Инъикоси вазъи замон дар касоиди Сайфи Фаргони.
Қаламкашоне, ки дар асри XIII, дар асри хунрезии чингизиён умр ба сар бурданду ҳамаи ваҳшоният, қатлу ғорати ононро бо чашми худ дида буданд, ангушти ҳайрат газида, то зиндагию рӯзгор доштанд, аз он ҳарф заданд, ба он хунхӯрон лаънат хонданд.
Таърихнигорон бо асарҳои таърихиашон, наққошон бо асарҳои наққошиашон, нависандагон ба воситаи асарҳои адабиашон дилашонро холӣ карданд ва ба ояндагон аз кору рафтори ин ваҳшиёни гургтабиат огоҳӣ додаанд. Шояд аз дигарон бештар ва сахттар Сайфи Фарғонӣ ин ваҳшоният, ин дарди ҷонгудозро аз сар гузаронида бошад. Зеро ӯ аз бими ҷон сарсону гурезон, деҳоти сӯхтаю хароб, шаҳрҳои ба хок яксон, мардуми ниммурдаю қашшоқро дидаю дида роҳ паймуд. Бо баъзе зиндамондаҳо суҳбат намуд.
Дар бораи афъоли бади муғулҳо қиссаҳои бадард шунида-шунида ба пеш, ба Эронзамин, ба Табрез рафт ва дар ин шаҳри бостонию номдори форсиён андак осуда бишуд. Пас ин дидаву шунидаҳояшро бо оби чашм нишасту нигошт ва ғазалу қасидаҳои пурсӯз эҷод кард, ки имрӯз барои мову шумо огоҳномае ҳастанд аз кору амали аҷнабиён, паёме ҳастанд аз рӯзгори дардомези ҳамзабонон, ҳаммиллатон, то бихонему аз онҳо панде бигирем, бароямон панди судманде шавад, то оянда барои ягонагӣ, ваҳдати миллатамон яктан ва якҷон бошем. Барои истиқлоли кишвар ҷони хешро нисор намоем.
Қасидаҳои Сайфи Фарғонӣ содаю фаҳмост. Маънои онро ба хубӣ метавон дарк кард.
Сайфи Фарғонӣ дар қасидаи «Манам, ёро, бад-ин сон уфтода» садои эътирозу шикояташро боз ҳам баландтар кардааст. Метавон ин қасидаро қасидаи ҳасбиҳолӣ донист. Худи ҳамин ном ҳам то андозае мазмуни қасидаро бозгӯ мекунад:
- Манам ёро, бад-ин сон уфтода,
Диламро сӯз дар ҷон уфтода. - Ғами чандин парешонҳол имрӯз
Дар ин табъи парешон уфтода. - Бубин дар нони халқ ин каждумонро,
Ки чун дар гӯшт кирмон уфтода. - Дареғо, мукнати чандин тавонгар
Ба дасти ин гадоён уфтода. - Аз ангушти Сулаймон рафта хотам,
Вале дар дасти девон уфтода. - Раият гӯсфанданд, ин сагон гург,
Ҳама дар гӯсфандон уфтода. - Зи дасту пойи ин гарданзанон аст
Саросар мулк вайрон уфтода. - Зи ҷаври золимон дар шаҳри хешӣ
Ба хорӣ чун ғарибон уфтода. - Кулоҳи иззат андар пойи хорӣ
Зи сарҳои азизон уфтода. - Ба оҳи чун ту мазлум афсари мулк
Зи фарқи тоҷдорон уфтода. - Ту низ, эй Сайфи Фарғонӣ, чароӣ
Ҳазин дар байтулаҳзон уфтода?
Қасидаи мазкурро метавон аз рӯйи масъалагузорӣ ба се бахш қисм кард. Дар бахши аввал рӯзгори вазнин, ҳоли парешон ва сарсону саргардониҳои хешро баён кардааст. Дар баробари ин ҳаёти тоқатфарсои халқи бечора ёд шуда, ҳамаи ин талхиҳои рӯзгорро аз гадоён медонад ва ин гадоён муғулони қашшоқи хунхоранд. Дар бахши дувум омадани истилогарони муғул тавсиф шудааст. Шоир онҳоро ба дев ташбеҳ намудааст.
Балки ба девҳое, ки ангуштарини Ҳазрати Сулаймонро дуздида бурданд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки шоҳону амирони ин сарзамин мулкро ба осонӣ ба дасти девон, яъне чингизиён доданд. Адиб дар ин маврид ба воситаи санъати талмеҳ фикрашро тақвият додааст.
