Вазъи кишоварзи. Касбу хунар ва бинокори. Тичорат. Лашкаркашихои Фиръавнхои сулолахои III – IV. Хукмронии Фиръавнхои сулолахои V –VI. Пароканда шудани Миср. Шохигарии Мисри кадим.
Шоҳигарии Мисри қадим давраи ҳукмронии сулолаҳои IIIVI, яъне солҳои 3000 – 2400 пеш аз милодро дар бар гирифтааст. Дар ин давра дар Миср давлати марказиятноки ғуломдорӣ ба вуҷуд меояд.
Вазъи кишоварзӣ
Баъди дар Миср ба вуҷуд омадани давлати марказиятнок имконият фароҳам омад, ки низоми обёрии замин беҳтар карда шавад. Давлат барои кандани ҷӯйҳо ва обанборҳои калон чораҷӯйиҳо карда, сохта шудани онҳоро назорат мекард. Ин кор ба уҳдаи амалдорони махсуси давлатӣ гузошта шуда буд. Яке аз ҳамин гуна амалдорон, ки Нахеб ном доштааст, менависад, ки бо амри шоҳ аз рӯйи нақшаи пешакӣ дар қисматҳои шимолӣ ва ҷанубии Миср чандин ҷӯйҳоро кофтааст.
Дар ин вақт нисбат ба пештара чорводорӣ рушд мекунад. Олоти меҳнати кишоварзӣ такмил меёбад. Кишоварзон аз сипор ва доси биринҷии такмилёфта истифода мебурданд. Катибаҳои онвақта нишон медиҳанд, ки дар шоҳигарии Мисри қадим кишоварзон бештар гандум, ҷав ва зағир мекориданд.

Киштзори ин зироатҳо хеле васеъ буд. Токпарварӣ ва зайтунпарварӣ низ аз машғулиятҳои асосии кишоварзони мисрӣ ба шумор мерафтанд.
Мисриён ба шикор ва моҳидорӣ ҳам машғул буданд. Дар ин бора тасвири шикори ҳайвонот дар деворҳои мақбараи замони шоҳигарии Мисри қадим шаҳодат медиҳанд.
Касбу ҳунар ва бинокорӣ
Тасвирҳои сершумори дар деворҳои мақбараҳои то замони мо боқимондаи шоҳигарии Мисри қадим дар бораи рушди косибӣ ва пеш аз ҳама, коркарди чӯб, филиз, гил, папирус, бофандагӣ ва чармгарӣ маълумот медиҳанд.

Косибони мисрии ин давра дар сохтани сандалӣ, курсӣ, миз, ҷевон, ҷиҳози дигари чӯбини хона ва киштӣ хеле моҳир буданд. Барои ин кор баъзе навъҳои чӯби баландсифатро аз мамлакатҳои дурдаст меоварданд, чунки дар Миср чунин дарахтон намерӯйиданд. Масалан, чӯби ҷалғӯза (кедр), ки хеле мустаҳкам аст, аз Сурия ва чӯби дарахти сиёҳро аз Нубия меоварданд.
Косибону бинокорони мисрии ин давра дар сангтарошӣ ҳамто надоштанд. Инро дар мисоли сохтмони аҳромҳои фиръавнҳои сулолаи III баръало дидан мумкин аст. Аз ҳамин давра cap карда, дар Миср меъмории сангӣ рӯ ба рушд мениҳад. Дар ин бора ибодатхонаи фиръавн Хафра аз сулолаи IV ва аҳроми Хуфу, ки аз ҳамин сулола аст, шаҳодат медиҳанд.
Тиҷорат
Тоҷирони мисрӣ ба мам лакатҳои хориҷӣ маҳсулоти косибӣ бурда мефурӯхтанд. Фиръавнҳои сулолаҳои IIIIV аз паси корвонҳои тиҷоратӣ лашкар ҳам мефиристоданд, то ки ҳукмронии Мисрро дар мамлакатҳои ҳамсоя муқаррар намуда, сарвати онҳоро аз худ кунанд. Аҳолии ин мамлакатҳо ба неруи арзони кории мисриён табдил меёфт.
Лашкаркашиҳои Фиръавнҳои сулолаҳои III – IV
Фиръавнҳои ду сулолаи аввал ҷангҳои истилогаронаи Мисрро оғоз карда буданд. Ин корро фиръавнҳои сулолаҳои III – IV идома доданд. Дар натиҷаи ин Миср ба давлати калону пурзӯре табдил ёфт.
Фиръавни аввалини сулолаи III Ҷосер дар самтҳои шимолу шарқӣ ва ҷануби сарҳадҳои Миср амалиёти ҷангӣ бурдааст. Дар нимҷазираи Сино нақше боқӣ мондааст, ки дар бораи ғалабаи Ҷосер ба қабилаҳои ин ҷо нақл мекунад. Худи ӯ дар ҳолате тасвир ёфтааст, ки ба сари касе гурз бардоштааст. Фиръавн Ҷосер ба нимҷазираи Сино барои ишғол кардани маҳалли кони мис лашкар кашида буд.
Дар замони ҳукмронии Ҷосер лашкари Миср як қисми Нубияро ишғол карда буд. Ҷосер мехост, ки аз Асвон то Филэ садди бузург созад, то ки сарҳадҳои вилоятҳои ҷанубии Мисрро ҳифз намояд.
Фиръавн Снофру аз Ҷосер монданӣ надошт. Ӯ низ ба ҷангҳои истилогарона даст зад. Дар замони ҳукмронии Снофру нимҷазираи Сино пурра ба Миср тобеъ карда шуд. Ғалабаҳои ин фиръавн дар нақши рӯйи харсанги Вади Матхар абадӣ гардонида шудаанд. Ин фиръавн дар ҳолати пирӯзии ботантана тасвир ёфта, “таслимгари мамлакатҳои бегона” ном бурда шудааст. Ҷангҳои Миср барои ба даст даровардани нимҷазираи Сино дар замони ҳукмронии фиръавнҳои сулолаи IV ҳам идома доштанд.
Ҳукмронии Фиръавнҳои сулолаҳои V –VI
Ин сулолаҳо дар Миср солҳои 2700 – 2400 пеш аз милод ҳукмронӣ кардаанд.

