Методхои дар амал истифодабарии донишхо.
Мақсад аз омӯзиш дар талабагон ҳосил кунонидани дониш, маҳорату малакаҳо, бахухсус дар амал истифода бурдани донишҳо мебошад, ки ин вазифаҳоро методи машқ ва корҳои лабораторӣ иҷро мекунанд.
Методи машқ
Маҳорату малакаҳо дар натиҷаи такрор ба такрор машқкунӣ ҳосил мегардад. Ҳамаи фанҳои таълимӣ машқҳои ба худ хос доранд. Дар синфҳои ибтидоӣ барои ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳои аввалин дар дарсҳои забони модарӣ, риёзӣ, табиатшиносӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, мусиқӣ машқҳои тайёрӣ ва эҷодӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Муаллим пешопешакӣ матн ва вазифаро муайян мекунад ва тайёрии кӯдаконро месанҷад.
Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки кӯдакон амалиётро борҳо такрор мекунанд, яъне нисбати маводи омӯхташуда машқҳои амалӣ мегузаронанд ва бо ҳамин роҳ дониши худро амиқ мегардонанд, маҳорат ва малакаҳо ҳосил мекунанд, қобилияти эҷодӣ ва истеъдодашонро инкишоф медиҳанд.
Машқҳо баъди шуурона фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи омӯхташуда гузаронида мешаванд. Ба ташкили фаъолияти машқу варзиш инҳо шомил мегарданд: а) машқҳои шифоҳӣ (ҳисоби даҳанакӣ, дар хотир нигоҳ доштани санаҳои таърихӣ, дуруст ифода кардани овоз ва калимаҳо ва ғ.); б) машқҳои хаттӣ аз забони модарӣ ва риёзӣ; в) машқҳои амалӣ аз риёзӣ, варзиш ва дигар фанҳо, ки ба корҳои ченкунӣ, маҳорати муносибаткунӣ ба асбобҳо ва ғайра вобастагӣ доранд.
Ҷараёни машқҳоро шартан ба марҳалаҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: марҳалаи аввал – муаллим ба сатҳи дониши талабагон такя намуда, мақсад ва вазифаҳои иҷро кардани машқҳоро мефаҳмонад, марҳалаи дуюм – нишондод ё намунаории муаллим нисбати тарзи иҷроиши ину он машқ, марҳалаи сеюм – амалиёти аввалини талабагон роҷеъ ба истифодабарии дониш, марҳалаи чорум – муайянкунии фаъолияти минбаъдаи талабагон баҳри ҳосил намудани маҳорату малакаҳо.
Ҳангоми ташкили машқҳо ҳатман бояд фаъолияти эҷодии кӯдакон ба инобат гирифта шавад ва аз онон фаросат, фикркунӣ, ҷустуҷӯӣ дархост гардад, то ки бо майли эҷодӣ аз худ мисолҳои нав ба нав оварда тавонанд.
Машқҳои нахустини донишҳои нав, ҳамчун қоида, аз намунаории муаллим бояд оғоз гирадад. Дар мустаҳкамкунии мавзӯъ мисолҳои аналогӣ (қиёсӣ) меорад, сипас машқҳои мустақилона пешниҳод мекунад, то ки роҷеъ ба мавзӯъ талабагон маҳорату малакаҳо ҳосил кунанд. Машқҳо, одатан, аз содда ба мураккаб майл дода шаванд. Аз риёзӣ, одатан, дар аввал бояд кори коллективона бурда шавад ва баъди он ки фаҳмиши дурусти талабагон таъмин карда шуд, барои санҷиши аввалини маҳорат мисолҳои амалӣ пешниҳод карда мешавад, ки дар ин ҷо ягон навоварӣ нест. Аммо баъди ин ҳама фаъолияти шогирдонро ба сӯи кори мустақилона майл додан равост. Дар иҷрои машқҳои мустақилона онҳо аз худ мисолҳо оварда метавонанд.
Дар машғулиятҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ машқҳои гуногун, аз қабили ба ҷои нуқтаҳо навиштани калимаҳои даркорӣ, аз калимаҳо тартиб додани ҷумлаи марбут, навиштани нақли мухтасар, овардани мисолҳои шифоҳӣ, таҳлилҳои фонетикӣ ва ғайра гузаронида мешавад.
Чунин методикаи кор ба беҳбудии фаъолияти мустақилона майл ва барои мантиқан чуқур омӯхтани мавзӯъ, ҳосил кардани маҳорату малкаҳои шогирдон заминаи мустаҳкам мегузорад.
Машғулиятҳои лабораторӣ
Аз методи корҳои лаборатории дар боло зикрёфта, ба мо маълум аст, ки омӯзиши баъзе фанҳо, ки ба хусус табиатшиноси, риёзӣ, физика, кимиё, биология ва дигарҳо бидуни машғулиятҳои лабораторӣ дониши устувор ҳосил намудан имконнопазир аст. ҳангоми омӯхтани ин фанҳо аз машғулиятҳои лабораторӣ талабаҳо нафақат маҳорату малакаҳо ҳосил мекунанд, инчунин бо асбобҳо, реактивҳо, дастгоҳҳо, механизмҳо сарукор намуда, дониши политехникӣ низ ҳосил менамояд.
Ҳангоми гузаронидани ин намуди корҳои лабораторӣ талабагон метавонанд аз китоби дарсӣ ва дигар адабиётҳои мададрасон истифода баранд. Ин методи таълимӣ бо методи мушоҳида, намоишдиҳӣ, машқ, эзоҳ ва ғайра равобити зич дорад.