Психологияи кӯдак ва мушкилоти тарбия

Психологияи кудак ва мушкилоти тарбия.

психологияи кудак, фарзанд тарбия оила писар

 Тарбия замоне муассир ва муваффақ хоҳад буд, ки шахсият ва хусусияти психологии кӯдак хуб омӯхта шавад. Дарки дурусти хусусиятҳои психологии кӯдак имкон медиҳад, ки лаёқат, малакаю истеъдоди ӯро беҳтар шиносем ва мувофиқ ба он усулҳои таълиму тарбияро интихоб ва истифода кунем.

Аммо мушкилоти асосии тарбияи кӯдак ин ҳиссиёти табиӣ ё нафсонии вай аст, ки ба тарбияи иҷтимоӣ-ахлоқиаш монеъ мешавад. Ин масъала бисёр мураккаб буда, мутаассифона, он дар илм пурра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор нагирифтааст. Инсон чун қоида, барои расидан ба мақсад ва таъмини талаботи худ, ҳамеша роҳи саҳлу осон ва кӯтоҳро меҷӯяд. Азбаски меҳнат ҳамеша заҳмат ва машаққатро тақозо дорад, дар сурати муфт қонеъ намудани талабот, ба меҳнат даст намезанад. Ба таъбири дигар, майли ҷисм ва талаби нафс бар он аст, ки ҳарчи зудтар ва беҳтар қонеъ шавад; ба ҳар чизе, ки хилофи ин аст, муқобилият мекунад. Барои қонеъ шудани майлу рағбат, эҳтиёҷу талаботи кӯдак садҳо монеа пайдо мешавад. Дер шир додани модар, зуд рӯйи даст нагирифтан, умуман, ҳар хел майлу рағбати пайдошудаи кӯдакро дарҳол қонеъ накардан боиси хашму ранҷиши ӯ мегардад. Ин ҳолат чандин сол давом карда, чун одати бад чизи муқаррарӣ мешавад.

Чунин вазъият то фаро расидани давраи тарбияи бихрадона (тақрибан аз 5 солагӣ сурат мегирад), ки «табиати дуюм» низ ҳисоб шуда, қувватдиҳандаи нафси ҷисмонӣ мебошад ва дар муқобили тарбияи маънавӣ қарор мегирад. Ба ибораи дигар, кӯдак табиатан дар худ ҳеҷ майлу хоҳиши ба касе чизе додан, бахшиш кардан надорад. Ҳатто бозичаи ночизашро бебозгашт ба кӯдаке нахоҳад дод. Ин қонуни нафсонии ӯст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аммо инсонеро бояд тарбия кард, ки бар хилофи нафси худ бошад. Ба таъбири Рӯдакӣ, бояд ӯро бар сари нафси худ амир бисозем. Одати танҳо аз пайи нафси худ рафтанро, ки барои ӯ табиист, ҳеҷ набошад то нисф кам намуда, расми саъй кардани ӯро барои шинохти ҳаққи дигарон биомӯзем. Ғайр аз осонии кор ва кайфияти худ, барои дигарон, ки дар ҳаққи ӯ карданду мекунанд, ташвиш ва заҳмате бикашад. Чунин рафтор барои ӯ бояд одат шавад.

Албатта, меҳнати худро ба кори фоидаовар ва ба нафъи касе равона намудан ҳамон вақт характери устувор ва доимӣ гирифта метавонад, ки раванди он бисёр осон, мисли як бозии «қонунияти зебоӣ» анҷом пазирад ва муҳиммаш ин ки вай ба одат табдил ёбад.

Аслан, одат хусусиятҳои зеринихудро дорад;

  1. Ба осонӣ, бе заҳмат, муфт таъмин намудани талаботи организм.
  2. Кӯшиши бо андаке заҳмат қонеъ намудани талаботи бевоситаи худ.
  3. Ниҳоят, шакли душвортарини одат ин меҳнат кардан (заҳмат кашидан) ба манфиати қувваҳое, ки бевосита ба шахс фоида намеоваранд. Онҳо одати иҷтимоӣ буда, аз рӯи зарурати ахлоқӣ, қарзи инсонӣ ва амри виҷдон ба ҷо оварда мешаванд.

