Хатои санҷиши бузургиҳои физикӣ

Хатои санчиши бузургихои физики.


Санҷишҳои физикӣ ба воситаи асбобҳои гуногун – хаткашак, навори дарозисанҷӣ, тарозу, соат, ҳароратсанҷ ва ғайра анҷом дода мешавад. Аммо ҳеҷ санҷишро бе ғалат анҷом додан илоҷ надорад. Ин бесабаб нест, зеро ҳама гуна асбоб, бо вуҷуде ки бо камоли ҳунармандӣ ва дақиқкорӣ сохта шуда бошад, ба дараҷаи мутлақ дақиқ буда наметавонад. Дурустии натиҷаи санҷиш ба омилҳои гуногун бастагӣ дорад: носаҳеҳ будани миқёс (шкала)-и асбоби санҷиш, тағйирпазир будани бузургии ченшаванда, нодуруст сабт кардани натиҷаҳо, бедиққатӣ кардани шахси таҷрибакунанда ва ғайра.

“Пас, – метавонед бигӯед шумо, – ҳар қадаре ки мо саъй кунем, гоҳи санҷидани дарозӣ, ҳаҷм, ҳарорат ва бузургиҳои физикии дигар хатоҳо ба таври ногузир рӯй медиҳанд?”

“Оре, рӯй медиҳанд!” мегӯяд омӯзгор, зеро медонад, ки масалан, дар сурати чен кардани бари шишаи тиреза натиҷаҳо гуногун меоянд (шиша дар ҳар ҷо ҳар хел паҳноӣ дорад). Ё ин ки, агар шумо ҳарорати ҳаворо дар ҳар ҷойи ҳавлӣ чен кунед, мебинед, ки барои ҳар ҷо ҳар хел қимат ҳосил мешавад ва ғайра.

Модом ки санҷишҳо дар ҳар маврид натиҷаи ҳархела диҳанд, пас, зарур аст, ки мо дар сабти натиҷаҳо қоидаҳои муайянро риоя кунем, то ки натиҷаҳои сабткардаи моро дигарон низ хонда ва фаҳмида тавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба рас. 1.4 зеҳн монед. Ин ҷо ғӯлачӯбе тасвир ёфтааст, ки дарозии онро бо хаткашак санҷидан мебояд. Санҷиши дарозӣ, чунонки акнун шумо медонед, осон аст: барои ин нуқтаи сифрии хаткашакро дар ростои канори ғӯлачӯб ҷой дода (рас.

а), бинед, ки нӯги дигари он ба кадом тақсимоти хаткашак рост меояд. Рақамҳои рӯйи хаткашак дарозиро бо см ифода мекунанд. Пас, ғӯлачӯб тақрибан 2,5 см дарозӣ доштааст.

Хуб, ин натиҷаро чӣ тавр сабт кунем?

Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух диҳем, бояд шароити санҷиш (шароити таҷриба) ва сифати асбоби санҷишро бидонем, бояд бидонем, ки як тақсимоти миқёс (шкала)-и асбоб ба чанд ҳиссаи як воҳиди бузургии ченшаванда баробар аст.

Ин ҷо «як тақсимот» он гуна қимати ададии бузургии санҷиданиро ифода мекунад, ки он ба як хонаи байни ду хатчаи ҳамсояи рӯйи миқёси асбоб рост меояд. Дар мисоли мо ба сифати асбоби санҷиш хаткашаки одӣ истифода шудааст ва як тақсимоти он ба 1мм (0,1см) баробар аст. Мо инро донем ҳам, гуфта наметавонем, ки натиҷаи ҳосилшуда, яъне ҳамон 2,5 см чӣ дараҷа дуруст аст, зеро ба сабаби маълум набудани дарозии ҳақиқии ғӯлачӯб мо хатои мутлақи санҷиш, яъне қимати бо аломати мусбат ифодашудаи фарқи байни дарозии ҳақиқии ғӯлачӯб (ДҒ) ва қимати ченшудаи он (2,5 см), яъне модули |ДҒ– 2,5 см|-ро ёфтан наметавонем.

Илоҷ ку? Илоҷ ҳаст ва ин аст: барои ҳар санҷиш (ё гурӯҳи санҷишҳои якгун) хатои санҷишро ёфтан ё онро баҳодод карда тавонистан зарур аст (ин мазмун дар банди оянда баррасӣ хоҳад шуд).


  1. Хатои санҷиш чӣ маъниро ифода мекунад ва онро донистан чӣ зарурат дорад?
  2. Асбоби санҷиш умуман чӣ вазифа дорад?
  3. Як тақсимоти миқёс (шкала)-и асбоби санҷиш чиро ифода мекунад?
  4. Миқёси ин ё он асбоби санҷишро чӣ тавр дараҷабандӣ мекунанд?
ҚаблӣСабти натиҷаҳои санҷиш. Воҳидҳои каратӣ ва ҳиссавоҳидҳо
БаъдӣХатоҳои мутлақ ва нисбӣ (физика)