Байти шашум ҳам ба рафтору кирдори чингизиён мутааллиқ аст. Шоир дар ин байт онҳоро ба гургу саге монанд кардааст, ки ба рамаи гӯсфандон ҳуҷум кардаанд. Шоир дар симои гӯсфандон раиятро нишон додааст. Сайфи Фарғонӣ дар байти 8-ум таъкид менамояд, ки имрӯз мо дар ватани хеш ғарибу мусофирем, хору зорем. Кулоҳи шоҳӣ, тоҷу тахти аҷдодон аз сари бузургон нагун афтодааст. Ҳамин тавр, адиб аз нотавонию тарсончакӣ ва бехирадии амирону ҳокимон шикоят менамояд. Зеро онҳо натавонистанд, ки мамлакатро аз душманон муҳофизат намоянд, тоҷи шоҳиро дар сар мустаҳкам нигоҳ доранд.
Агар аз як тараф, ноуҳдабароии шоҳону ҳокимон сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, ба хотири он ки ба халқ ҷабру зулми беҳад карданд, ғазаби Худо шуд ва онҳо аз тоҷу тахт маҳрум гардиданд. Ниҳоят, дар байти мақтаъ шоир ба худ садо карда мегӯяд, ки ман ҳам мисли садҳо, ҳазорҳо ҳамватанони бехонаю беватан дарбадар шудам ва ба ин рӯзҳои сахт расидам. Вале дар ин қасида роҳи халосӣ, роҳи муборизаро алайҳи бегонагон – муғулҳо нагуфт. Ин мазмунро метавон дар шеъри дигари ӯ пайдо кард. Шеър бо номи «То кай хуҳем» омадааст. Ин ном ва ё ин радифи шеър маънои то кай сабр кунем, то кай ба ин ҳама бенизомӣ, зулму тааддии бегонагон тоқат намоем. Ин даъвати ошкорост ба муборизаи зидди чингизиёни истилогар:
- Эй ҳама они ту, ҳоҷат з-ину он то кай хуҳем
Бекасонро кас туӣ, аз нокасон то кай хуҳем? - Аз амирон ҷуд ҷӯем, аз авонон мардумӣ,
Мо зи гурба мушу аз саг устухон то кай хуҳем? - Мурдаи ҳирсанд эшон, мардумӣ оби бақост,
Мо дами оби бақо аз мурдагон то кай хуҳем? - Одамӣ он аст, к- ӯ сагро чу мардум нон диҳад,
Мо ба гавҳар одамӣ, нон аз сагон то кай хуҳем? - Мулки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад,
Мо дар ӯ унси дилу ороми ҷон то кай хуҳем? - Аҳли ин давр одамиро чун шаётин раҳ зананд,
Мо нишони роҳи ту аз раҳзанон то кай хуҳем? - Сайфи Фарғонӣ, зи ҷаври золимони сагсифат
Шуд ҷаҳон пурранҷ, аз роҳат нишон то кай хуҳем ?!
Шоир дар байти нахуст ба ҳокимон, волиёни кишвар муроҷиат намуда, таъкид менамояд, ки ин ватан ва мардуми бесоҳибу бекасро кас шумоед. Охир, то кай мо аз бекасон, бегонагон беадолатӣ, зулму тааддӣ бинем. Аз ин амирони бегона хайру некӣ ҷустан мисли он аст, ки муш аз гурбаву устухон аз саг талабӣ. Ҳамин маънӣ дар байтҳои дуюм ва сеюм ҳам тақвият ёфтааст.
Дар байти панҷум шоир бо сад дарду алам диёрашро «мулки Иблис шудааст» мегӯяд. Дар ин ҷо шоир санъати рамзу кинояро бамаврид истифода бурда, дар симои шайтон чингизиёнро нишон додааст. Дар байти шашум шоир мақсади асосиашро ифшо кардааст. Ӯ ба ҳокимону волиёни таҳҷойӣ таъкид мекунад, ки ба макру фиреби онон фирефта нашавед, шумо бояд роҳнамо бошед ва пеши роҳи роҳзанонро бигиред, зеро зи ҷабри ин сагони малъун ҷаҳон пурранҷу косаи сабри мардум лабрез гардидааст. Дар ҷойи дигар бисёр афсӯс мехӯрад, ки лашкараш, халқаш бесоҳиб аст ва мисли Рустами Дастон сарлашкар надорад, то кишварро аз муғулҳо озод ва мардумро дилшод гардонад:
Сафи лашкари ман надорад саворе,
Ки бо Рустам ӯро ба майдон фиристанд.
Хулоса, Сайфи Фарғонӣ марди худшиносу худогоҳ буд. Ӯ солҳои тӯлонӣ бо қалам ба муқобили истилогарон – чингизиёни хунхор мубориза бурд ва кору кирдори онҳоро ба воситаи асарҳояш ифшо намуд ва мардумро алайҳи душмани ғаддор ба мубориза тайёр кард, ҳидоят намуд.
| Мавзӯҳои вобаста |
Савол ва супориш
- Дар қасидаи «То кай » шоир кадом масъалаҳоро инъикос намудааст?
- Оё ӯ раиятро ба муборизаи ошкоро бар зидди чингизиёни истилогар даъват намудааст?
- «Мулки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад» чӣ маъно дорад? Мисраъро шарҳу эзоҳ диҳед.
