Моҳияти шахсро ҳамчун инсон ҳамин одату хислатҳо муайян мекунанд. Чунки сифатҳои наҷиби одамиро дар кӯдак тарбия ва одат кунондан кори басо душвор буда, тоқат, малака ва маҳорати махсус талаб мекунад.

Волидон, тарбиятдиҳандагон ба инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон бояд диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Дар синни навзодӣ ва кӯдакӣ писарбачаҳо ва духтарҳо қобилияти модарзодии худро инкишоф медиҳанд. Ин раванд ниҳоят босуръат буда, онро идора ва роҳбарӣ намудани калонсолҳо зарур аст. Барои он ки ҷараёни мазкур ба самти номатлуб наравад, роҳҳои гуногуни ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан лозим меояд.

Дар ин бора яке аз мутафаккирони бузурги олами илму маърифат Жан Жак Руссо чунин қайд мекунад: «Дар аввалҳои зиндагӣ, ки ҳофиза ва қувваи тахайюл ҳанӯз ба кор наяфтодааст, тифл фақат ба чизе диққат мекунад, ки ҳавоси ӯро мутаассир мекунад. Ва чун маҳсусот аввалин масолеҳи мадракот ва донистаниҳои ӯст, агар аз ибтидо онро ба тартиби саҳеҳ дар дастраси вай бигзорем, ҳофизааш одат хоҳад кард, ки баъдҳо ин маҳсусотро бо ҳамон тартиб дар дастраси ақл қарор бидиҳад. Ҳоло, ки кӯдак фақат ба маҳсусот дақиқмешавад, дар ибтидо кофӣ аст робитаи он маҳсусотро бо ашёе, ки муҷиби эҳсос шудаанд, ба таври равшан ба ӯ нишон диҳем. Бача мехоҳад ҳама чизро даст занад, ҳаргиз ба кунҷковии ӯ мухолифат накунед, зеро ин кунҷковӣ бисёр чизҳоро, ки донистани онҳо лозим аст, ба вай меомӯзад.

Масалан, ба ӯ ёд медиҳад, то гармӣ, сардӣ, сахтӣ, нармӣ, вазнинӣ ва сабукии ҷисмҳоро эҳсос кунад; ё бузургӣ, шакл ва дигар мушаххасоти онро, ки махсус аст, бишносад. Барои ин кор тифл нигоҳ мекунад, даст мемолад, гӯш медиҳад, ба таври хоссе ҳисси басриро ба ҳисси ламсӣ муқоиса мекунад ва он чиро бо ангуштон ҳис кардааст, ба чашм андоза мегирад».

Дар ин марҳилаи инкишофи кӯдак ба вай имконияти бозиҳои мазмундору мақсаднок фароҳам овардан лозим аст. Ӯ аллакай ба иҷрои бозиҳои одитарини мақсадноку мазмундор қобилият дорад. Ашёи бозӣ (бозичаҳо) бояд сурати ҳайвонот, асбобҳои гуногун, тасвири олоти техникӣ, сохтмон ва ғайра бошанд. Ҳангоми иҷрои онҳо (бозиҳо) қоида, унсурҳои амалиёти мазмундору мақсаднок дар назари кӯдак ҷилвагар шаванд. Ӯ ба чашми худ бинад, бо ақли худ санҷад, ба ҳунари дасти худ баҳо диҳад, тафаккур ва ҷаҳонбиниаш васеъ гардад. Бозичаҳо, ки образҳои аёнии ашёҳои воқеӣ ҳастанд, дар мавриди бозӣ кардан дар шуури кӯдак таассуроти воқеӣ пайдо карда, бо одат ва малака табдил меёбад, ки ин барои ташаккули шахсияти кӯдак ва қобилияти эҷодии ӯ мадад мерасонад.

