Ғазали устод Саъдии Шерозӣ “Эй сорбон охиста рон к-ороми чонам меравад” оварда мешавад. Хонед ва ба дустонатон фиристед (поделиться) >>>
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз у, бечораву ранҷур аз у,
Гуӣ , ки неше дур аз у, дар устухонам меравад.
Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гуӣ , равонам меравад.
У меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам
Чун мичмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.
Бо он ҳама бедоди у,в-ин аҳди бебунёди у,
Дар сина дорам ёди у ё бар забонам меравад.
Боз ою дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошубу фарёд аз замин бар осмонам меравад.
Шаб то саҳар менагнавам в-андарзи кас мешнавам,
В-ин раҳ на косид меравам, к-аз каф инонам меравад.
Гуфтам: бигирям, то ибил чун ҳар фуру монад ба гил,
В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.
Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчӣ набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан гуянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Саъдӣ,фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.
Шайх Саъди Шерозӣ
Ин ғазалро Зафар Нозим оҳанг бастааст. Инҷо гӯш кунед >>
Ин ғазал аз Саъдии Шерози нест!
Муаллифи шеъри “Эй Сорбон” шоир Саад ибн Абу Ваккос мебошанд.
Саъд ибни Абуваққос саҳобаи Паёмбари Акрам (с) буд. Магар забони форсиро медонист?
Магар шумо, ягон маротиба адабиёти синфи 5-иро дар даст нагирифтаед!?