Нақши тасаввуроти эстетикӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол

Накши тасаввуроти эстетики дар тарбияи мактабиёни хурдсол


Тасаввур – ин образи азнавҳосилкардаи чизе ё ҳодисае, ки қаблан дар қишри мағзи сар қабул шудааст, инчунин образи самарабахши хаёлот, шакли олии эҳсосот мебошад, ки ба таври дониши намоишию образӣ инъикос меёбад. Манбаъ ва сарчашмаи тасаввур ҳақиқати воқеӣ аст. Тасаввур ба шакли хотира ва хаёлот намоён мегардад. Тасаввур зинаи муштараки эҳсосот ва тафаккур буда, он аслан биноӣ, шунавоӣ ва мутаҳаррик мешавад.

Тасаввури эстетики кӯдакони сини хурди мактабӣ ҳамчун кӯдакони сини томактабӣ ба тарбияи ахлоқӣ зич вобаста аст. Дар шуури кӯдак некӣ, хубӣ, дар аксари мавридҳо бо фаҳмиши бисёр нағз мувофиқ меояд. Муносибати эстетикӣ мактабиёни хурдсол дар санъати тасвирӣ вам еҳнат бевосита ба фаъолияти шахсии онҳо вобастагӣ дорад. онҳо, вақте, ки вазифаро худашон ҳал мекунанд, сурати ягон чизро мекашанд ва ё месозанд ва ҳамин тавр дар як маврид ҳам қаноатмандии ахлоқӣ мегиранду ҳам эстетикӣ.

Қаноатмандӣ аз меҳнати бобарор, завқи ахлоқию эстетики кӯдак мебошад. Барои он ки муносибати эстетики дастпарварон ба таълими меҳнат инкишоф дода шавад, ҳатман фаъолияти мустақилонаи фаъоли онҳоро бояд ташкил карда, барои бомуваффақият иҷро кардани кори онҳо, ки ҳаловати ахлоқию эстетикӣ мебаранд, ёрмандӣ расонд.

Ба талабагон ёд додан лозим аст, ки онҳо на фақат дар матну порчаҳои бадеӣ, инчунин дар санъати тасвирӣ вам еҳнат, мусиқӣ, каломи бадеӣ, табиат пиромуни зиндагӣ нафосату зебоиро дарк кунанд. Қисмати муҳими тарбияи эстетикӣ ин аз худ кардани донишҳои ба санъат мансуб ва маҳорати баён карда тавонистани фикри худ нисбати инъикоси бадеии воқеият, ҳамчунин тақвият додани тасаввуроти эстетики онҳо мебошад. Дар шогирдон ташаккул додани тасаввурот ва фаҳмиши шакл ва жанрҳои санъат ва хусусиятҳои дар онҳо инъикоси бадеии воқеият, ҳосил кунондани маҳорати таҳлили мазмуни асарҳои санъат ниҳоят муҳим аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тасаввуроти эстетикӣ ва мулоҳизаи оддитарин дар синфҳои ибтидоӣ ба миён меояд, вале ин намудҳои психологӣ асосан бо наврасону навҷавонон бештар сурат мегирад, зеро онҳо акнун зиёдтар қобилияти дарки ҳисси зебо ва зиштро дар худ пайдо кардаанд.

Тавассути воситаҳои бадеӣ-адабиёт, мусиқӣ, санъати тасвирӣ хусусан манзараҳои тасвирии рассомон барои табъи болида ва ғани гардонидани тасаввуроти эстетики талабагони синфҳои ибтидоӣ ниҳоят аҳамияти калон дорад. Масалан, Алӣ Бобоҷон дар шеъри худ «Себаки хубонӣ» тасаввуроти хонандаро ба воқеияти зебои фасли тирамоҳ, зебоии себи хубонӣ бӯӣ хуш ва таъми ширини он ҷалб кардааст:

Эй себакӣ хубонӣ
Мисли моҳи тобонӣ.
Сурху сафед рӯякат,
Аҷаб форам бӯякат.
Таъмат чун қанду асал,
Давои дарди касал.
Азизи аз бароям,
Ёдгорӣ аз бобоям.

Пӯшида нест, ки кӯдакон ҳанӯз аз сини томактабӣ ба забоиҳои муҳити зист бениҳоят завқу шавқ зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ онҳо дар синфҳои ибтидоӣ дарсҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ вам еҳнат, тарбияи ҷисмониро бесаброна мунтазир мешаванд. Аммо дар таҷриба муаллимони синфҳои ибтидоиеро дидеа, ки аз нодонӣ ва надоштани қобилияти мусиқинавозӣ, расмкашӣ ва тарбияи ҷисмони ба ҷои ин дарсҳо забони модарӣ, риёзӣ ва ғайра мегузаранд. Ин ноумедсозӣ, завқшиканӣ ва беэътиноӣ нисбат ба кӯдакон асту бас.

Дар синну соли хурди мактаби тасаввуроти биноӣ, шунавоӣ ва тақлидкунии кӯдакон хеле пурзӯр мешавад. Муаллимӣ синфи 2 мактаби рақами 7 шаҳри Қурғонтеппа ба талабагон дар дарси санъати тасвирӣ вам еҳнат аз хоти рва тасаввуротҳои худ кашидани расми ягон суроберо (моҳӣ, себ, парасту, пиёла…) вазифа супорида буд. Дар дарси навбатӣ дид, ки духтарчае дар албоми худ расми одами болдор ва дар ҷои дигар сурати бадҳайбати одами шохдор кашида омадааст, ки ин ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Духтарак ба саволҳои муаллим ҷавоб дода гуфт, ки одамӣ қанатдору шохдор мешавад, манн суратҳои онҳоро дар китоб дидаам ва аз афсонаҳои момоям ҳам шунидаам. Маълум шуд, ки духтарча аз тасаввуроти биноӣ ва шунавоии худ чунин расмҳои мураккабро кашидааст.

Алалхусус тасаввур ва хаёлот манбаи орзуҳои ширин, шӯълаи қобилияти эҷодӣ, ихтирооту навовариҳост. ҳамин тасаввурот ва хаёлот буд, ки инсоният ба кашфиётҳо даст зад, орзуҳои ҷаҳонамо кард, оҳанро ба парвоз гузошт…


 Мавзӯи пурра >> Тарбияии эстетики хонандагон

ҚаблӣМафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) дар мактаб
БаъдӣТарбияи эстетикӣ дар ҷараёни таълим