Нафасгирии тухм (тухми растанӣ)

Барои нафасгирии организмҳои (мавҷудоти) зинда, аз он ҷумла рустаниҳо, ҳайвонот ва одам гази оксиген (ҳаво) зарур аст. Оксиген инчунин ба сӯзиш ёрӣ мерасонад. Гӯгирдчӯби афрӯхта дар муҳити ҳаво хеле хуб месӯзад, зеро дар он оксиген аст. Аммо агар ягон зарфи шишагиро бо ҳавои нафасбароварда пур карда, ба он гӯгирдчӯби афрӯхтаро дохил кунем, вай хомӯш мешавад. Зеро мо ҳангоми нафаскашӣ гази оксигенро қабул карда, гази карбонатро ба берун хориҷ мекунем. Гази карбонат ба сӯзиш ёрӣ намерасонад.

Шумо аллакай медонед, ки барои сабзиши тухм ҳаво зарур мебошад. Пас саволе пайдо мешавад, ки оё тухм нафас мекашад? Дар натиҷаи нафаскашии тухм кадом газ хориҷ мешавад?

Давоми матн пас аз блоки реклама

Барои таҷриба ду зарфи шишагини берангу шаффофро гирифта, ба яке аз онҳо тухми хушку нешназадаи гандум, ҷавдор, нахӯд, лӯбиё ё рустаниҳои дигар, ба зарфи дуюм бошад, ҳамин миқдор тухми сабзидаистодаи (25) рустаниҳои номбурдаро дохил мекунем. Даҳони ҳар ду зарфро маҳкам карда, онро ба ҷойи гарму торик мегузорем. Рӯзи дигар мебинем, ки таркиби ҳавои зарфҳо тағйир ёфтааст ё не.

Расми 25. Тухми сабзанда назар ба тухми насабзанда тезтар нафас мекашад.

Аз ин рӯ, ба зарфи шишагини тухми хушкдор шамъи борики афрӯхтаро, ки ба нӯги сим устувор карда шудааст, дохил мекунем. Шамъ сӯхтан мегирад. Зеро тухми хушки нешназада хеле суст нафас мегирад ва бинобар он, захираи оксигени дохили зарф қариб ки тамоман сарф нашудааст.

Баъд даҳони зарфи шишагини дуюмро, ки тухми нешзада дошт, мекушоем ва ба он шамъи фурӯзонро то поёнтараш дохил мекунем. Шамъ хомӯш мешавад. Чунки тухми нешзада бо авҷ нафас кашида, оксигени дохили зарфро истифода бурда, ба миқдори зиёд гази карбонат (маҳсули нафаскашӣ) хориҷ кардааст.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки тухми сабзидаистода оксигени ҳаворо нафас кашида, гази карбонат хориҷ мекунад. Ин табиист, зеро рустанӣ ҳам организми зинда мебошад.

Расми 26. Таҷриба оид ба бурида партофтани тухмпаллаи лӯбиё

Тухми ҷанинаш солим мунтазам шабу рӯз нафас мегирад. Тухм аз гармие, ки ҳангоми нафаскашиаш ҷудо мекунад, гарм мешавад. Хусусан, тухми сабзидаистода дар муҳити нисбатан намнок назар ба тухми хушки нешназада тез-тез нафас кашида, бештар гармӣ ҷудо мекунад. Агар дони намкашидаро (дар ҷойи намбударо) ғафс тӯда кунанд, он неш зада гарм мешавад. Дар чунин шароит гармӣ зуд берун шуда, аз ҳарорати зиёд ҷанини чунин тухмҳо нобуд мегардад ва чунин тухмҳо қобилияти сабзишашонро гум мекунанд. Барои рӯй надодани чунин ҳодиса дону ғаллаи ҷамъоварӣ кардашударо нағз хушконида, дар анборҳои хушки шамолрас нигоҳ медоранд. Тухм мудом ба оксиген эҳтиёҷ дорад. Ин ҳолат ба дони хушк низ дахл дорад, ҳарчанд ки он назар ба дони сабзанда суст нафас мекашад. Дар анборҳои махсуси ғалланигоҳдорӣ (элеваторҳо) шароити барои нигоҳдории дон мувофиқро фароҳам меоваранд.

Таркиби тухм

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама