Аз номи тип маълум аст, ки ҳайвонҳои ба ин тип дохилшуда ковокии баданашон ба рӯда монанд аст. Девори бадани рӯдаковокҳо дуқабата аст. Қабати беруна – эктодерма ва қабати дарунӣ – эндодерма ном дорад. Рӯдаковокҳо нисбат ба исфанҷҳо хеле мураккабтар шудаанд. Масалан, дар онҳо узвҳо ва бофтаҳои ҳақиқӣ, системаи асаби одӣ ва ғайраҳо ташаккул ёфтааст. Таносуб (симметрия)-и баданашон шуоъшакл аст (расм).
Баъзе узвҳои ҳаётан муҳим (мӯйлабчаҳо, муғҷаҳо, узви мувозинат) дар бадани онҳо ба таври шуоъшакл ҷойгир шудаанд. Аксарияти рӯдаковокҳо дар зери об ба ягон ҷисм часпида ором меистанд, як қисмашон каму беш шино мекунанд. Таносуби шуоъшакл доштани ҳайвон нишонаи сода будани он аст. Аз ҷониби дигар таносуби шуоъшакл барои ҳайвонҳои беҳаракат аҳмияти биологӣ дорад. Робитаи ҳайвонот бо муҳити беруна аз ҳама тарафҳояш якхела таъмин аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳайвон аз наздикшавии туъма, душман ё таъсири омилҳои муҳити беруна хабардор шавад. Рӯдаковокҳо дар баҳрҳо ва обҳои дарёҳо сукунат доранд. Онҳо аз рӯйи шакли беруниашон ба гул, зангӯла, чатр, бутта монанданд.
Гуногуншаклии онҳо сабаб дорад. Рӯдаковокҳо дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ тӯдаро ҳосил мекунанд. Фардҳои алоҳидаи он шакли полип, занбӯруғ, медузаро гирифта метавонанд. Рӯдаковокҳо дар байни бисёрҳуҷайраҳо аз ҳама қадимтаринанд. Намояндагони ин тип гидраи обҳои ширин, медузаҳо, актиния, кораллҳои полипӣ мебошанд (расм).

Дар дунё зиёда аз 10 ҳазор намуди рӯдаковокҳо маълуманд. Аксари онҳо дарандавор зиндагӣ карда, ҳайвоноти майдаҷуссаро мехӯранд. Андозаи баданашон гуногун аст. Намуди аз ҳама хурдашон 1 мм буда, калонтарашон аз 2 метр зиёд аст. Дар рӯдаковокҳо на фақат бофтаҳо, балки узвҳои нахустин ташаккул ёфтаанд. Масалан, гидра, актиния, кораллҳо дар қисми пеши баданашон даҳон, гулӯ, мӯйлабҳо ва дигар узвҳо доранд (расм).
Сохти берунии рудаковокҳо
Як намояндаи рӯдаковокҳо гидраи обҳои ширин аст. Гидра дар поя, навда ва баргҳои рустаниҳои обҳои ором ва дарёчаҳо вомехӯрад. Ҷисми гидраи муқаррарӣ шакли силиндрро дорад. Дар як тарафи баданаш даҳон воқеъ аст. Дар атрофи даҳон 5-12 мӯйлабчаи борики дароз мавҷуд аст. Тарафи дигараш ба кафш монанд аст (расм). Гидра тавассути қисми қафои баданаш ба ягон ҷисм часпида, ҳаёт ба сар мебарад. Гидра ба думчаи барги рустанӣ монанд буда, на он қадар калон аст. Рангаш сиёҳчатоб ё сабз аст. Дарозиаш то 1 см ва аз ин зиёд мешавад. Қисми пеши баданаш озод буда, дар он ҷо даҳон ва дар атрофи он мӯйлабчаҳо мавҷуданд. Дар обҳои гарми Тоҷикистон аз типи рӯдаковокҳо гидраро дидан мумкин аст. Аксарияти намудҳои ин тип ҳайвони баҳрианд. Масалан, дар қаъри оби баҳр актинияро дидан мумкин аст, ки он ба гулҳои калон монанд аст. Дар қабатҳои мобайни об медуза шино мекунад. Медуза шакли чатрро дорад. Гидра, медуза ва актиния организмҳоеанд, ки дар танҳоӣ мезиянд, вале рӯдаковокҳое низ вомехӯранд, ки онҳо шакли зиндагии тӯдагиро мегузаронанд. Масалан, полипи баҳрӣ, коралл ва ғайраҳо.
