри адабиёти қадим ва адабиёти арабизабонро давом додаанд. Насри асри Х мисли шеъри он бо содагии баён ва зебоии муҳтавои хеш фарқ мекунад. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъре дорад, ки машҳур аст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг – андар ҳаме бингоштанд:
“Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст”.

Ин маънӣ дар “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” ба ин тарз баён гардидааст: “То ҷаҳон буд ва мардум гирди дониш гаштанд ва суханро бузург дошта ва некутарин ёдгорӣ сухан донистанд. Чӣ андар ин ҷаҳон мардум ба дониш бузургвортар ва моядортар. Ва чун мардум бидонист, ки аз вай чизе намонад пойдор, бад-он кӯшад, то номи ӯ бимонад ва нишони ӯ гусаста нашавад”.

Пораи дигар аз “Шоҳнома”-и Абулмуайяди Балхист: “Чун Кайхусрав аз он ҷо бозгашт ва ба Туркистон шуд, ба талаби хуни Сиёвуш – падари хеш ва ҳар чӣ нарина ёфт, андар Туркистон ҳамекушт ва Рустам ва дигар паҳлавонони Эрон бо ӯ. Афросиёб гурез гирифт ва ба сӯйи Чин шуд ва аз он ҷо ба Ҳиндустон омад ва аз он ҷо ба Сиистон”. Ин маъниро Абулқосими Фирдавсӣ дар назм чунин овардааст:

 Чунин гуфт Пирон ба Афросиёб,
 Ки: «Шуд рӯйи гетӣ чу дарёи об…
 Чу Рустам биёмад, туро пой нест,
Ба ҷуз рафтан аз пеши ӯ рой нест.
Бибояд шудан то бадон рӯйи Чин,
Гар эдун, ки гунҷӣ ба рӯйи замин.
Сипаҳро чунин саркашида бимон,
Худу вижагон сӯйи дарё бирон.»
Сипаҳбад чунон кард, кӯ роҳ дид,
Ҳаме даст аз он разм кӯтоҳ дид.
Дирафшаш бимонданду ӯ худ бирафт,
Сӯйи Чину Мочин хиромид тафт.

Адабиёти точик ва мархилахои инкишофи он

ҚаблӣАдабиёти точик ба забони порсии дари (асри IX)
БаъдӣИлтифот (дар адабиёт)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед