Тарзи тартиб додани ҷадвалии мантиқи гуфтор

Тарзи тартиб додани чадвалии мантики гуфтор.


Мантиқи гуфтор – фасли мантиқи муосир буда, дар он забони рамзҳо истифода бурда мешавад.

Рамзҳои забони мазкур инҳоанд:

а). p,q,r,p,q,… рамзҳои пропозитсионалӣ (тағйирёбандаҳои пропо-

зитсионалӣ)

б).ℸ, ∧,V ,→, ≡ – истилоҳоти мантиқӣ (доимиҳои мантиқӣ)

в). (,) – қавсҳо ва вергул.

Таърифи формулаҳо:

а) Тағйирёбандаи пропозитсионалӣ формула мебошад:

б) Агар А- ва В формула бошанд, пас  ℸА, (А∧В), (А∨В), (А→В), (А≡В) – формулаҳоянд.

в) Ҳеҷ чиз ба ғайри а) ва б) формула нест.

Мувофиқи таъриф, ифодаҳои (p∧q) ((p∧ℸq )  ((p→r)), ℸℸp,r формула буда, ифодаҳои (pvq) →, r  ≡, ∧ (p→s) формула нестанд.

Барои нисбатан оддӣ намудани формулаҳо мо метавонем, баъзе қавсҳоро партоем. Ҳисоб мекунем, ки аломати ℸ назар бо аломатҳои ∧, ∨, →,  ≡ зичтар алоқаманд мекунад, аломати ∧ назар ба ∨, →, ≡ зичтар ва аломати → назар ба  зичтар алоқаманд мекунад. Ҳамин тариқ, дар формулаҳои ((p ∧ ℸq)→(r ∨ s)), (ℸℸp≡s→q)) қавсҳоро ин тавр партофтан мумкин аст:  p∧ℸq→rVs, ℸℸp≡s→q)

ҚаблӣЗабони мантиқи предикатҳо
БаъдӣҲисоби предикатҳо (хисоби предикатхо)