Принсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ дорои принсипҳои ба худ хос мебошад, ки ин принсипҳо дар конститутсия ва қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқарар шудаанд. Принсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ он идеяҳои роҳбарикунандае фаҳмида мешавад, ки дар асоси онҳо меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷииноятӣ амал мекунанд. Принсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд: принсипҳои умумӣ, ба монанди принсипи қонуният, принсипи баробарии маҳкумшудагон дар назди қонун; принсипи инсондустӣ; принсипи демократизм.

Принсипи махсус (соҳавӣ) аз қабили принсипи ислоҳшаванда будани маҳкумшудагон, принсипи нақши муҳим доштани меҳнат ба маҳкумшудагон принсипи аз ҷиҳати педагогӣ ва психологӣ асоснок будани меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; принсипи фардгузорӣ ва фардисозии иҷрои ҷазо; принсипи тамоми мӯҳлати ҷазоро дар як муасиссаи ислоҳӣ меҳнати адо кардани маҳкумон.

 Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дорои системаи дохилии худ аст, ки системаи фанни мазкуро силсила мавзӯъҳое ташкил медиҳанд, ки аз тарафи ҳамин фан омӯхта мешавад. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ду қисм иборат мебошад: қисми умумӣ ва қисми махсус. Ба қисми умумӣ масъалаҳои умумӣ аз қабили мафҳум, предмет, метод, принсипҳо, муносибатҳо, қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳолатҳои ҳуқуқи маҳкумшудагон мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятӣ дохил мешавад.

Қисми махсуси ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба масъалаҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян, маҳрум намудан аз рутбаи махсуси ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ, мукофотҳои давлатӣ ва мусодираи амвол таркиб ёфтааст. Инчунин қисми махсуси ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дорои институтҳои ба худ хос дорад аз қабили иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ, назорат бурдан аз болои маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо озод шудаанд ва иҷрои ҷазо нисбати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда.[1]


[1] Ниг.: § 1. Понятие уголовно-исполнительного права.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 

ҚаблӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
БаъдӣСарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