Дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия

Дар ягонаги таъсирбахшии тарбия, Дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия 


Ин принсип ба пурқувват кардани умури тарбия дар ягонагии мактаб, оила ва ҷамоатчигӣ нигаронида шудааст. Дигар хел карда гӯем, принсипи фаъолияти ҳамкории муаллимон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва оила нисбати тарбияи насли наврас мебошад.

Он талаб мекунад, ки ҳамаи шахсон, ташкилотҳо, институтҳои ҷамъиятии дахлдор ба кори тарбия якҷоя амал кунанд, талаботҳоро ба тарбиягирандагон мутобиқ гардонанд, бо якдигар даст ба даст дода, ба ҳамдигар ёрӣ расонанд ва ба пурқувват таъсирбахшии кори педагогӣ мададрасон бошанд. Оила ва ҷамоатчигӣ ба сони ду «боли» мактаб ва агар онҳо хуб кор кунанд, мактаб нисбати таълиму тарбияи ворисон дар фазои баланд ба парвоз меояд.

Агар чунин ҳамкорӣ «шал» ё канда бошад, талабҳои гузошта натиҷаҳои пурраи дилхоҳ дода наметавонад. Ҳол он ки рушди ҷомеа ба ворисони ҳамаҷониба камолёфта вобаста аст. Моҳияти принсипи мазкур дар ҳамин якҷоамалкунӣ дида мешавад, ки дар қонунҳои давлатӣ низ инъикоси худро ёфтааст. Сайти донишчу donishju net

Дар амал дуруст бароҳмонии принсип ба тарбиягарон оиди ҳамаҷониба таъсирбахшии корҳои тарбиявӣ ёрӣ мерасонад, вале бо назардошти риоя намудани нишондодҳои зерин:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Шахсияти тарбиягиранда бо таъсири оила, рафиқон, одамони калонсоли атроф, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективи талабагӣ ва ғ. ташаккул меёбад. Дар байни онҳо нақши таъсирбахшии коллектив ва шахсияти тарбиягар ҳам калон аст, вале тарбиягар бояд ҳамеша дар бораи дигар соҳаҳои таъсирбахши тарбия низ фикр кунад. Ниҳоят муҳим аст, ки талаботе, ки аз онҳо ва тарбиягар сар мезанад, бояд ягона ва бе мухолифати байни ҳамдигарӣ бошад.
  2. Нақши бениҳоят муҳими ташаккулёбии шахсиятро оила мебозад. Муносибати самимӣ, таъсирбахшии инфиродӣ, муносибатҳои такрорнаёбанда ба тарбия бо назардошти якҷоя ба ҳисобгирии хусусиятҳои кӯдакон, ки волидайн аз тарбиягар дида бештар медонанд, ивазнашаванда аст. Аз ин ҷиҳат талаботи дастгирӣ ва мустаҳкам кардани робита бо оила дар мавридҳои ҳалли ҳамаи вазифаҳои тарбия бо маслиҳат кор кардан зарур аст.

Воситаи робитаи мактаб бо оила ин рӯзномаи мактабиён мебошад. Агар ин ҳуҷҷат аз нигоҳи педагогӣ дуруст ташкил карда шавад, робитаи мустаҳками волидайн ва муаллимон самарабхш мутобиқат мекунад. Ҳозир дар баъзе мактабҳо муаллимон аз боиси бетартиб ва чиркин нигоҳ доштани рӯзнома ба он эътибор намедодагӣ шуданд. Дар мактабҳои ғарб карточкаҳои фардии компютерӣ пайдо шудаанд, дар гумон, ки онҳо ба зудӣ ба мактабҳои мо омада мерасанд. Ҳозир барои фаврӣ нигоҳ доштани алоқаи байни мактабу оила дигар воситаи беҳтарин надорем, аз рӯзнома самарабахш истифода бурдан зарур аст.

  1. Тарбиягар бояд худаш тарбия ёфта бошад. Вай бояд роҳҳои эҷодкорона алоқакуниро бо волидайн нисбати тарбияи кӯдакон пайдо кунад.
  2. Дар таҷрибаи тарбия баъзан дар байни тарбиягару аъзоёни оила нисбати талаботҳо низоъҳо пайдо мешаванд, ки онҳоро бояд бо хушмуомилагӣ ҳатман ҳал кард, то ки риштаи алоқа канда нашавад.
  3. Ин тавр ҳам мешавад, ки тарбиягар ба фикри коллектив, ташкилотҳои оммавӣ ва дигарон розӣ намешавад, ки ин ба тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин тарбиягар ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳз дастгирии талаботи оқилонаи ҳамдигар бурдбириҳо оварда метавонад.
  4. Амалан иҷро кардани ин принсип барпо кардани системаи ягонаи тарбия дар машғулиятҳо ва берун аз корҳои тълимиро талаб мекунад. Систематикии раванди тарбия, пайдарҳамӣ ва мунтазамӣ, ташаккулёбии шахсиятро таъмин мекунад.
  5. Тариқи ноилшавии таъсирбахшии ягонагии тарбия – мутобиқати пурқуввати одамони ба умури тарбия дахлдор, институтҳои иҷтимоӣ вобаста аст. Барои ҳамин ҳам тарбиягарон, роҳбарони синф набояд қувваи худро нисбати устувор кардани робитаи байни ҳамаи алоқадорони тарбия: кормандони ҷавон ва ташкилотҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ дареғ донанд.
ҚаблӣРафтори шахсӣ (педагогика)
БаъдӣДиққат! Инро хонед ва ба 10 нафар равон кун, фардо ….