Алифбочони ширин, Рахмат ба ту Алифбо (шеър) Шеъри Алифбо. Алифбоҷони ширин, Раҳмат ба ту Алифбо. Шеър дар бораи Алифбо
Алифбоҷони ширин
Алифбоҷони зебо
Ҳаргиз мабош ғамгин
Гар аз ту шавам ҷудо
Раҳмат ба ту алифбо!
Раҳмат ба ту алифбо!
Намекунам фаромӯш
Сурати рангини ту
Намекунам фаромӯш
Ҳарфҳои заррини ту
Раҳмат ба ту алифбо!
Раҳмат ба ту алифбо!
Меҳри ту ҷо гирифта
Дар дили мо ҳамеша
Ба дил маъво гирифта
Чунин садо ҳамеша
Раҳмат ба ту алифбо!
Раҳмат ба ту алифбо!