Қатори фаланга ва канаҳо. Аҳамияти тортанакшаклҳо

Катори фаланга ва канахо. Ахамияти тортанакшаклхо. Фалангахо. Катори канахо. Мухити зисти тортанакхо, сохти махсус ва тарзи хаётгузаронии онхо. Шикори тортанак. Ахамият ва зарари тортанакшаклхо.


Фалангаҳо

Фалангаҳо дар биёбонҳои гарм вомехӯранд. Андозаи бадани онҳо 5-10 см буда, асосан, шаб фаъоланд (расми 89). Дар дунё 600 намуди фаланга маълум аст, дар Тоҷикистон намуди фалангаи каспигӣ васеъ паҳн шудааст. Рангаш хокистарранги зардчатоб аст. Рӯйпӯши баданаш мӯякчаҳои қилмонанди дароз дорад. Дар шаб ба тарафи рӯшноӣ ҳаракат мекунад. Фаланга ғадуди заҳрбарор надорад, хӯрокаш ҳашарот ва тортанакҳои майда аст. Баъзан фалангаро каллаи гӯсола гуфта, онро заҳрнок мешуморанд, ки ин нодуруст мебошад.

Қатори канаҳо

Канаҳо тортанакшаклҳои хурд буда, дар хок, узвҳои рустаниҳо, бадани ҳайвонот, бадани инсон зиндагӣ мекунанд. Бадани онҳо, одатан, яклухт аст. То 6 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонанд (расми 92).

Расми 92
Расми 92

Муҳити зисти тортанакҳо, сохти махсус ва тарзи ҳаётгузаронии онҳо

Тобистон дар ҷангалҳо, боғҳо ва дигар ҷойҳо тӯри тортанаки салибдор ва худи онҳоро дидан мумкин аст. Тортанаки салибдор шиками курашакли яклухт дорад. Болои шикамаш тираранг буда, нақши салибшакл дорад, номи тортанаки салибдор аз ҳамин ҷост. Дар хонаҳои истиқоматӣ, оғилхонаҳо, одатан, тортанаки хонагӣ вомехӯрад. Дар ҳавзҳо, рӯдҳои сустҷараён тортанаки нуқрагин зиндагӣ мекунад (ба расми 89 нигаред). Вай дар об аз тор хонаи хурди зангӯламонанд сохта, онро бо ҳаво пур мекунад.

Тортанакҳо сарсинаи хурд ва шиками калони яклухт доранд. Дар сарсинаашон 8 ҷуфт чашмакҳои сода, ҷоғҳои чанголшакл ва чор пойи роҳгардӣ мавҷуд аст.

Тори тортанак аз моддаи ниммоеъи хориҷкардаи ғадудҳо, ки дар ҳаво шах шуда, ба тор табдил меёбад, ҳосил мешавад. Қобилияти ҷудо кардани тор имконияти ба таври зиёд зинда мондани тортанакҳоро дар табиат таъмин кардааст. Тавассути тӯри шикорӣ онҳо туъмаро медоранд, аз тор пила тайёр мекунанд, тухмро аз шароити номусоид муҳофизат мекунанд, ба воситаи тор паҳн мешаванд, тез медаванд ва ғайра.

Шикори тортанак

Тортанакҳо дарандаанд. Тортанак назди тӯри шикорӣ дар лонаи пинҳонӣ, ки аз торҳо бофтааст, мунтазири туъма мешавад. Аз маркази тӯри шикорӣ ба лона тори хабаррасон кашида шудааст. Вақте ки туъма, масалан ягон ҳашарот ба тор меафтаду худро ба чор тараф мезанад, тори хабаррасон меҷунбад, тортанак аз рӯйи ин хабар аз паноҳгоҳ баромада, ба туъма дармеафтад ва онро бо торҳо зич мепечонад. Тортанак ба туъма чанголчаҳояш (хелитсерааш)-ро халонда, ба бадани он заҳр меандозад. Заҳр туъмаро на фақат мекушад, балки чун шираи ҳозима таъсир мекунад. Ин тарзро ҳазми хурок берун аз организм меноманд. Баъзе намудҳояшон кирми лойхӯрак, ҳашарот, кафлесак ва моҳиҳои майдаро мехуранд.

Аҳамият ва зарари тортанакшаклҳо

Аксарияти тортанакшаклҳо фоидарасонанд, зеро ҳашароти зараррасонро мехӯранд. Бисёр намуди канаҳо дар ҳосилшавии хок иштирок мекунанд. Хӯроки бисёр парандаҳо тортанакшаклҳо мебошанд.