Амалиёти «образнок»-и кӯдак, бозиҳои давраи томактабӣ, машқҳои одитарини таълимӣ ва дигар ҳаракатҳои ақлонию ҷисмонӣ барои ӯ аҳамияти бузурги ҷамъиятӣ ва шахсӣ доранд. Аз тарафи кӯдак иҷро шудани он дар саҳнаи ҳаёт ба «бозӣ» даромаданро ба хотир меорад. Кӯдак бояд бармаҳал малакаи дарк намудани шаклҳо, воситаҳои фаъолияти иҷтимоиро аз худ кунад. Ин ба шахс дар ҷараёни ҳаёту кори минбаъдааш барои ба саҳву хато роҳ надодан мусоидат мекунад. Ин ҳолат барои аз худ намудани таҷрибаи таърихии инсоният моҳияти тарбиявӣ-иҷтимоӣ дошта, инсон шахсияти худро муайян мекунад. Ин раванд ҳар қадар озоду эҷодкорона, мақсадноку устувор сурат бигирад, ҳамон қадар беҳтар ва бештар натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Агар баръакс бошад, натиҷаҳо низ номатлуб мешаванд.

Зимнан бояд таъкид кард, ки чун фарқияти психикаи кӯдакон вобаста ба шароити тарбия рух медиҳанд, барои ташаккулу такомули минбаъдаи онҳо беасар намемонад. Барои минбаъд комилу пурра гардонидани он заҳмати худи ӯ ва тарбиятгарон лозим меояд. Вале дар бисёр маврид ин нуқсон пур нашуда, аз раванди таъсири умумӣ ва пешравии ҷамъият қафо мемонад. Ин вазъиятро шартан ба эстафета монанд кардан мумкин аст, ки дар ҳолати як лаҳза ақиб мондан, суръатро суст кардан, аз дигар онро барқарор намудан ва бармаҳал ба марра расидан душвор ва ҳатто номумкин мешавад.

Дар марҳилаи томактабӣ сабзиши ҷисмонии кӯдак бисёр босуръат аст. Ақидаи баробар инкишоф ёфтани организм ва психика дуруст нест. Ҳарчанд ки инкишофи онҳо бо якдигар вобастагӣ дорад, вале вобаста ба шароити иҷтимоӣ, муҳити зист, тарзу вусъати тарбия яке оқиб ва дигаре пеш рафта метавонад. Равшан аст, ки кӯдак ҳарчи бештар бозиҳои шавқангезу мазмуннок, ҳаракатҳои мақсаднок, мушоҳидаҳои маънидор намояд, ҳамон қадар тез ва пурра инкишоф меёбад. Як хусусияти ниҳоят муҳимми психологияи кӯдакротаъкид намудан махсус зарур аст.

Дар мавридҳои ранҷиши кӯдак аз ду чиз эҳтиёт шудан лозим аст; якум ӯро тарсондан, шарм дорондан, танқиду мазаммат намудан ва дуюм ба навозиш даромадан, бӯсидан, сила кардан, таърифи бардурӯғ намудан. Дар мавриди якум кӯдак озурда ва дилшикаста шуда, ба ҳолати боз ҳам бадтаре дучор меояд, маъюсу ноумед, оқибат тарсончаку беғайрат шуда, минбаъд дар мушкилоти зиндагӣ рӯҳан зудшикан мешавад. Дар ҳолати дуюм эркаю нозук, худписанд ва мағруру инҷиқ мешавад, то андозае мустақилияти худро гум мекунад. Бинобар ин ҳангоми ранҷиш (дар мушкилоти дигар низ) ба кӯдак, наврас, навҷавон имкон додан лозим аст, ки мустақилона аз вазъияти ногувор барояд, барои рафъи он кӯшиш кунад.

Кӯдак ҳамеша ба колонсолон; падару модар, бачаҳои кӯча пайравӣ ё тақлид мекунад. Пас ба ӯ намунаи бад ё ибрати бад нишон додан лозим нест. Баръакс, дар амал намунаҳои хуби ахлоқӣ ва кориро дар пеши назари ӯ ҷилвагар сохтан зурур аст. Ӯ бояд равшан бинад, ки кадом рафторҳо ва кирдорҳо хубанду аз тарафи калонсолон баҳои мусбат мегиранд ва кадом ҷиҳатҳо манфӣ ва зарарноку бефоидаанд.

