Илтифот (дар адабиёт)

Илтифот дар луғат аз пас нигаристан аст. Дар истилоҳ санъати бадеиеро гӯянд, ки шоир дар шеър аз баёни як маънӣ ба баёни маънии дигар равад. Чунонки устод Рӯдакӣ гуфтааст:

Ҷуз он ки мастии ишқ аст, ҳеч мастӣ нест,
Ҳамин бало-т бас аст, эй ба ҳар бало хурсанд!

Бадеъшиносон аз ду навъи илтифот ёд кардаанд. Агар дар навъи якум шоир аз як маънӣ ба маънии дигар гузарад, дар навъи дувум мухотаби худро дигар мекунад. Чунончи:

Ҷоно, зи фироқи ту дилам пурхун шуд
В-аз ёди рухат сиришки ман гулгун шуд.
Алқисса, ба коми душманон гаштам дӯст,
Як бор напурсид, ки ҳолат чун шуд?

Ҳамчунин агар шоирон суханеро тамом кунанд ва сипас ҷумла ё мисраъ ва байте биоваранд, ки ба сари худ мустақил бошад, аммо бо суханони қаблӣ пайваст шавад ва боиси зебоии калом гардад, онро низ илтифот номидаанд. Мисол:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Замони айшу вақти комронӣ
Ҷавонӣ бошад, афсӯс аз ҷавонӣ!
Лаби соқӣ ба як ханда зи дандон
Барад сад дил, илоҳӣ, бод хандон!

Таркибҳои «афсӯс аз ҷавонӣ» дар байти аввалӣ ва «илоҳӣ, бод хандон» дар байти сонӣ илтифот мебошанд.

Маҷоз (дар адабиёт ва шеър)

ҚаблӣАдабиёти форсии точики дар асри Х
БаъдӣЧопи матн дар WordPad