Дар ин мақола маълумот дар бораи овозхои садонок ва хамсадо оварда мешавад. Садонок чист? Хамсадо чист? Садонок ва хамсадохои забони тоҷикӣ инҷо оварда мешаванд.
Вобаста ба тарзи талаффуз овозҳои нутқ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: садонокҳо ва ҳамсадоҳо.
Садонокҳо ва хусусияти онҳо
Садонок чист? Садонокҳо овозҳое мебошанд, ки ҳангоми талаффуз ҳавои аз шушбароянда ба монеа дучор намешавад. Садонокҳо ҳиҷосоз буда, шаштоанд: а, и, о, у, э, ӯ.
Садонокҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Дар талаффузи садонокҳои о, у, ӯ лабҳо иштирок мекунанд. Садонокҳои и, э, а бе иштироки лабҳо талаффуз мешаванд. Даҳон дар талаффузи баъзе садонокҳо (а, э, о) кушодатар бошад, дар талаффузи садонокҳои дигар (и, у, ӯ) тангтар аст.
Овозҳои ҳамсадо
Ҳамсадо чист? Овозҳое, ки дар талаффузи онҳо ҳавои аз шуш бароянда ба монеа дучор мешавад, ҳамсадо ном доранд.
Ҳамсадоҳо бисту сетоанд: б, п, м, в, ф, д, т, ҷ, ч, з, с, ж, ш, н, л, р, й, г, к, ғ, х, қ, ҳ.
Дар талаффузи овозҳои ҳамсадо лабҳо, забон, забонча ва ҳалқ иштирок мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамсадоҳоро ба лабӣ (б, п,м, в, ф), нешизабонӣ (д, т, з, с, ж, ш, ҷ, ч, н, л, р, й, г, к), забончагӣ (ғ, х, қ) ва ҳалқӣ (ҳ,ъ) ҷудо мекунанд. Ҳангоми талаффузи овозҳои м, н як қисми ҳаво аз холигии димоғ ба берун мебарояд. Онҳоро ҳамсадои димоғӣ низ меноманд.