Ҷанбаҳои асосии инкишофи ақлии (фикрии) шахсият

Чанбахои асосии инкишофи аклии (фикрии) шахсият.


Инсони солимфикр аз модар бо муғҷаҳои қобилияти зиёди бунёдкорӣ (баъзеҳо бо аломатҳои махсуси генеалӣ) тавлид меёбад. Ҳар кас дар сатҳи қобилияти умумиаш метавонад 10 – 12 забонро ёд гирад. Ҳунарҳои зиёдро дарбар намояд. Вале на ҳама он қобилиятро дар зиндагӣ пурра зоҳир манемоянд. Иддае аз боиси маризию танқисии иқтисодӣ ва бархе аз боиси таъсири манфии берунаву коҳилӣ он қобилияти доштаи худро ошкор карда наметавонанд, муғҷаи тавоногӣ нашкуфта мемонад.

Барои ҳамин ҳам, чунонки дар боло зикр ёфт, яке аз талаботи фаъолияти маърифаткунонии кӯдакон дар мактаб ин ҷанбаи шавқмандгардонии онҳо мебошад. Зеро бидуни такони рӯҳӣ, бидуни ангезиши рӯҳафзоӣ ва бахусус бидуни майлу амал ганҷи дониш ба каф намеояд.

Ба кӯдак чунин барангезишро бо таъсири сухан муаллим ва волидайн баррасӣ карда метавонанд, чунки «Сухан мисли бод аст, – менависад М. Лутф, – Чун аз даҳон баромад, зуд паҳн мешавад. Сухан мисли ханҷари тез аст. Тафовут он аст, ки ханҷар бо як зарба мекушад, забон оҳиста – оҳиста. Ба маврид аст, ки агар ин сухани Муҳаммади Ҳиҷозиро биёрем: «Ҳар калима, ки аз даҳон берун меояд, малҳаме аст, ки ба захме мерасад, ё ханҷарест, ки дилеро мешикофад, ё насиме аст, ки дарёи эҳсосотро ба талотум меоварад…»[1].

Агар толибилмон бо ҳар васила нисбати донишандӯзӣ такони рӯҳӣ наёбанд ва ангезонида нашаванд, дар бобати тарбияи зеҳнии онҳо ҳоҷати гап задан ҳам нест.

Инак, ҷанбаҳои барангезиши шавқмандии маърифатӣ чунинанд: 1) ҷанбаҳои васеъ самтгирии маърифатии талабагон нисбати азхудкунии донишҳои нав, ки ба чуқур донистагирии донишҳо ҳавасманд мегарданд; 2) ҷанбаҳои таълимию маърифатие, ки ба самтгирии тарзи донишҳосилкунии талабагон мансубанд (майлу рағбат тавассути методҳои донишҳосилкунӣ); 3) ҷанбаҳои худомӯзӣ.

Гурӯҳи дуюми ҷанбаҳо ба чунин зергурӯҳҳо тақсим мешаванд: а) ҷанбаҳои васеи иҷтимоӣ – ҳис кардани масъулият ва вазифадорӣ нисбати омӯзиш; б) ҷанбаҳои маҳдуди иҷтимоӣ – таъсири одамони бонуфузи гирду атроф; в) ҷанбаҳои ҳамкории иҷтимоӣ – дар омӯзиш кӯшиши ҳамкорӣ ва мунтазам такмилдиҳии он.

Дар ҳамин қатор ин ҷанбаҳо чунин маъноҳоро ифода мекунанд: фикри шахсии талаба дар бораи таҳсил; таъсирбахшии ҷанба; мавқеи он дар сохти умумии ҷанбаҳо, мустақилона пайдошавӣ ва ҳозиргардии ҷанбаҳо; сатҳи фаҳмиши ҷанба; дараҷаи вусъатёбии он ба навъҳои гуногуни фаъолият аст.

Хуллас, ба ҷанбаҳое такя кардан лозим аст, ки манфиати таълимии шахсро ифода намоянд, амалкунанда бошанд ва ба ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти таълимӣ таъсир расонанд.

Тарбияи ақлӣ аз толибилмон баҳри инкишофи маҳорати зеҳнӣ бодиққат будан, дар хотир нигоҳ дошатни маводи таълимӣ, оқилона амалӣ гардонидани онҳоро талаб мекунад. Баҳри ташаккул додани ҳофиза, ки он даҳанакӣ, биноӣ ё қувваи босира, образӣ, муҳаррикӣ мешавад, низ чорабиниҳо андешида мешавад. Инкишофи ҳофиза ба ташаккули азхудкунии мавод бояд хизмат кунад. Хотираи хуб – гарави дониши самарабахш.

Татқиқотҳои психологӣ ва физиологӣ нишон медиҳанд, ки шахс метавонад ба тариқи зайл хотираи худро қавӣ гардонад: 1) дар хотир нигоҳдориро пеши худ мақсад гузоштан; 2) матни хондашударо ба қисмҳои хурд ҷудо кардан ва мантиқан вобастагии байни онҳоро нишон додан, зеро хотираи мантиқӣ аз хотираи сатҳӣ, қавитар аст; 3) таърифоту қоидаҳоро бидуни тағйирот, дигарашро мувофиқи фаҳмиши худ нақл кард тавонад. Муаллим тибқи рағбатонӣ, машқу варзиш дар хотир нигаҳ доштани маводи омӯхташударо низ тақвият дода метавонад.

Муаллимони синфҳои ибтидоӣ барои инкишофи ҳофиза машқҳои махсус, аз қабили бозиҳои дидактикӣ, нақшофарӣ мегузаронанд.

