Ниходхои ичтимои
Калимаи ниҳод тарҷимаи калимаи институт аст. Калимаи институт аз забони лотинӣ «institutum» гирифта шуда, маънои «муқаррар кардан», «таъсис додан»-ро ифода менамояд. Ҳамин тариқ, ниҳоди иҷтимоӣ шакли устувори таърихан ташаккулёфтаи ташкили фаъолияти якҷояи одамон ба ҳисоб меравад. Истилоҳи «ниҳоди иҷтимоӣ» ба маъноҳои гуногун истифода бурда мешавад. Дар бораи оила, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, давлат ва ғайра ҳамчун ниҳод сухан меронанд. Маънои аз ҳама бештар маъмул ва зиёд истифода шавандаи истилоҳи «ниҳоди иҷтимоӣ» бо тавсифи ҳама гуна ба тартибандозӣ, шаклдарорӣ ва меъёрсозии робитаю муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд мебошад. Худи раванди ба тартибандозӣ, шаклдарорӣ ва меъёрсозӣ ниҳодсозӣ (институтсионализатсия) номида мешавад.
Раванди ниҳодсозӣ якчанд лаҳзаҳоро дарбар мегирад. Яке аз шартҳои зарурии пайдоиши ниходҳои иҷтимоӣ мавҷудияти талаботи иҷтимоии зарурӣ мебошад. Ниҳодҳо бояд фаъолияти якҷояи одамонро ба хотири қаноатманд сохтани ин ё он талаботҳои иҷтимоии онҳо ташкил намоянд. Масалан, ниҳоди оила талаботро ба азнавистеҳсолсозии насли одамӣ ва тарбияи кӯдакон, танзими муносибатҳо байни ҷинсҳо ва наслҳо қонеъ месозад. Ниҳоди маълумоти олӣ вазифаи омодасозии қувваи кориро таъмин намуда, ба инсон имконият медиҳад, ки қобилияти худро барои дар фаъолияти оянда татбиқ кардану мавҷудияти худро таъмин сохтан инкишоф бахшад. Пайдоиши талаботҳои муайяни ҷамъиятӣ ва шароитҳо барои қаноатманд сохтани онҳо лаҳзаи аввалин ва зарурии ниҳодшавӣ ба ҳисоб меравад. Ниҳоди иҷтимоӣ дар асоси робитаю ҳамкорӣ ва муносибатҳои шахсиятҳои алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дигар умумиятҳо шакл мегирад. Аммо вай чун дигар низомҳои иҷтимоӣ танҳо бо маҷмӯи он ашхосу ҳамкориҳо маҳдуд намешавад. Ниҳодҳои иҷтимоӣ хислати фавқулфардӣ дошта, шомили сифатҳои системавии хос мебошанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки ниҳоди иҷтимоӣ як вуҷуди мустақили ҷамъиятист, ки дорои мантиқи рушди ба худ хос аст. Аз ин нуқтаи назар, ниҳодҳои иҷтимоӣ метавонанд, ки ҳамчун низомҳои иҷтимоии муташаккил, ки бо устувории сохтор, бо ҳам алоқамандии унсуронашон ва тағйирёбии вазифашон тавсиф меёбанд, баррасӣ гарданд.
Ин ҷо суоле пеш меояд, ки вай чӣ гуна низом асту аз кадом унсурҳои асосӣ иборат мебошад? Пеш аз ҳама, ин низоми арзишҳо, меъёрҳо, идеалҳо ва намунаҳои рафтору фаъолияти одамон ва дигар унсурҳои раванди иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошад. Низоми мазкур рафтори якхелаи одамонро таъмин месозад, кӯшишҳои муайяни онҳоро бо ҳам мувофиқ сохта, ба самти муайян равона месозад, тарзҳои қаноатманд сохтани талаботи онҳоро муқаррар месозад, низоъҳои дар раванди фаъолияти ҳаётӣ пайдошавандаро ҳал менамояд, ҳолати мувозанаро дар доираи ин ё он умумияти иҷтимоӣ ё ҷомеа дар умум таъмин менамояд. Бояд таъкид намуд, ки мавҷудияти ин унсурҳо худ ба худ фаъолияти ниҳоди иҷтимоиро таъмин намесозад. Барои он ки ин ниҳод амал намояд, зарур аст, ки онҳо бозёфти (сарват, боигарӣ) олами ботинии шахсият гарданд, дар раванди иҷтимоишавӣ ба олами ботинии ӯ ворид шаванд, дар шакли нақш ва мақоми иҷтимоӣ таҷассум ёбанд. Ба олами ботинии афрод ворид шудани тамоми унсурҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, дар асоси онҳо ташаккул ёфтани системаи талаботҳои шахсият, тамоюлҳои арзишӣ унсури дуввуми муҳимтарини иҷтимоишавӣ ба ҳисоб меравад. Унсури саввуми муҳимтарини иҷтимоишавӣ чун ташкилот ба расмиятдарории ниҳоди иҷтимоӣ мебошад. Зоҳиран ниҳоди иҷтимоӣ аз маҷмӯи шахсиятҳо ва муассисаҳое, ки бо воситаҳои муайяни модддӣ таъмин мебошанду вазифаҳои муайяни иҷтимоиро иҷро менамоянд, иборат мебошад. Масалан, ниҳоди маорифи олӣ аз маҷмӯи муайяни шахсиятҳо: омӯзгорон, кормандони техникӣ, роҳбарият, ки дар доираи муассисаҳое, чун МТО (муасссаҳои таҳсилоти олӣ), вазоратҳо фаъолият намуда, арзишҳои муайяни моддиро (биноҳо, маблағҳои пуӣ лва ғ.) истифода мебаранд, иборат мебошад.
Ҳамин тавр, ҳар як ниҳоди иҷтимоӣ дорои мақсади фаъолият, вазифаҳои мушаххасе, ки ноилшавӣ ба ин мақсадҳоро таъмин месозанд ва маҷмӯи нақшу мақоми барои ин ниҳод хос мебошад. Дар асоси сифатҳои баёншуда таърифи зерини ниҳоди иҷтимоиро пешкаш намудан мумкин аст: Ниҳодҳои иҷтимоӣ- ин иттиҳоди муташаккили одамон буда, вазифаҳои муайяни аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимеро иҷро менамояд, ки ин вазифаҳо амалисозии якҷояи мақсадҳои ин иттиҳодро дар асоси аз тарафи аъзоёни он иҷро намудани нақшҳояшон таъмин менамоянд.
Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