Аз тарафи дигар, бисёр намуди онҳо ба саломатии инсон, ҳайвоноти хонагӣ, ёбоӣ, инчунин ба пахта ва дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарар мерасонанд. Масалан, тортанаккана яке аз зараррасонҳои асосии пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Канаҳои анбор ба дони гандум ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ зарар мерасонанд. Намуди дигари хатарноки канаҳои Тоҷикистон – канаи хоришак аст (ба расми 92 нигаред). Кана пӯсти инсон ва ҳайвонро хоида, роҳ кушода, ба зери пӯст медарояд. Аз тухмҳои дар он ҷо мондааш канаҳои ҷавон пайдо шуда, ба рӯйи пӯст мебароянд ва онро хоида роҳи нав мекушоянд. Канаи хоришак дар инсон дар байни панҷаҳои дасту пой ҷой мегирад.

Касалии ниҳоят хатарноки инсон варами майна (энсефалит) буда, онро канаҳои хунмак, аз ҷумла канаи тайгавӣ паҳн мекунанд (ба расми 92 нигаред). Ин канаҳо дар пӯсти инсон хунро макида, микробҳои ангезандаи ин касалиро ба хун мегузаронанд. Минбаъд микробҳо ба воситаи хун ба майнаи сар мераванд. Дар майна онҳо афзоиш карда, онро касал мекунанд. Касалии энсефалити канаҳо дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст.

Дигар канаҳои муфтхӯри хунмак канаи саг (ё иксодовӣ) буда, барои инсон ва ҳайвон хеле хавфнок аст (ба расми 92 нигаред).


Оё медонед?

Кана то шаш сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонад. Аз давраҳои қадим аз тори тортанак матоъ тайёр мекарданд. Дар аввали асри XVIII дар Фаронса аз ин гуна матоъҳо дастпӯшак ва ҷӯробҳои занона тайёр мекарданд, дар Чин (Хитой) ин гуна матоъҳоро «матои шарқии баҳрӣ» меноманд. Онҳо хеле сабук, зебо ва сахт буданд.

Таъсири заҳри қароқурт ба организми зинда аз заҳри мори гурза 15 маротиба зиёдтар аст.

Тортанаки нуқрагин ягона тортанаке аст, ки муҳити зисташ об мебошад. Вай дар байни рустаниҳои обӣ зиндагӣ мекунад. Оксигени ҳаворо барои нафаскашӣ дар мӯякчаҳои бисёри дар шикам буда захира мекунад. Модина аз тори худ лонаи зангӯламонанди зериобӣ (барои захира кардани ҳаво) сохта, дар он ҷо пилаи дар дохилаш тухм бударо ҷо карда, то баромадани насл онро посбонӣ мекунад.


Саволҳо

  1. Тортанакшаклҳо дар табиат аз дигар буғумпойҳо бо кадом аломатҳояшон фарқ мекунанд?
  2. Нишонаҳои заҳролудшавии инсон бо заҳри ғунда кадомҳоянд?
  3. Дар Тоҷикистон кадом намуди тортанакшаклҳо зист мекунанд? Дар минтақаи шумо кадом намудҳояш дида мешавад?
  4. Қатори каждумҳо аз дигар қатори тортанакшаклҳо чӣ фарқ дорад?

Тестҳо

1. Шиками кадоме аз ин тортанакшаклон ба ду қисм тақсим шудааст?

А) тортанаки салибдор; Б) ғунда; В) қароқурт; Г) каждум.

2. Дар кадоме аз ин ҳайвонот ҳазми хӯрок берун аз организм ба амал меояд?

А) каждум; Б) тортанак; В) кана; Г) занбӯр.

3. Кадоме аз ин ҳайвонот пойҷоғҳо доранд?

А) каждум; Б) тортанак; В) кана; Г) ҳамаи ҷавобҳо дуруст.


Аз фикрҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дурустро ишора карда, сабаби онҳоро шарҳ диҳед.

  1. Бадани тортанакҳо аз ду қисм иборат аст.
  2. Дар сарсина шаш ҷуфт пой доранд.
  3. Тортанакҳои болиғ дар шикамашон пой надоранд.
  4. Чашми тортанакҳо мураккаб аст.
  5. Ҳама тортанакҳо дарандаанд.
  6. Узви нафаскашии ҳама тортанакҳо шуш мебошад.
  7. Бордоршавии тортанакҳо дарунӣ аст.
  8. Ҳама тортанакшаклҳо тухм мемонанд.
  9. Синфи тортанакшаклҳо ба қаторҳои каждумҳо ва тортанакҳо ҷудо мешаванд.
ҚаблӣҚатори тортанакҳо (катори тортанакхо, зоология)
БаъдӣЗертипи трахеянафаскашҳо. Синфи бисёрпойҳо