Кӯдакон дар раванди таълим ҳангоми азхудкунии дониш, маҳорат ва малака дучори мушкилӣ мешаванд, зеро то ин замон онҳо бештар ба бозӣ машғул буданд ва акнун маҷбуранд, ки таҳсил намоянд. Албатта, дар қиёс ба бозӣ таҳсил мушкилтар буда, сарфи қувваи иродавиро бештар талаб менамояд. Онҳо аз навиштан ва хондан дида бештар ба суҳбат кардан майл доранд. Дар ҷараёни навиштан онҳо тез хаста мешаванд. Кӯдакон баробари ворид шудан ба мактаб имкони озодона муошират кардан ва амал карданро аз даст медиҳанд, зероонҳомаҷбуранд, ки тартиботи муқаррарнамудаи муассисаи таълимиро риоя кунанд. Талаби омӯзгорон ва хоҳиши ҳамсинфонашонро иҷро ва эҳтиром намоянд.

Барои наврасон синни 9-12 солагӣ давраи интихоби идеал буда, дар ин давра онҳо мехоҳанд ба касе монанд шаванд. Аз ин рӯ онҳо қаҳрамони худро интихоб намуда, ба ӯ тақлид мекунанд ва бо амалу рафтори худ мехоҳанд мавриди таваҷҷуҳи атрофиён бошанд. Дар ин ҳолат аз тарафи калонсолон мавриди сарзанишу маломат қарор ёфтани кӯдакон боиси коҳиш ёфтани завқ ва худбаҳодиҳии онҳо мешавад.

Кӯдакон ҳар қадар бузургтар шаванд, ба ҳамон андоза барои волидайн азизтар мегарданд. Аз ин рӯ чунин муҳаббату дӯстдорӣ гоҳо боиси он мешавад, ки волидайн баъзе камбудиҳои ҷиддии фарзандонро нодида мегиранд ва ё онро сарфи назар менамоянд. Ин шеваи рафтор муҷиби дар хислат ва рафтори кӯдакон рушд намудани камбудиҳое, аз қабили худписандӣ, саркашӣ, бемасъулиятӣ ва монанди инҳо мешавад. Вобаста ба ин волидайнро зарур аст, ки ба ҳар як амали неку бади кӯдак таваҷҷуҳ намуда, барои ба роҳи рост ҳидоят кардани ӯ бо лаҳн ва шеваи хоссе, ки метавонад ба ӯ таъсир гузорад, маслиҳат диҳанд. Маслиҳат ва насиҳат бояд тарзе сурат бигирад, ки ҳисси кунҷковии кӯдакро бедор кунад ва ӯро барои фикр кардан таҳрик бидиҳад. Ҳар маслиҳату машварат ва таъкиду супорише, ки аз тарафи калонсолон дода мешавад, бояд иҷрои он назорат карда шавад, то маълум гардад, ки ба кадом андоза онҳо ба сухани шумо гӯш додаанд ва роҳи дурустро интихоб кардаанд. Чунин шеваи рафтор барои дар кӯдакон тарбия ва рушдёфтани ҳисси масъулиятва мустақилияташон мусоидат мекунад.

Кӯдак наметавонад ҳар чизеро, ки мешунавад ва мебинад, ба таври том қабул кунад, балки онро бояд дар мизони ақл баркашад ва чигунагиашро дарёбад. Неку бадро аз ҳам фарқ карда тавонад ва ба ҳодисаю воқеаҳо аз назари таҳлилӣ баҳо доданро омӯзад. Хеле зарур аст, ки дар кӯдакон ба қувваи худ боварӣ доштанро тарбия намоем, яъне онҳо кӯшиш кунанд, ки мушкилоти бамиёномадаро мустақилона ҳаллу фасл намоянд ва танҳо дар сурате ба калонсолон муроҷиат кунанд, ки нуқси худро мутаваҷҷеҳ шуда бошанд. Бояд кӯдак пай барад, ки ҳарчи ба ӯ меомӯзанд, дар ниҳояти кор ба фоидаи ӯ анҷом хоҳад ёфт ва ё бар зарари ӯ. Ҳамчунин ӯ бояд дарк кунад, ки ба ҳама чиз кӯр-кӯрона тақлид ва пайравӣ набояд кард, балки ба ҳар ҳодисаю воқеа ва амалу беамалӣ назари худро бояд дошт. Чунин амал мустақилиятро дар кӯдак ташаккул дода, ӯро ба ташаббускорию навоварӣ ҳавасманд месозад.

