Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-шакли асосии умумиятҳои иҷтимоӣ. Навъҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ

Гуруххои ичтимои-шакли асосии умумиятхои ичтимои. Навъхои гуруххои ичтимои.


Навъи дигари муҳими умумиятҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошанд. Сотсиологи рус Г.С. Антипов гурӯҳҳои иҷтимоиро ҳамчун маҷмӯи одамоне, ки нишона ва аломати умумии иҷтимоӣ дошта, вазифаи барои ҷамъият заруриро дар сохтори тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва фаъолият иҷро менамоянд, таъриф додааст. Сотсиологи амрикоӣ Р. Мертон бошад, гурӯҳҳои иҷтимоиро ҳамчун маҷмӯи фардҳое таъриф додааст, ки ба тарзи муайян бо ҳам ҳамкорӣ намуда, мансубияти худро ба ин гурӯҳ дарк мекунанд ва аз нуқтаи назари дигарон низ аъзои ин гурӯҳ эътироф мешаванд. Дар таърифи Р.Мертон се нишонаи асосӣ қайд мегардад: ҳамкорӣ; аъзогӣ ва ягонагӣ.Гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз умумиятҳои оммавӣ бо чунин сифатҳои хеш фарқ менамояд:

  • Ҳамкории устувор, ки ба мавҷудияти устувору доимо якхела дар доираи фазо ва вақт мусоидат менамояд;
  • Иттиҳоду ҳамбастагии дараҷаи нисбатан баланд;
  • Ҳайъати якхелаи комилан муайян ва фарқшаванда аз дигар ҳайъат, яъне мавҷудияти нишонаҳои барои тамоми афроди гурӯҳ хос;
  • Дохилшавӣ ба умумиятҳои нисбатан васеъ ба сифати ҷузъи таркибӣ.

Вобаста ба зичӣ, шакли мавҷудияти робитаҳо ва аъзои таркибияшон гурӯҳҳои иҷтимоии калону хурд, зинаи аввалу зинаи дуввумро фарқ месозанд. Объекти асосии тадқиқотҳои сотсиологӣ гурӯҳҳои иҷтимоии хурд ( аз 2 то 15-20 нафар) ба ҳисоб мераванд . Гурӯҳҳои иҷтимоии хурд камшумор буда, аъзоёни он бо фаъолияти умумӣ муттаҳид мешаванд ва дар муоширати бевоситаю устувор ва шахсӣ қарор доранд. Хислатҳои хоси гурӯҳҳои иҷтимоии хурд инҳоянд:

  1. ҳайъати камшумор;
  2. ба ҳам наздик будани аъзоёни онҳо;
  3. дуру дароз будани мавҷудияти онҳо;
  4. умумӣ будани меъёру намунаҳои рафтор ва арзишҳои гурӯҳӣ;
  5. ихтиёрӣ будани дохилшавӣ ба гурӯҳ;
  6. назорати ғайрирасмӣ аз болои рафтори аъзоён.

Яке аз навъҳои гурӯҳҳои иҷтимоии хурд гурӯҳҳои зинаи аввал мебошанд. Истилоҳи мазкур ба сотсиология аз тарафи Ч.Кули ворид карда шудааст. Нишонаю аломати фарқкунандаи ин гурӯҳ, ба ақидаи Ч.Кули, робитаи бевосита, маҳрамона ва байнишахсии аъоёни он мебошад, ки бо дараҷаи баланди ҳиссиётнокии хеш фарқ менамояд. Ин гурӯҳҳо ба он маънӣ гурӯҳҳои зинаи аввал ҳисобида мешаванд, ки маҳз тавассути онҳо фардҳо таҷрибаи аввалини ягонагии иҷтимоиро мегиранд. Намунаи гурӯҳҳои иҷтимоии зинаи аввал оила, синфи мактабӣ, гурӯҳи донишҷӯён, гурӯҳи дӯстон, тими варзишӣ ва ғайра мебошанд. Тавассути гурӯҳи зинаи аввал иҷтимоишавии (сотсиализатсия) фардҳо, аз тарафи онҳо аз худ карда шудани намунаҳои рафтор, идеалу арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд. Гурӯҳҳои зинаи аввал байни ҷомеа ва шахсият нақши зинаи ибтидоии пайвасткунандаро мебозад. Тавассути онҳо инсон мансубияти худро ба умумияти иҷтимоии муайян дарк мекунад.

Гурӯҳҳои иҷтимоии зинаи дуввум аз одамоне ташаккул меёбад, ки байнашон танҳо муносибатҳои на он қадар назарраси ҳиссӣ шакл гирифтаанд. Ҳамкории онҳо танҳо ба хотири ноилшавӣ ба мақсадҳои муайян сурат мегирад. Дар ин гурӯҳҳо хислатҳои фардии такрорнашавандаи шахсият аҳамият надоранд, балки бештар қобилияти вазифаҳои муайянро ба иҷро расонидан баҳогузорӣ карда мешавад. Навъи асосии гурӯҳҳои иҷтимоии зинаи дуввум гурӯҳҳои иҷтимоии калон ба ҳисоб мераванд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои муайян – ташкилот (сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва ғайра) ташаккул ёфтанд.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

ҚаблӣМавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ
БаъдӣУмумиятҳои этникӣ (сотсиология)