Чумлаи мураккаб

Дар ин мақола маълумот дар бораи чумлаи мураккаб оварда мешавад, чумлаи муракаб чист инҷо хонед.

Ҷумлаи мураккаб чист?

Ҷумлае, ки аз ду ва зиёда ҷумлаҳои сода иборат аст, ҷумлаи мураккаб номида мешавад.

Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб бо ду роҳ ба ҳамдигар алоқаманд мешаванд: пайваст ва тобеъ:

1.Салимбой ба пеш даромад ва ҳар ду лаб-лаби поёноби ҳавз ба тарафи шарқии дара рафтанд (Р.Ҷалил).

2. Муҳоҷирон дар кори кишоварзӣ низ тифоқу ҳамраъй буданд, ҳар кас бо сидқу ҷадал кор мекард, зеро онҳо самараи хуби меҳнаташонро дида буданд (Х.Шарифов).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷумлае, ки аз ду ва зиёда ҷумлаҳои содда ташкил меёбад, ҷумлаи мураккаб мешавад. Ин таъриф чунин маъно дорад, ки таркиби ҷумлаи мураккаб аз ду ҷумлаи содда кам намешвад, вале зиёд шуданашон мумкин аст. Дар ҷумлаи мураккаб амалу ҳодиса ва фикри шахси гӯяндаю нависанда батафсил ва барҷастатар зикр мегардад: Рӯз сафед шуд, босмачиён гирди қалъа ҳам шитобкорона ба тарафи пушти қароргоҳи худ медавиданд (С. Айнӣ, Дохунда).

Ҷумлаи мураккаб аз ҷумлаи содда ба куллӣ фарқ мекунад. Ҷумлаи содда аз як калима ва гурӯҳи калимаҳои бо ҳам алоқаманд, ки дорои як мубтадою як ё якчанд хабар мебошад, ташкил меёбад.

Ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб бо ду роҳ алоқаманд: пайваст ва тобеъ.

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ҷумлаҳои содда нисбатан озод ва мустақил мебошанд: Армияи советӣ чун офтоб аз Шарқ ба Fарб мерафту душман монанди соя аз он мегурехт (Р. Ҷалил, Бозгашт аз биҳишт).

Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як ҷумлаи содда ба зарурати пуррашавии маъно аз мазмуни ҷумлаи соддаи дигар зикр мегардад: Пётр, пеш аз он ки равад, хотири ҳанӯз осуда нагаштаи ятими бекасу кӯйро ҷамъ карданӣ шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Аз ин мисол ҷумлаҳои соддара аз ҳам ҷудо хонем, ё нависем ҳам, аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати гуфтору оҳанг онҳо ноқису норавшан меноманд.

Дар забоншиносии тоҷик ҷумлаҳои мураккабро аз ҷиҳати сохту таркиб ва ифодаи маънову мазмун ва воситаҳои алоқа ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва ҷумлаҳои мураккаби омехта.


Мубтадо. Хабар. Сараъзоҳои ҷумла

ҚаблӣТарзи таҳлили ҷумлаи сода
БаъдӣҶазои кӯрнамак – хикояи точики