Қонуниятҳо, қоидаҳо ва омилҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда

Раванди ташаккулёбӣ ва рушди устувори иқтисоди бозоргонӣ ба омилҳои дуруст ва оқилона ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда дар заминаи қонуниятҳои гуногуни иқтисодию географӣ ҷараён мегирад. Дар равиши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонидани ин қоида ва қонуниятро дар натиҷаи мубодилаи қонуниятҳои инкишофи ҷомеа дар давоми фосилаҳои гуногуни таърихӣ ба вуҷуд меояд. Қонуниятҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда бошад, раванди муносибату фаъолияти ҷомеаи инсонӣ ва ташкили минтақавии истеҳсолотро дар бар мегирад. Дар  шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ тараққиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо оқилона ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҳудудҳои алоҳида ниёз дорад, зеро самаранокии иқтисодӣ ҳамон вақт ба даст оварда мешавад, ки барои истихроҷ, коркарди ашёҳои хоми саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, кашонидани маҳсулот, ҷалб намудани қувваи коргарӣ, сӯзишворӣ, барқ ва нақлиёт маблағ кам сарф шавад. Вобаста ба ин яке аз масъалаи баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот коркарди комплексии сарватҳои табиӣ мебошад, ки он дар истеҳсолот ҷорӣ ва истифода намудани техника ва технологияи навтаринро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, ташкили қаламрави  истеҳсолот ҳаматарафа ва оқилона истифода бурдани шароит ва сарватҳои табиӣ, пеш аз ҳама захираҳои обӣ, гидроэнергетикӣ, замин, сарватҳои минералӣ захираҳои меҳнатӣ ва шабакаи нақлиётро талаб менамояд. Ин на фақат ташкили минтақавии истифодаи онҳоро беҳтар менамояд, балки самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои иқтисодиро баланд мебардорад. Дар шароити гузариш ба рушди устувори бозоргонӣ ин мақсад дар ҳамон сурат амалӣ мегардад, агар мо ба қоидаҳои зерини ҷойгиркунии истеҳсолот такя намоем:

  1. Самаранок ва оқилона ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолот;
  2. Тараққиёти комплексии хоҷагии ноҳияҳои иқтисодии мамлакат;
  3. Тақсимоти оқилонаи минтақавии меҳнат (махсусгардонӣ) дар байни ноҳияҳои иқтисодии ҷумҳурӣ;
  4. Баробар ва мунтазам тараққӣ додани ҳама ноҳияҳои иқтисодии ҷумҳурӣ.

Барои он ки моҳияти ин қоидаҳоро дуруст сарфаҳм равем, ба мо лозим аст, ки онҳоро ба таври зер шаҳру маънидод намоем:

  1. Мафҳуми самаранок ва оқилона ҷойгир намудани соҳаҳои истеҳсолот маънои бо сарфи ками ашёи хом, сӯзишворӣ, қувваи барқ, нақлиёт ва меҳнат истеҳсол  намудани маҳсулотро дорад, ки тавассути он даромади изофа ба даст дароварда мешавад. Бо ин назардошт ҳангоми ҷойгир намудани соҳаҳои хоҷагӣ, шароити табиӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои алоҳидаи он ҳатман ба инобат гирифта шавад. Фақат дар ҳамин сурат метавонем, оқилона ҷойгир намудани соҳаҳои хоҷагӣ ва корхонаҳои онҳоро таъмин намоем ва дар як вақт самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои иқтисодии онро баланд бардорем.
  2. Дар қаламрави ноҳияҳои иқтисодӣ соҳаҳои истеҳсолот бояд тамоили комплексӣ дошта бошанд, ин тарзи ташкили истеҳсолот пеш аз ҳама ба соҳаҳои махсусгардонидашуда ва ба талаботи иқтисодиёти бозоргонӣ нигаронида шудааст. Аз ин ҷо моҳияти асосии тараққиёти комплексӣ дар заминаи оқилона, ҳаматарафа истифода бурдани шароит ва сарватҳои табиӣ, инкишоф додани соҳаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии бо ҳам алоқаманд, ки фаъолияти онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ ва содир намудани мол ба бозори ҷаҳонӣ мутобиқ карда шудааст. Дар ин равиш ноҳияҳои иқтисодӣ ҳамчун узви ягонаи хоҷагии халқ пеш аз ҳам бо соҳаҳои тахассусонидаи худ, иштирок менамоянд.
  3. Тақсимоти оқилонаи қаламрави меҳнат ин тарзи ташкили истеҳсолиест, ки вобаста ба шароитҳои табиӣ, манбаъҳои ашёи хом ва малакаи истеҳсолии аҳолии ин ва ё он ноҳия ба истеҳсоли ягон намуди маҳсулот махсус гардонида мешавад, бояд бо сарфи ками маблағ ва меҳнат бо сифати баланд истеҳсол карда шавад, ки дар бозори дохилӣ ва берунӣ ба рақобат тоб оварда тавонад.
  4. Баробаргардонӣ ва мунтазам  тараққӣ додани ҳама қисмҳои қаламрави ҷумҳурӣ. Ин яке аз вазифаҳои асосии ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Мувофиқи ин гузориш соҳаи хоҷагии ноҳияҳои нисбатан инкишофёфта асосан такмил дода мешаванд. Дар ноҳияҳои нисбатан суст тараққикарда, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ дар асоси бойгариҳои табиӣ ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мешаванд. Заминҳои кишт васеъ карда мешаванд. Ҳамаи ин дигаргуниҳои иқтисодӣ зимни ба ҳисобгирии қоидаҳои ҷойгиркунии истеҳсолот амалӣ мегардад.

