Ливои бахт (шеър барои парчам)

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Ливои мо ливои Ковиён аст,
Нишони азму ҷаҳди тоҷикон аст.
Аз он фахрам, ки чун шаҳболи ҳастӣ,
Парафшон дар фазои ҷовидон аст.

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Саодат дар ливо гардад таҷассум,
Ливо рамзи саодатҳои мардум.
Ливои мо бақои зиндагонист,
Ба бар бигрифта сад маънову мафҳум.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Сафедӣ бахту иқболи туву ман,
Бувад сурхӣ ҷилои хуни меҳан.
Ба ранги сабз рӯяд нахли ҳастӣ,
Самар ёбад ҳам аз мазмуни меҳан.

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Ливои мо матои шавкату шон,
Умеду ормони тоҷдорон,
Парафшон дар фазои орзуҳост.
Бувад чун бол дар парвози мурғон.

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Ливо бошад саломи орзуҳо,
Нишону эҳтироми орзуҳо.
Барои тоҷики бонангу боор,
Кабутар бо паёми орзуҳо.

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Умеди бардавоми тоҷикон аст.
Шукӯҳи нангу номи тоҷикон аст,
Ҷилои бахт бошад парчами мо,
Беҳин ороиши Боми ҷаҳон аст.

Садо аз Коваи оҳангар ояд,
Ливои мо ба рӯйи минбар ояд.
Ба юмни ин намоди сарбаландӣ,
Чӣ маънои баланде бар cap ояд.

Бахтиёр Раҳмонов


Бештар бихонед >>


 Шеър дар васфи Парчам, шеър барои рузи парчам, Парчами Чумхурии Точикистон, табрикот барои рузи парчам.

ҚаблӣМавзӯъ ва мундариҷаи осори Амир Хусрави Деҳлавӣ
БаъдӣШеър дар бораи Парчами Точикистон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед