Узвҳои рустанӣ (Узвхои растани)

Аз оғози баҳори некуфарҷом то охири тирамоҳ мо дар муҳити гирду атрофамон рустаниҳои гулдорро мушоҳида мекунем. Бойчечак, гули наврӯзӣ, қоқу, сиёҳгӯш ҳамчун қосид ва навиди баҳорон хело барвақт гул мекунанд. Сипас, бунафшаи боғӣ, гули лола, савсан ба табиат ҳусну таровати фараҳбахш зам мекунанд.

Бо таваҷҷуҳи хосса ягон рустании гулдор (вазирак, алафи гулзардак, (1) бунафшаи серанга)-ро бо решааш аз хок кофта гирифта, аз назар мегузаронем. Ин рустаниҳо чун рустаниҳои дигар реша, поя ва барг доранд. Реша, поя ва барг узвҳои асосии рустанӣ ба ҳисоб мераванд. Дар қисми болоии поя як ё якчанд гул ҷой гирифтааст, ки аз онҳо меваю тухм ҳосил мешаванд. Рустаниҳоеро, ки дар давраи ҳаётгузарониашон ақаллан як маротиба гул мекунанд, рустаниҳои гулдор меноманд.  Дар баробари ин баъзе рустаниҳо, аз қабили арча, санавбар, ушнаҳо, сарахсшаклон ва ғайраҳо дар фаъолияти ҳаётиашон ҳеҷ гоҳ гул ҳосил намекунанд. Онҳо ба рустаниҳои бегул мансубанд.

Ҳамин тавр, ба ҷуз мавҷудияти чунин узвҳо – реша, поя, барг, доштани гул ва мева фақат ба рустаниҳои гулдор (1) хос мебошанд.

Узвҳои якхелаи рустаниҳои гулдор вобаста ба хусусиятҳои хосашон метавонанд зоҳиран хеле гуногун шаванд. Решаҳои сершумори пиёз, сирпиёз (чеснок) ва барги зулф ба риштаҳои борик монанданд, бехи нахӯд, қоқу ва пахта тиррешаи дарозу шохаронда аст.

Агар пояи гандум ва ҷуворимакка рост ба боло қад кашад, пояи каду, бодиринг, тарбуз ва баъзе дигар рустаниҳои полизӣ ба боло набаромада, дар рӯйи замин паҳн мешаванд. Рустании барги зулф (филгӯш) гӯё тамоман поя надорад, яъне пояаш хеле кӯтоҳ буда, баргҳояш дар рӯйи замин хобидаанд. Барои дидани пояи кӯтоҳи барги зулф қисми болоии гарданаки решаро ба дарозӣ барқад буридан лозим мешавад. Пояи дарахтон – тана хеле нағз инкишофёфта аст. Онҳо хеле баланд қад кашида, мустаҳкам мешаванд. Танаи баъзе субборҳо (кактусҳо) ба сутунчаҳо ё кураҳои сабзи сермағз (сергӯшт) шабоҳат дошта, баргашон ба хор табдил ёфтааст. Кактусҳо дар пояашон об захира мекунанд,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сохти гул (2) дар рустаниҳои гуногун ҳар хел мешавад. Гул одатан навдаи шаклдигаркарда буда, аз он мева пухта мерасад. Афзоиши рустаниҳои гулдор тавассути тухмашон амалӣ мегардад.

Агар гулҳои рустаниҳои гуногунро муқоиса кунем, монандии сохти онҳоро пай мебарем. Сохти гули шалғамча ё алафи бегонаи маъмул – турбкоҳакро аз назар мегузаронем. Мебинем, ки гул дар гулпоя (думчаи гул), ки қисми гулбандаш паҳн шудааст, инкишоф меёбад. Дар гулбанд ҳамаи узвҳои дигари гул ташаккул меёбанд. Диққати моро тоҷгули хушранги гули вазирак, ки аз чор гулбарг иборат аст, ба худ ҷалб мекунад. Поёнтар аз тоҷгул косагул ҷой гирифтааст. Косагул аз чор баргчаи сабз-косабарг иборат аст.

Тоҷгул ва косагулро дар якҷоягӣ гулпӯш мегӯянд, ки вай қисмҳои дарунии гулро аз шуои тафсони офтоб ва дигар шароити номусоид ҳифз намуда, метавонад ҳашароти гардолудкунандаро ҷалб намояд.

Гули лола

Тухмдон (узви модина) ва гардбарг (узви нарина) – ҷузъҳои асосии гул (2) ба ҳисоб мераванд. Ҳар як гардбарг аз поячаи борик ва гарддон иборат аст. Гарди гул дар гарддон ҳосил мешавад. Ғӯрак (буни паҳни тухмдон), сутунчаи борик ва гардгирак дар якҷоягӣ тухмдонро ташкил медиҳанд.

Ҳар як гул дар соқа ё гулпоя ҷойгир мешавад. Гулҳое, ки дар соқа яктоӣ ҷойгир шудаанд, гулҳои тоқа номида мешаванд. Масалан, гулҳои лола (3) ва ғайраҳо.

Гулҳое, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгиранд, тӯдагул (4) номида мешаванд. Тӯдагулҳо хеле гуногунанд. Масалан, дар олуболу, сабзӣ, шибит онҳо соябоншакланд. Тӯдагули қот, ливондар, хӯшашакл ва тӯдагули офтобпараст, марямгул сабадшакл мешаванд.

Ҳамин тавр, аз аввали баҳор сар карда, то охири тирамоҳ дар беша, саҳро, боғ ва гулбоғҳо рустаниҳо гул мекунанд.

Илми ботаника (Ботаника чист?)

Саволҳо

  1. Кадом рустанихоро рустанихои гулдор мегуянд?
  2. Рустаниҳои гулдор аз кадом узвхо иборатанд?
  3. Сохти гул чи гуна аст?

Калидвожаҳо: шиносоии умуми бо рустанихои гулдор, Узвхои рустани, реша, поя ва барг чист?, гул чист?, рустанихои гулдор кадомхоянд? Сохти гул чи гуна аст? гулпуш чист? Тухмдон чист? Узвхои растани, растани, ботаника бо забони точики.

ҚаблӣСухандон бошед, дӯстон!
БаъдӣМева ва тухм