Тавассути ба инобатгирии ин қоидаҳо дар ҷойгиркунии истеҳсолот сиёсати иқтисодии давлат амалӣ гардонда мешавад.

Қоидаҳои асосии ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолот чунинанд:    

  1. Наздик ҷойгиркунии соҳаҳои истеҳсолот ба манбаъҳои ашёи хом, сӯзишворӣ, қувааи барқ ва ноҳияҳои истеъмолии мамлакат;
  2. Аз худ намудан ва истифодаи оқилонаю комплексии сарватҳои табиӣ;
  3. Ҳифзи муҳити зист ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ оид ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар қаламрави мамлакат;
  4. Истифодаи самараноки даромади иқтисодӣ дар такмил ва инкишофи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат;

Ҳамин тавр бо назардошти ин қоидаҳо ҷойгир намудани соҳаҳои истеҳсолот масъалаи ноҳияҳои дур кашонидани ашёи хом, сӯзишворӣ, интиқоли қувваи барқ, истифодаи ғайрисамараноки нақлиёт кам шуда, самаранокии иқтисодии корхонаҳои истеҳсолӣ меафзояд. Вобаста ба ин қоидаҳо корхонаҳои соҳаҳои гуногун ба худ хос талаботи ҷойгиркунӣ доранд. Он талаботҳо чунинанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

а) соҳаҳои саноати металлургияи ранга, сиёҳ бештар наздик ба

    ашёи хом  ва манбаъҳои сӯзишворӣ;

б) соҳаи саноати истеҳсоли  металли алюминий наздик ба манбаи қувваи барқ ва сӯзишворӣ;

в) соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ наздик ба ашёи хом ва ноҳияҳои истеъмолии он.

Аз худ намудан ва истифодаи комплексии сарватҳои табиӣ бештар ба соҳаҳои саноати махсусгардонидашуда тааллуқ дорад. Дар натиҷаи ба амал баровардани ин қоида дар ҳудудҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон комплексҳои пуриқтидори истеҳсолию  минтақавӣ ба вуҷуд меоянд (Комплекси истеҳсолию минтақавии Тоҷикистони Ҷанубӣ). Дар асоси қувваи барқи арзони Нерӯгоҳи барқии обии Норак дар Тоҷикистони Ҷанубӣ корхонаҳои барқталаб бунёд ёфтаанд. Дар асоси бунёди обанбори бузург обёрӣ намудани заминҳо ва кишту кори пахта, коркарди он гурӯҳи зиёди корхонаҳои саноатӣ ба миён омаданд, ки онҳо комплекси гидроэлектромелиоративию пахтакориро ташкил намуданд. Дар атрофи комплексҳои  номбурда корхонаҳои хизматрасон қомат рост карданд, ки қисми таркибии онҳо ба ҳисоб мераванд. Тараққиёти истеҳсолот пеш аз ҳама саноат масъалаҳои гуногуни ҳифзи муҳити зистро ба миён овард.