Сарчашмаи папирусии асри XVII п.а.м. то ба мо расида дар бораи пайдоиши се фиръавни аввали сулолаи V нақл мекунанд. Гӯё, ки ин се фиръавн ба таври асрорангезе аз никоҳи зани коҳини Худо Раъ ва худи Худои мазкур таваллуд мешаванд. Ҳамин тариқ, ин ду сулола зодаи Худои мисрии Раъ шинохта шуда буданд. Ин маънои онро дорад, ки фиръавнҳои сулолаи V ва VI “писарони Офтоб” – Раъ буда, барои ба тахту тоҷи подшоҳии Миср соҳиб шудан ҳуқуқи мутлақ доранд.

Дар замони ҳукмронии се фиръавни аввали сулолаи V Раъ – Худои олии давлатии тамоми Миср эълон карда мешавад. Бо ҳамин сабаб минбаъд ба номи фиръавнҳои сулолаҳои V ва VI номи Худо – Раъ ҳамроҳ карда мешуд. Ин шоҳҳо унвони “писари Раъ”-ро низ мегиранд.
Дар катибаю ҳайкал ва нақшҳои гаҷкорӣ дар бораи ҷангҳои истилогаронаи чандин фиръавни сулолаи V маълумот мавҷуд аст. Дар байни онҳо Сахура низ ҳаст. Ӯ ба муқобили халқҳои нимҷазираи Сино ва либиягиҳо ҷанг кардааст. Манзараҳои алоҳидаи ин ҷанг дар катибаҳою нақшҳои камари Вади Матхара ҳам инъикос ёфтаанд.
Забткориҳои фиръавнҳои сулолаи 5-умро фиръавнҳои сулолаи 6 идома доданд. Масалан, Пепи I дар нимҷазираи Сино ҷанг кардааст. Ғалабаҳои ӯ дар ҳамон Вади Матхара тасвир ёфтааст.
Фиръавнҳои сулолаи VI ва лашкаркашони онҳо ҳам на як бору ду бор ба Нубия лашкар кашидаанд. Дар байни онҳо Меревра, ҳокими Элефантин, ҳокими Ҷануб ва фиръавн Пепи II буданд. Дар натиҷаи ин лашкаркашиҳо Нубия ба харобазор табдил ёфт. Дар замони ҳукмронии ин сулолаи фиръавнҳо қаламрави Миср то Фаластин васеъ гардид.
Пароканда шудани Миср
Шоҳигарии Мисри қадим дар замони ҳукмронии сулолаи VI фиръавнҳо рӯ ба таназзул ниҳод. Ашрофони маҳаллӣ – номархҳо оҳиста-оҳиста дар маҳалҳои худ ҳокимиятро ба даст дароварданд. Акнун номархҳо мақомоти молиявии маҳаллӣ, сарварии суд, коҳинон ва лашкарро дар ихтиёри худ доштанд. Номархҳо бо мурури замон аз таҳти таъсири фиръавнҳо раҳо ёфтанд.
Баъди пайдо намудани мартабаи баланд номархҳо барои худ мақбараҳоро мисли пештара дар назди мақбараи фиръавнҳо нею дар қаламрави вилояти худ месохтагӣ шуданд.
Ҳокимоне, ки аз тарафи фиръавнҳо дар вилоятҳо таъйин карда мешуданд, сарвати зиёд ҷамъ карда, ба тадриҷ ҳокими мутлақ мешуданд ва унвони “ҳокими бузург”-ро мегирифтанд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи сустшавии ҳокимияти фиръавнҳои сулолаи VI Миср ба вилояту ноҳияҳои алоҳида – номархҳо пароканда мешавад.
Савол ва супоришҳо
- Шоҳигарии Мисри қадим кадом солҳоро дар бар гирифтааст?
- Вазъи кишоварзию косибии Мисри замони Шоҳигарии қадимро баён кунед.
- Аҳром чист?
- Фиръавн кист?
- Дар бораи лашкаркашиҳои фиръавн Ҷосер нақл кунед.
- Фиръавнҳои дигари Мисри замони шоҳигарии қадим куҷоҳоро забт намуданд?
- Чаро фиръавнҳои аввали сулолаи V-ро зодагони Худо – Раъ меноманд?
- Дар бораи баланд шудани мақоми номархҳои Миср маълумот диҳед.
- Чаро шоҳигарии Мисри қадим барҳам хӯрд?
- Кадом қисмати мавзӯъ дар хотири шумо нақш баст ва барои чӣ?


















