Бофтаҳо (Бофта чист?)

Гурӯҳи ҳуҷайраҳое, ки дар организм функсияи муайянеро иҷро мекунанд, бофта номида мешавад.

Дар рустаниҳо 5 намуди системаи асосии бофта мавҷуд аст.

Бофтаҳои ҳосилкунанда дар охири реша, дар (ҳудуди) марзи реша ва чӯб (дар дарахтҳо ва буттаҳо) ҷойгиранд. Онҳо аз ҳуҷайраҳои тақсимшаванда таркиб ёфтаанд ва сабзиши реша, поя, барг ва инчунин ғафсшавии реша ва пояи рустаниҳои дарахтиро таъмин мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бофтаҳои асосӣ дар ҳамаи ҷузъҳои рустанӣ дида мешаванд. Онҳо аз ҳуҷайраҳои калон ва аз ҷиҳати сохтор гуногун таркиб ёфтаанд.

Ин бофтаҳо раванди фотосинтез (дар барг) ва захирашавии моддаҳои ғизоиро дар реша, поя, тухм, лӯнда таъмин мекунанд.

Бофтаи пӯшиш дар қисми берунаи ҳамаи узвҳои рустаниҳо ҷойгир шудаанд.  Онҳо аз ҳуҷайраҳои бо ҳам зич ҷойгиршуда таркиб ёфтаанд. Ин бофтаҳо рустаниро аз бухоршавии барзиёди об, сармо, латхӯрӣ ва воридшавии микроорганизмҳои зараровар ҳифз мекунанд.

Бофтаҳои гузаронанда дар сатҳи ҳамаи узвҳои рустанӣ ҷойгир шудаанд. Онҳо гузаронидани об ва моддаҳои дар об ҳалшударо таъмин мекунанд. Бофтаҳои асосии гузаронандаи рустанӣ ин чӯб (ксилема) ва нахи лиф (флоэма) мебошанд.

Ба таркиби чӯб зарфҳо – яъне найчаҳо, ки онҳоро ҷилди ҳуҷайраҳои мурда пайдо намудаанд, дохил мешаванд. Тавассути найчаҳо об ва моддаҳои маъдании дар об ҳалшуда, аз реша ба қисми рӯйизаминии рустанӣ ворид мешаванд. Элементҳои гузаронандаи нахи лиф (флоэма) ҳуҷайраҳои зиндаи дарозрӯя мебошанд. Тавассути онҳо об ва моддаҳои органикӣ аз барг ба ҳамаи узвҳои рустанӣ мегузаранд.

Бофтаҳои механикӣ дар поя, реша, барг ва узвҳои дигари рустанӣ ҷойгиранд. Онҳо аз ҳуҷайраҳои дарози девори мустаҳкамдошта ё аз ҷилди ҳуҷайраҳои мурда таркиб ёфта, ба рустанӣ ҳамчун такягоҳ хизмат мекунанд. Дар алоқамандии бо ҳам ҳуҷайраҳои бофтаҳои гуногун мавҷудияти томи организми рустаниро таъмин менамоянд.

Ба таркиби рустанӣ моддаҳои органикӣ, ғайриорганикӣ ва об дохил мешаванд. Аз моддаҳои органикӣ мақоми баландро сафеда, ангиштоб ва равған мебозад.

Танаи рустанӣ аз ҳуҷайра таркиб ёфтааст. Ҳуҷайра – воҳиди асосии танаи рустанӣ мебошад. Дар ҳуҷайраи зиндаи рустанӣ ҷилди селлюлозӣ ва қисми зиндаи он – ситоплазма, ки дар он ядро, пластидҳо ва вакуола маҳфузанд, фарқ карда мешавад. Дар ҳуҷайра моддаҳои захиравӣ мавҷуданд.

Ҳар як ҳуҷайраи зинда қобилияти нафасгирӣ дошта, дар он доимо табдили моддаҳо (мубодилаи моддаҳо) мегузарад. Алоқаи ҳуҷайра ба муҳити беруна ва байни ҳамдигар (фурӯбарӣ ва хориҷшавии моддаҳо, гузаштани онҳо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар) шарофати қобилияти гузаронандагии ҷилд ва интихобан гузаронидани ситоплазма амалӣ мешавад. Ҳуҷайраҳои узвҳои гуногуни рустанӣ якхела набуда, бо шакл, андоза ва таркиб аз якдигар фарқ мекунанд. Гурӯҳи ҳуҷайраҳое, ки бо ҳам пайвастанд, аз рӯйи сохт монанданд ва функсияи муайянеро иҷро мекунанд, бофта номида мешавад. Аломатҳои характерноки бофтаҳо: ҳосилкунанда (пайдокунанда) – ҳуҷайраҳои он қобилияти доимо тақсимшавӣ доранд. Аз ҳисоби бофтаҳои ҳосилкунанда рустанӣ нумӯ мекунад; бофтаи захиракунанда – захиракунии моддаҳои ғизоии захиравӣ ва обро таъмин мекунад; бофтаҳои пӯшиш – ҳуҷайраҳои он бо ҳам зич ҷойгир шуда, дигар бофтаҳоро аз таъсири омилҳои муҳит ва микроорганизмҳо ҳифз мекунад; бофтаҳои механикӣ бо ҷилди ғафсгардидааш ҳамчун такягоҳ ба рустанӣ устуворӣ мебахшад.


Бофтахо, Бофтахои хосилкунанда, Бофтахои асоси, Бофтаи пушиш, Бофтахои гузаронанда, Бофтахои механики, бо забони точики, бофта чист? Реферат, семинар.

ҚаблӣСабзиш ва тақсимшавии ҳуҷайра
БаъдӣМаълумот дар бораи Интернет