Дар ин раванд бояд чорабиниҳо ва барномаҳои комплексии ҳифзи муҳит ба роҳ монда шавад, ки онҳо ба ҳалли чунин масъалаҳои асосӣ равона бошанд:

  1. Қабули чорабиниҳо вобаста ба ҳолати муҳити зист, ки дар он мавзеъ корхона бунёд шудааст.
  2. Ҷорӣ намудани андоз ва андозбандӣ ба корхонаҳое, ки онҳо ҳангоми истифодабарии сарватҳои табиӣ ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳамин тавр, дар ҷойгир намудани соҳаю корхонаҳо пайваста ба вазъияти экологӣ ва солим нигоҳ доштани муҳити зист диққат дода мешавад. Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки омилҳои табиӣ ва иқтисодиро дар рушти иқтисодиёт иснод ба табиат ва бадшавии вазъияти экологии муҳити зист истифода барем:

  1. Барои он ки ин масъала ба таври бояду шояд ҳалли худро ёбад, бояд ба омилҳои ҷойгиркунии соҳаҳо ва корхонаҳои алоҳида эътибори ҷиддӣ дод.
  2. Вобаста ба технология ва хусусияти хоси истеҳсолоти соҳаю корхонаҳо ин омилҳо гуногун мешаванд: табиӣ, иқтисодӣ, иқтисодию географӣ, демографӣ ва ғайра.

Бо ҳамин назардошт дар поён дар бораи таъсири ин омилҳо ба ҷойгиркунии ин ва ё он соҳа ва корхонаҳо истода мегузарем. Масалан,  ҷойгир намудани корхонаҳои саноати кӯҳиро мегирем. Барои ин ва ё он манбаи ашёи хомро ба истеҳсолот омода намудан пеш аз ҳама ба он аз нигоҳи техникӣ, технологияи коркард, баҳои техникию иқтисодӣ дода мешавад. Дар ин маврид ба ҳавза, кон ё захираи умумии геологӣ ва захираи саноатӣ тарзи истихроҷ ба таркиб ва сифати ашёи хом, мавқеи ҷойгиршавии он нисбат ба роҳҳои мошингард ва оҳан, манбаи об, барқ ва марказҳои саноатӣ муайян намуда, пас ба истихроҷи он шурӯъ менамоянд.

Дар ҷойгир намудани соҳаҳои саноати истеҳсоли маҳсулоти саноати вазнин омилҳои энергетикӣ, ашёвӣ, захираи обӣ, захираҳои меҳнат, нақлиёт ва молҳои истеъмолии аҳолӣ низ вобастагӣ доранд. Ҳангоми ба нақша гирифта ҷойгир намудани онҳо технологияи коркарди ашёи хом ва нимхомро ба инобат гирифта, мувофиқи хусусиятҳои хоси истеҳсоли маҳсулот дар соҳа ва корхонаҳои алоҳида як омил бештар, дигаре камтар ба ҳисоб гирифта мешаванд. Масалан,  барои ҷойгир намудани корхонаҳое, ки технологияи як коркарди ашёи хом дар он ба об эҳтиёҷи зиёд дорад, ҷойгир намудани онҳо ба мавҷуд будани манбаи об бештар диққат дода мешавад. Корҳонаҳои саноати кимиёвӣ ва металлургӣ аз қабили чунин корхонаҳо мебошанд.

Масалан, барои истеҳсоли 1 тонна нахи каучуки сунъӣ 2600 м3 об,  барои 1 тонна пӯлод қариб 240 м3 оби тоза зарур аст. Истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, абрешим, пашмин ва нахи сунъӣ низ обталаб мебошанд. Дар ҷойгир намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ шароити мусоиди табиӣ, заминҳои ба кишоварзӣ мувофиқ, чарогоҳҳои мавсимӣ ва фаровонии об ба ҳисоб гирифта мешавад. Замин на фақат воситаи истеҳсолот, балки ҳамчун заминаи бино намудани манзилгоҳ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва ғайра истифода бурда мешавад. Мо бояд дар рафти ҷойгиркунии соҳаи кишоварзӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем, то ин ки аз ҳисоби сохтмони ин иншоотҳо, хусусан дар замини кишт сохтани манзилгоҳ, ҷойгиркунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ коҳиш наёбад.