Дар сурате, ки кӯдак мехоҳад ба суҳбат ҳамроҳ шавад, кӯшиш кунед, ки ба он монеъ нашавед. Баръакс, бояд ӯро бештар ба суҳбат ҷалб намуда, имкон бидиҳед, то ӯ назари худро атрофи ин ё он масъала иброз кунад, аз суол додан ва ҷавоб гуфтан шарм надорад. Боҷуръат ва дар баёни ақидааш устувор бошад. Бо кӯдакон бояд бо лаҳни ором ва ҷиддию мувофиқ ба синну соли онҳо суҳбат кард. Набояд ҳеҷ гоҳ ба содагии онҳо хандид ва онҳоро дар хиҷолат гузошт. Зеро чунин амал мустақилият ва ташаббусро дар кӯдакон маҳв карда, онҳоро шармгин ва беҷуръат менамояд.

Барои инкишоф додани завқи бадеӣ ва эстетикии кӯдак бояд бештар дар атрофи масъалаҳои мавриди назари ӯ суҳбат биороем. Суҳбатбоядҷолибу завқовар ва содаю фаҳмо бошад, на мушкилу дилгиркунанда. Ҳангоми баҳсу талош онҳоро барои ба эҳсосот дода нашудан талқин бояд кард.

Вобаста ба тағйироти физиологӣ тағйироти психологӣ низ дар рафтору гуфтор ва андешаи кӯдакон ба амал меояд. Яъне дар синну соли муайян кӯдакон ба худ хислату хусусиятҳои муайянро мегиранд, ки сари вақт дарк намудани он барои интихоби роҳу равиши дурусти тарбия мусоидат мекунад.

Волидайн бояд кӯшиш кунанд, ки аз хурдсолӣ ба кӯдакон ҳунарҳои гуногунро, ки дар ҳаёти минбаъда ба кор меоянд, омӯзонанд. Тарбияи меҳнатии кӯдакон маҳз дар муҳити оила оғоз шуда, ҳисси меҳнатдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ, сарфаю сариштакории онҳо бо ибрати неки падару модар ва маслиҳату насиҳати онҳо ташаккул ёфта, минбаъд батадриҷ дар ҷомеа рушд мекунад.

Унсурулмаолии Кайковус дар ин хусус чунин мегӯяд: «Пас бояд, ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар, фарзандро биомӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва тавонист донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан».

Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки яке аз омили муҳимтарин дар тарбияи кӯдак шинохти ӯст. То замоне ки мо хусусиятҳои психологии кӯдакро хуб аз худ накунем, наметавонем дар тарбияи ӯ ба таври дилхоҳ муваффақ бошем. Тарбияи кӯдак аз мураббӣ, падару модар малакаву маҳорати зиёд талаб мекунад ва ҳар андозае, ки мо онро огоҳона ва ҳунармандона иҷро кунем, ба ҳамон андоза муваффақ хоҳем буд.

Волидайн вазифадоранд, ки ба фарзандон асосҳои тарбияи оилавӣ, одобу рафтори оиладорӣ, муошират, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва дигар нозукиҳои ҳаёти оилавиро биомӯзонанд. Зеро ин ҳама дар ҳаёти минбаъдаи онҳо, ҳангоми барпо намудани муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзанд ва пешбурди ҳаёти мустақилона кумак хоҳад кард.

Савол ва супориш

  1. Зарурати таълим ва тарбияи кудакро шарх дихед.
  2. Таъсири хавасмандкуни ба раванди таълим ва тарбия чи гуна аст?
  3. Ба фарзанд чи гуна бояд танбех дод?
  4. Накши худбаходихи дар рушди кудак чи гуна аст?
  5. Тарсонидан ва окибатхои онро шарх дихед.
ҚаблӣТаваллуди фарзанд ва фароҳам овардани шароит барои рушди кӯдак
БаъдӣШеър дар васфи муаллим