Намудҳо ва давраҳои мурофиаи гражданӣ

Намуди мурофиаи гражданӣ – тартиби махсуси баррасӣ ва ҳал намудани гурӯҳи муайяни парвандаҳои гражданӣ мебошад. Мавҷуд будани намудҳои гуногуни мурофиаи гражданӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки барои баррасӣ дар суд парвандаҳои гуногун ворид мешавад, ки аз ҷиҳати моддӣ-ҳуқуқӣ фарқ мекунанд.

Мувофиқи қонун мурофиаи гражданӣ ба чор намуд тақсим мешавад:

  1. Мурофиаи фармонӣ гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои граждании бебаҳсро ҷиҳати ситонидан ё баргардонидани маблағ ё амволи манқул меноманд.
  2. Мурофиаи даъвогӣ гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳоеро меноманд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии сохторашон хусусӣ бармеоянд ва як тарафи онҳо ҳамавақт шаҳрвандон мебошанд.
  3. Мурофиа оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии омма бармеоянд гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳоро меноманд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, молиявӣ, гумрук ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии сохторашон ветрикалӣ бармеоянд ва як тарафи онҳо ҳамавақт шаҳрванд мебошад.
  4. Мурофиаи махсус гуфта, тартиби аз ҷониби судҳои салоҳияти умумӣ баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданиро оид ба муқаррар намудани фактҳо ва вазъи ҳуқуқӣ меноманд. Ба мурофиаи мазкур он парвандаҳои граждание дохил мешавад, ки аз рӯи мазмуни худ бояд дар мақомоти гуногуни идоракунии давлатӣ ҳалли худро ёбанд. Махсус будани тартиби ин мурофиа дар иштироки ҳатмии прокурор, мӯҳлату тартиби иҷрои ҳалнома низ ифода мегардад.

Бо вуҷуди он, ҳар як мурофиаи махсус хусусиятҳои танҳо ба худ хосро доро мебошанд. Масалан, парвандаҳо дар бораи ғайри қобили амал ё дорои қобилияти амалкунии маҳдуд эътироф намудани, шаҳрванд бедарак эътироф намудан ё фавтида эълон кардани шаҳрванд. Агар сухан дар бораи муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ равад, дар мурофиаи махсус он фактҳои ҳуқуқие муқаррар карда мешаванд, ки дигар роҳи аниқ кардани онҳо мавҷуд нест. Ба монанди, ҳолати ҳуқуқии кӯдак, вафот ва ғайра.

Давраҳои мурофиаи гражданӣ

Давра дар мурофиаи гражданӣ маҷмӯи амалиёти мурофиавии ба ҳам алоқаманд аст, ки барои ба даст овардани мақсади наздиктарин равона шудаанд. Мурофиаи гражданӣ аз ҳафт давра иборат аст, ки бо дар назардошти пайдарҳамии мантиқӣ ба тариқи зайл сурат мегиранд: 1) оғоз намудани парвандаи гражданӣ; 2) омода намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ; 3) муҳокимаи судии парвандаи гражданӣ; 4) истеҳсолоти иҷро; 5) истеҳсолот дар марҳилаи кассатсионӣ; 6) истеҳсолот дар марҳилаи назоратӣ; 7) истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда.

Чор давраи аввали мурофиаи гражданӣ ҳатмӣ ва асосӣ мебошад, барои он ки ҳар як парвандаи гражданӣ бояд ин давраҳоро гузаранд. Боқимонда се давра иловагӣ буда, танҳо аз рӯи зарурият пайдо мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оғоз намудани парвандаи гражданӣ. Дар асоси аризаи даъвогӣ ё аризаи шахсе, ки ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ӯ поймол шудаанд, аз ҷониби суд оғоз карда мешавад.

Омода намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ. Мақсади ин давра ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати саривақт ва дуруст ҳал намудани парванда дар як маҷлиси судӣ мебошад.

Муҳокимаи судии парвандаи гражданӣ давраи марказии мурофиаи гражданӣ мебошад. Парвандаҳои гражданӣ маҳз дар ин давра дар маҷлиси судӣ моҳиятан баррасӣ шуда, ҳалнома бароварда мешавад.

Истеҳсолот дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ бо мақсади бартараф намудани камбуди ва хатогиҳои судӣ пешбинӣ шудаанд. То ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судии марҳилаи якум, шахсони иштирокчии парванда норозигии худро ба тариқи овардани шикоят ё прокурор эътирози кассатсионӣ ба суди болоӣ муроҷиат мекунанд. Истеҳсолот дар инстансияи назоратӣ баъди ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судӣ ҳангоми аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ муроҷиат намудан ба суди марҳилаи назоратӣ шурӯъ мешавад.

Истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда. Қонунгузор дар ҳама ҳолат мекӯшад, ки мавридҳои ногаҳон пайдошавандаро пешгирӣ намояд. Бинобар сабаб, агар ҳолати асоснокии қарори судиро радкунанда дар вақти муҳокимаи парвандаи гражданӣ ҷой дошта бошад ва аз он шахсони иштирокчии парванда хабар надошта бошанд ё хабар доштанашон мумкин набошад, ҳамчун ҳолати нав ошкошуда эътироф карда мешавад. Дар ин мавридҳо бо аризаи шахси манфиатдор истеҳсолоти аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда оғоз шуда, қарори пешинаи беасос бекор карда мешавад ва минбаъд аз нав моҳиятан баррасӣ шуда ҳал карда мешавад.

Истеҳсолоти иҷро. Ин давра аз рӯи аҳамияти худ ба ҳамаи шаклҳои ҳимояи ҳуқуқи гражданӣ дахл дорад. Бе иҷрои санадҳои суд, ба мақсади мурофиавӣ расида намешавад, яъне ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда барпо карда намешавад. На танҳо ҳолатҳои маҷбуран иҷро кардани санадҳои судӣ, балки иҷроиши ихтиёрии онҳо ҳам татбиқи истеҳсолоти иҷроро дар назар дорад.


Калидвожаҳо: хукуки граждани, ҳуқуқи гражданӣ, шахрванд, мурофиаи гражданӣ дар тоҷикистон, мурофияи граждани, хукук, ҳуқуқ,  donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ

ҚаблӣМуносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ ва субъектони он
БаъдӣПринсипҳои мурофиаи гражданӣ