Морфология (сарф) ва имло. Маълумоти умумӣ дар бораи ҳиссаҳои нутқ

Морфология (сарф) ва имло. Маълумоти умуми дар бораи хиссахои нутк


Морфология чист?

Морфология аз калимаи юнонии морфе –шакл ва логос – таълимот, илм (яъне илм дар бораи шакли калимаҳо) гирифта шудааст

Морфология як қисми грамматика буда, шакл ва сохти калимаҳоро меомӯзад.


Имло чист?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маънои луғавии имло «пур кардан ва аз ёд чизе навиштан» аст.


Калимаҳои забони тоҷикиро аз рӯйи маънои луғавию хусусиятҳои грамматикиашон ба даҳ ҳиссаи нутқ ҷудо мекунанд: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянду пасоянд, пайвандак, ҳиссача ва нидо.

Исм номи предмету ҳодисаҳо (пахта, абр, замин), сифат аломати предметҳо (сурх, баланд, гарм, зебо), шумора миқдори предметҳоро бо адад (сад, ҳазор), феъл амалу ҳаракат (рафтан, нишастан) ва зарф аломати амалро (дирӯз, оҳиста) ифода мекунанд.

Ҳиссаҳои нутқро ба ду гурӯҳ: мустақилмаъно ва ёридиҳанда ҷудо мекунанд.

Ҳиссаҳои мустақили нутқ (исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф) маънои луғавӣ доранд ва ба ин ё он савол ҷавоб мешаванд: модар, об, сафед, омад, панҷоҳ, ман…

Ҳиссаҳои ёридиҳанда (пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо) маънои луғавӣ надоранд. Онҳо муносибат ва алоқаи байни калимаю ҷумлаҳоро таъмин мекунанд.

Ҳиссача ва нидо ҳисссиёту ҳаяҷонро ифода карда, ба ҷумла тобишҳои иродавӣ мебахшанд.


Машқ. Матнро нависед. Калимаҳои маънои луғавӣ доштаро бо роҳи саволгузорӣ муайян кунед.

Ҳикоят

Чунин шунидам, ки Зулқарнайн гирди олам бигашт ва ҳама ҷаҳонро мусаххари хеш гардонид ва бозгашту қасди хона намуд. Чун ба Домғон расид, фармон ёфт. Дар васият гуфт: «Маро дар тобуте ниҳед ва тобутро сурох кунед ва дастҳои маро аз он сурох берун кунед кафкушода ва ҳамчунон баред, то мардумон ҳамебинанд, ки агарчи ҳама ҷаҳон бистудем, дасттиҳӣ ҳамеравем».

Унсуралмаолии Кайковус

Луғат:

  • мусаххар -тасхиркардашуда, мағлубкардашуда, тобеъ
  • қасд – азм, оҳанг, ният
  • фармон ёфт– фавтид, мурд
  • васият– панду насиҳат ва супоришҳои шахс пеш аз марг
  • ситудан – мадҳ кардан, ситоиш кардан
ҚаблӣКалимаҳои сода, сохта ва мураккаб
БаъдӣИсм ва аломатҳои морфологӣ (сарфӣ)-и он (Исм чист?)