Муносибати принсипхо ва коидахо
Дидактика пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки қонунҳои воқеиро кашф намояд, ки алоқаи асосӣ ва зарурии байни ҳодиса ва омилҳои омӯзиш инъикос ёфта бошад. Ин қонунҳо ба муаллимон фаҳмиши умумии ҳодисаҳои воқеии инкишофи раванди дидактикӣ медиҳанд. Вале онҳо бевосита барои фаъолияти амалӣ нестанд, фақат асоси назариявии коркард ва такмилоти технологии он мебошанд. Нишондоди амалӣ нисбати иҷрокунии омӯзиш бештар ба мустаҳкамкунии амалигардонии принсипҳо ва қоидаҳо вобастаанд, ки номи принсип ва қоидаҳои дидактикӣ гирифтаанд. Ҳоло онҳоро дида мебароем.
Принсипҳои дидактикӣ – ин қоидаҳои асосие, ки мазмун, шаклҳои ташкилкунӣ ва методҳои раванди омӯзишро дар асоси мақсади муайяни умумӣ ва қонунияти он муайян мегардонад. Дар принсипҳои таълим асоси меъёри омӯзиш ифода меёбад, ки ба он аз намуди мушаххаси таърихӣ гирифта шудааст. Принсипҳои омӯзиш ҳамчун категорияи дидактикӣ баромад карда, хусусияти ба мақсади муайянкардашуда истифодабарии қонунҳо ва қонуниятро доранд.
Дар шарҳи педагогӣ қоида ин дар асоси тасвири умумии принсипҳои фаъолияти педагогӣ дар шароити муайян барои ноил шудан ба мақсади муайян аст. Бештар таҳти қоидаҳои омӯзиш он қоидаҳои роҳбарие, ки тарафҳои алоҳидаи истифодабарии ин ё он принсипи омӯзишро ифшо медиҳад, фаҳмида мешавад.
Қоидаи омӯзиш дар тартботи дараҷа зинаи пасти назарияи педагогиро ишғол мекунад (ниг. нақшаи 21). Онҳо ҳамчун звеноҳои гузаранда аз назария ба амалия ҳисоб меёбанд. Дар асоси қоидаҳои омӯзиш инкишофи падидаҳои дидактикиро пешгӯӣ кардан умкин нест – ин боз ҳам майли амалӣ доштани онҳоро исбот мекунад. Дар қоидаҳо одатан тарзи амали асосӣ муаллим дар вазъияти типикии омӯзиш ба назар гирифта мешавад.

Агар бештар ба тариқи оммафаҳм шарҳ диҳем, қоидаҳои дидактикӣ – ин нишондоди аниқи дастури муаллим дар бораи он, ки дар вазъияти типикии педагогӣ чӣ тавр бояд амал кунад. Барои ҳамин ҳам махсусан мувофиқи мақсад азхудкунии онҳо дар баъзе назариячиёни дидактика ва муаллимон – амалиёти эътироз пайдо мекунад. Онҳо гумон мекунанд, ки дақиқона иҷрокунии қоидаҳо метавонад ба инкишофи ташаббускории муаллимон таъсири бад расонад. Барои ҳамин ҳам эътибори асосӣ ба омӯхтани назарияи омӯзиш, азхудкунии малакаҳои дар амал эҷодкорона истифодабарии онҳо бояд дод.
Мактаби кӯҳнаи тоинқилобӣ, баръакс диққати асосии муаллимро ба омӯзиши қоидаҳои таълимӣ – ёдкунии онҳо медод. Воситаҳои таълимӣ барои муаллимон дар асл моҳияти зарурӣ надошт. Аз ин сабаб методикаи прогресс бо суръати суст пеш мерафт.
Ҳақикат, чун ҳамеша дар байни охирин аст. Аз ҳад зиёд ба қоидаҳо эътибор додан ва бо онҳо бо расмиятчигӣ риоя кардан ҳам мумкин нест, зеро аз онҳо бо ғаюрона истифодабарӣ дар ҳақиқат муаллимро побанд мегардонад, аз ташаббускориву эҷодкорӣ бозмедорад, вале аз қоидаҳо тамоман даст кашидан ҳам мумкин нест, кори омӯзишро ба таври пурра аз озодӣ маҳкум набояд кард. Дар омӯзиш, чун дигар равандҳои меҳнатӣ, вазъияти стандартӣ, типикӣ хеле бисёр, вақте, ки эҷодкории махсуси муаллим лозим мешавад, онҳо бештар метавонанд зарар оранд. Дар ин ҷо ҳатман бояд ба қоидаҳо риоя намуд. Дар таҷриба чӣ гуна моҳият доштани қоидаҳои Я. А. Коменский ва А. Дистервегро ба хотир меорем.
Қоида аз ҷониби муаллим дода мешавад, дар ин ё он вазъият иҷро кардани амалиёт, муайян намудани мавқеи он ба талаботи муайян риоя кардан, вале ин чӣ тавр карда мешавад, комилан аз муаллим вобаста аст. Чунончи, талаба ба дарс дер карда омад. Дар чунин вазъият фармони муаллим нисбати таъсиррасонӣ бояд дода шавад, зеро ягон қоидавайронкунӣ аз эътибори ӯ соқит нагардад. Вале муаллим ба чунин вайронкунии қоида чӣ тавр эътибор медиҳад – ин пурра аз вазъияти муайян вобаста аст, шахсияти талаба, хусусияти дермонӣ ва дигар сабабҳои зиёд.
Қоида аз принсипҳои омӯзиш ҷорӣ мегардад. Принсипҳо аз қоидаҳои омӯзиш ба амал меоянд. Аммо қоидаҳо на худ аз худ аз принсипҳо сар мезананд, балки аз ҷамъбасти амалии бисёр наслҳои муаллимон ба миён меоянд. Таҷрибаи амалии омӯзиш бештар дар қоидаҳо мустаҳкам мегарданд. Қоидаҳои навишта ва нонавишта хеле зиёданд, аз онҳо чандин ҷилд китоб навиштан мумкин аст.
Одатан қоида шакли маслиҳатӣ – ёдоварии муаллимро дорад, чӣ бояд кард барои имконияти пурра иҷро кардани талаботи принсип. Ҷавоб ба савол, чӣ тавр амал кардан, онҳо қариб вуҷуд надоранд. Ин ба хусусияти эҷодӣ вобаста аст.