Умумиятхои этники (социология).
Дар ҳаёти ҷамъиятӣ мақоми намоёнро умумиятҳои этникӣ – этнос, ки дар шакли қабила, халқият, миллат муаррифӣ мегарданд, ишғол менамоянд. Этнос – ин маҷмӯи устувори одамони таърихан дар ҳудуди муайян ташаккулёфта мебошад, ки бо хислатҳои умумӣ ва хусусиятҳои якхелаю устувори фарҳангӣ ва сохтори равонӣ, инчунин дарки ягонагӣ ва фарқияти хеш аз дигар чунин умумиятҳо (худдарккунӣ) фарқ менамояд.
Шакли зоҳирии ифодаи этнос этноним – номи этнос (масалан, тоҷикҳо, узбекҳо ва ғ.) аст. Заминаи табии ташаккулёбии ин ё он этнос умумияти территория ба ҳисоб меравад, зеро маҳз территория барои муоширати зичу муттаҳидӣ шароит ба вуҷуд меоварад. Аммо баъд аз он ки этнос ташаккул меёбад, ин этнос аҳамияти дуввумдараҷа касб мекунад ва ҳатто метавонад умуман вуҷуд надошта бошад. Масалан, этноси яҳудиҳо дар шароити парокандагӣ (диаспоора) айнияти худро дар тамоми рӯи замин нигоҳ дошт, агарчанде муддати дароз то соли 1948 давлати Изроил территторияи ягона надошт.
Шарти дигари пайдоиши этнос умумияти забон аст. Ин нишона низ аҳамияти мутлақ надорад. Зеро, масаллан дар ШМА этноси амрикоӣ пеш аз ҳама дар асоси рушди робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра ташаккул ёфтааст. Умумияти забонӣ натиҷаи равандҳои мазкур мебошанд. Дар умумияти этникӣ ягонагии чунин унсурҳои фарҳанги маънавӣ, мисли арзишҳо, меъёру намунаҳои рафтор, инчунин хусусиятҳои равонӣ-иҷтимоии шууру рафтори одамон, ки бо унсурҳои фавқуззикр алоқаманданд, таъсири зиёд доранд.
Дар ташаккули умумияти этникӣ мувофиқшавӣ бо дигар навъҳои умумиятҳо, чун умумияти нажодӣ, динӣ ва ғ. нақши муҳимро мебозад. Намунаи умумияти этникии нажодӣ метавонад этноси негроидӣ бошад. Тадқиқоти сотсиологҳо нишон медиҳад, ки сиёҳпӯстони Африко ва ШМА худро умумияти ягона медонанд. Дин низ чун ниҳоди комили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва маънавӣ дар ташаккули тамоми этносҳо таъсири зиёд мерасонад. Зиёда аз он вай метавонад ба сифати нишонаи асосии низомсозанда дар ташаккули навъи муайяни этносҳо-ниҳодҳои этникӣэътиқодӣ хидмат намояд. Мисоли чунин этносҳо метавонанд католику протестантҳои Ирландияи Шимолӣ, мусулмонони Босния ва Герцеговина ва ғайра бошанд.
Ба сифати нишондиҳандаи интегративии умумияти этникии ташаккулёфта худшиносии этникӣ – эҳсоси мансубият ба этноси муайян хидмат менамояд. Дар худшиносии этникӣ тасаввурот дар бораи умумияти пайдоиш ва тақдири таърихии одамони ба этнос дохилшаванда, ки ба ривояту достонҳои умумӣ, иштирок дар ҳодисаҳои таърихӣ, ба алоқа бо «Ватан», «забони модарӣ» такя менамоянд, нақши намоён мебозанд.
Этноси ташаккулёфта чун низоми томи иҷтимоӣ фаъолият менамояд ва пайваста тавассути никоҳҳои дохилӣ ва низоми иҷтимоишавӣ аз нав истеҳсол мешавад. Барои мавҷудияти нисбатан устувор этнос барои ба вуҷуд овардани ташкилоти иҷтимоӣ-территориявии хеш дар шакли қабила ё давлат кӯшиш менамояд. Бо гузашти замон қисматҳои алоҳидаи этноси ташаккулёфта метавонанд бо ҳудудҳои сиёсӣ-давлатӣ ҷудо бошанд. Ва чунин ҷудошавӣ тадриҷан барои пайдоиши этноси нав замина гузошта метавонад.
Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