Дар ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда таъсири омили демографӣ хело зиёд аст. Зеро ки дар иқтисодиёт он на фақат омили истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ, балки истеъмолкунандаи он иштирок менамояд. Ҳамин омил ҳамеша ҳангоми ҷойгир намудани соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Яъне ҷойгиршавии соҳаҳои хоҷагии қишлоқ на фақат ба истифодаи захираҳои меҳнатӣ, балки ба таносуби  истеҳсол ва  истеъмоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мусоидат намояд. Ин таносубро масоҳати заминҳои ба истеҳсолот омодагардида, миқдор ва зичии аҳолӣ муайян менамояд. Аммо ин нишондодҳо дар байни ноҳияҳои маъмурии кӯҳӣ ва ҳамворӣ тафовути калон дорад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ миқдори аҳолӣ ва зичии он кам дар як вақт масоҳати замини корӣ кифоя вуҷуд надорад. Дар натиҷа сафи бекорон зиёд мешавад. Ягона роҳи паст намудани сатҳи бекорӣ ин истифодаи васеи сарватҳои зеризаминӣ, ташкил намудани соҳаи туризм, сохтани муассисаҳои тандурустию истироҳатӣ, равнақ додани ҳунармандӣ, бунёди корхонаҳои хурди хизматрасонӣ, коркарди ашёи хоми хоҷагии хоҷагии қишлоқ ва коркарди сангҳои пардозию заргарӣ мебошад.

Дар ноҳияҳои дар ҳамворӣ воқеъ гардида бошад, гарчанде ки саршумор ва зичии аҳолӣ зиёд бошад, ҳам нисбат ба ноҳияҳои кӯҳӣ, имконияти бо кор  таъмин кардани одамон бештар мебошад. Дар ин ҷо ғайр аз замини корам  боз  корхонаҳои хурду калон сохта шуданд ва минбаъд сохта мешаванд. Чунончӣ, фабрикаи ҷуроббофии Зафаробод ва колобарории ноҳияи Мастчоҳ, ки зиёда аз ҳазор нафар одамонро ба ҷои кор  таъмин намуд. Ҳоло дар дигар ноҳияҳои дар ҳамворӣ воқеъ гардида,  сохтмони даҳҳо корхонаҳои миёна ва калон ба нақша гирифта шудааст, ки миқдори зиёди одамонро бо кор таъмин менамояд.

Дигар омиле, ки дар ташаккули минтақавӣ ва ҷойгир намудани соҳаҳои истеҳсолот таъсир мерасонад, ин нақлиёт мебошад. Вай ҳамчун соҳаи муҳими хоҷагии халқ вазифаи бор ва мусофиркашониро иҷро менамояд. Ҳаҷми бор ва мусофиркашониро андоза ва тараққӣ кардани шабакаи нақлиёт муайян мекунад. Ин ба хусусияти релеф вобаста мебошад. Он дар ҳама қисмҳои қаламрави ҷумҳурӣ як хел нест. Вобаста ба релефи маҳал дар ноҳияҳои кӯҳӣ нақлиёт нисбатан суст тараққӣ  кардааст.

Қисмҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ танҳо бо як хатти роҳи мошингарди ағбагузар ба ҳам пайваст буданд, ки дар баъзеи он 6 моҳ ҳаракати мошинҳо қатъ мегардид. Сифати роҳҳо ҳам он қадар хуб набуд. Маҳз ҳамин сабаби суст тараққӣ кардани соҳаҳои истеҳсолот аз ҷумла саноат гардид. Инро ба инобат гирифта ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир дар ин минтақаҳо бо мақсади аз худ намудани сарватҳои табиӣ ва аз бумбасти нақлиётӣ баромадан сохтани шоҳроҳҳою нақбҳоро ба пеш гузошт. Сохтани онҳо на фақат алоқаи байни ноҳияҳои кӯҳсор, балки алоқаи онҳоро бо ноҳияҳои ҳамворигии ҷумҳурӣ ва давлатҳои ҳамҷавор устувор намуд. Дар як вақт ба аз худ намудани сарватҳои табиӣ ва дар заминаи он сохтани иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сӯзишворӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, ва коркарди сангҳои пардозӣ вусъат бахшид. Барои бунёди хатти баландшиддати барқӣ байни Тоҷикистону Афғонистон,  Эрон ва  Покистон асоси боэътимод пайдо гардид.

Бино намудани шоҳроҳҳою нақбу пулҳо дар як вақт алоқаи истеҳсолии ноҳияҳои кӯҳсор ва ҳамвориро беҳтар намуд. Дар ноҳияҳои кӯҳсор якчанд шӯъбаи корхонаҳои ноҳияҳои ҳамворигӣ бунёд гардиданд.  Ҳамин тавр,  дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ дар натиҷаи дуруст ба эътибор гирифтани омилҳои ҷойгиркунии истеҳсолот дар оянда заминаи беҳтар гардидани инкишоф ва ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон ба амал меояд.

ҚаблӣМетодҳои илмӣ ва тадқиқотии географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
БаъдӣБаҳои иқтисодӣ ба сарватҳои табиӣ ва ҷойгиршавии онҳо