Барои инкишофи тафаккури хонандагон амалиёти муқоиса, синтез, ҷамъбаст, таснифот аҳамияти калон дорад. Таҳлили синтез амалиёти асосӣ ба шумор меравад, ин ё он шакл амалиёти фикрро метезонад, амалан истифода бурдани муқоиса, хулосабарорӣ, таснифот, системакунонӣ ва ғайраҳоро имконпазир мегардонад. Анализ (таҳлил) гуфта, раванди тақсимшавии бутунро ба қисмҳои таркибӣ меноманд; синтез бояд пайвастшавии қисмҳо ба бутун бошад. Анализ аз натиҷа ба сабаб, синтез бошад, аз сабаб ба натиҷаҳо гузаштанро имкон медиҳад. Анализ ва синтез байни худ равобити диалектикӣ доранд. Аз ин рӯ, дар раванди тарбияи ақлӣ ба он кӯшиш кардан лозим аст, ки дар мавриди омӯхтани маводи таълимӣ аз онҳо дар вобастагии ҳамдигарӣ истифода бурда шавад. Ба шогирдон таҳлил карда тавонистани проблема, мафҳум, ҳодисаҳои омӯхташаванда, инчунин ҷамъбасту хулосабарориро бояд ёд дод, то ки онон дар асоси синтез ба далелҳо, мушоҳидаҳои мушаххас такя намуда муқоиса кунанд. Тафаккури аналитикию синтетикӣ ба усулҳои гуногуни муқоиса пайравӣ дорад. Ба муқоиса К. Д. Ушинский баҳои баланд дода, гуфта буд: «Агар шумо хоҳед, ки кадом як ашёи зоҳирии табиат равшан фаҳмо бошад, онро аз худи ашёи ба он монанд фарқ кунед ва дар он бо ҳамон ашёи аз каме дур монандӣ пайдо кунед»[2]. барои дар хонандаогон инкишоф додани малакаҳо муқоиса истифода бурдани машқҳои муқоисавии ашёҳо ва ходисаҳое, ки аз ягон ҷиҳат бо ҳам шабоҳат доранд, хеле муфид аст, чунинчи, муқоисаи намудҳои ҳаракат нисбати суръат, мошин, асбобҳо – мувофиқи вазифа ва сохти онҳо. Дар синфҳои болоӣ чунин муқоисакунӣ шакли мураккабро мегирад. Дар тарбияи зеҳнии хонандагон ба система доравардану таснифот кардани маводи таълимӣ аҳамияти калон дорад. Чунончи, дар дарсҳои ботаника бо таснифоти гиёҳҳо, дар дарсҳои кимиё бо ҷадвалҳое, ки хосияти аносири кимиёвӣ доранд ва ғ.

Дар инкишофи фаъолияти фикрии хонандагони хурдсол, чунонки борҳо гуфтем, чудо карда тавонситани масъалаи асосии маводи таълимӣ нақши муайян мебозад. Амалиёти ҷудокунии масъалаҳои асосӣ хусусияти комплексӣ дорад, зеро он дар як вақт амали таҳлил, муқоиса, хулосабарорӣ ва абстраксияро ҷамъбаст мекунад. Ҷудо кардани масъалаҳои асосии маводи таълимӣ дар тартиб додани нақшаи оддӣ ва мураккаби мазмун ҳам мусоидат мекунад.

Дар синфҳои ибтидоӣ шогирдонро ба он одат кунонидан лозим аст, ки масъалаҳои муҳими маводи таълимиро муайян карда, дигар ҷиҳатҳои дуюмдараҷаи онро низ ба эътибор гиранд. Муаллим ҳам мавриди баёни мавзӯи нав вазифаҳои асосии дарсро дақиқ фаҳмонад, то ки талабагон ба кадом чиҳати мавод бештар эътибор додани худро донанд. Барои ин нақшаи мушаххаси маводи таълимиро бояд пешниҳод кард. Ҳини баррасӣ намудани маводи нав фикрҳои асосиро бо оҳанги таъкидии махсус ва ё дар тахтаи синф зикр намояд.

Тарбияи ақлии талабагон бо ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ равобити ногусастанӣ дорад, чунки он ба тафаккури дурусти шахсият такя мекунад. Ҷаҳонибнии илмӣ дар асоси донишҳои мушаххаси илмӣ ва тафаккури солими инсонӣ ҳосил мегардад. «Илм чун ҳосил кунӣ, онгаҳ амал холис шавад» – мегӯяд андарзи мардумӣ.

Зимни маҳорати ҷаҳонбинӣ маҷмӯи далелҳои мушаххас, хулосаҳои воқеӣ, ифшо дода тавонистани мазмуни ғояҳо аз нигоҳи диалектикаи илмӣ нисбати падидаҳои табиат ва ҷамъият, бо асос ҳимоя карда тавонистани нӯктаи назари худ, рад кардани қоидаю назарияҳои ғайриилмӣ фаҳмида мешавад. Маҳорати ҷаҳонибинии устувор зимни гуфтору амали ашхос зоҳир мегардад, чунки ҳар фард фаъолияту рафтори худро тибқи эътиқоди худ пешбарӣ менамояд.

Дар мактаб ҷаҳонибнии шахсиятро худомӯзӣ, мушоҳида ва таҷрибакуниҳо пойдор мегардонанд. Худомӯзӣ шахсиятро ба зинаҳои баланди хирадмандӣ ва бузургӣ мебардорад.


[1] Лутф. М. Педагогикаи шафқат. – Душанбе, 1994. – с. 3 – 29.

[2] Ушинский К. Д. Соч. – М., 1949. Т. 7., с. 332.


Мавзӯи 21. Тарбияи ақлии (фикрии) хонандагон

ҚаблӣШеър дар бораи Ватан
БаъдӣИфтихор аз ватан дорем