Тӯдаи онҳо аз садҳо ва ҳазорҳо фард иборат аст. Коралли сурх, гидра, актиния ва бисёр рӯдаковокҳои дигар ба ягон ҷисми қаъри об часпида, бештар беҳаракатанд ва тарафи ба ҷисм часпидаи бадани онҳоро «кафи пой» меноманд. Мӯйлабчаҳо дар атрофи даҳон ба таври шуоъшакл ҷой гирифтаанд. Ин тавр ҷойгиршавии мӯйлабчаҳо ба гидра имконият медиҳад, ки аз кадом тараф туъма ба бадан наздик шавад, онро гирад. Рӯдаковокҳо дар ду шакл вомехӯранд. Дар шакли полипӣ ва медузагӣ. Рӯдаковокҳое, ки шакли зиндагии нишастагиро мегуза ронанд, онҳоро полип меноманд. Полип калимаи юнонӣ буда, маънояш бисёрпой аст. Баръакси полипҳо, медузаҳо дар қабатҳои мобайни об шино мекунанд. Даҳон ва мӯйлабчаҳои онҳо дар тарафи поёни чатр ҷойгир шудаанд. Медузаҳо «кафи пой» надоранд.
Гидра ва актиния ҳайвонҳои сустҳаракатанд. Онҳо муддати дароз дар пояи рустанӣ, санг ва дигар ҷисмҳо часпида, беҳаракат меистанд. Агар дар аквариум босаброна гидраро мушоҳида кунем, ҳаракати вайро дидан мумкин аст.
Дар як маврид ҳаракати гидра ба қадам задан монанд аст. Вай аввал баданашро хам карда, тавассути мӯйлабчаҳояш ба ягон ҷисм мечаспад, баъд қафои баданашро то пеши бадан кашида, дар ҷойи нав меистад. Ҳамин тавр, ҳаракати ба қадамзанӣ монанд дар гидра такрор меёбад, то ҳамон лаҳзае, ки гидра дар ҷойи нав қарор гирад. Дар дигар маврид ҳаракати гидра ба чаппагардоншавӣ монанд аст. Дар ин ҳолат гидра бо навбат гоҳ пеши бадан ва гоҳо қафои баданашро бардошта, ба ягон ҷисм мечаспонад.
Актиния бошад, тавассути тадриҷан сустшавӣ ва кӯтоҳшавии «кафи пой» ҳаракат мекунад. Медуза аз таги чатр бо фишори зиёд обро тела дода, худаш ба пеш меҷаҳад. Ин тарзи ҳаракат ба ҳаракати ракета монанд аст. Полипҳои тӯдагӣ ҳаракат намекунанд.
Рӯдаковокҳо ҳайвонҳои дарандаанд. Гидра, актиния дарандаи пурхӯр буда, инфузорияҳо, харчангҳои майда, ҳашароти обӣ, кирминаи онҳо ва ҳатто моҳичаҳоро мехӯрад. Онҳо туъмаи худро тавассути кашиш хӯрдани мӯйлабчаҳо ва ҳуҷайраҳои сӯзонанда дошта мегиранд. Дар мӯйлабчаҳои гидра ва актиния ҳуҷайраҳои сӯзонанда мавҷуданд. Даруни ҳуҷайраҳо пур аз моеи заҳрнок буда, узви риштамонанд дорад. Ҳамин ки туъма тасодуфан ба мӯйлабчаҳо бархӯрд, ин ришта фавран баромада, туъмаро беҳуш мекунад ва бо мӯйлабчаҳо онро ба даҳон равон мекунад. Даҳони гидра қобилияти хуби кашишхӯрӣ дорад. Аз ҳамин сабаб, онҳо сайдҳои аз худ калонтарро ҳам фурӯ мебаранд. Медузаҳо ва кораллҳои полипӣ ҳайвонҳои майдаро мехӯранд.
Типи Рудаковокхо реферат бо забони точики.