Маснавии Маънавӣ сохт ва сабки нигориши асари Мавлоно Чалолиддини Балхи (Руми). Маснавии Маънавии Мавлавӣ.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳз бо «Маснавии маънавӣ» дар адабиёту фарҳанги гузаштаи мо нақши босазое гузошт. Таъсири он ба адабиёти хурду бузурги дунё назаррас аст. Ба эҷоди асар соли 1225 шурӯъ намуда, дар тӯли 10 сол онро эҷод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонҳои маъмули адабиёти пешин сужети ягона надорад.
Асар аз нигоҳи устухонбандӣ ба шаш дафтар қисмат шудааст ва ин шаш дафтар ба ҳам аз нигоҳи мавзӯъ пайванд ё алоқаманд нестанд. Як умумияти байни дафтарҳо ин аст, ки нахуст оёте аз «Қуръон», ҳадисе аз Расули Акрам (с), ҳикоя, латифа, нақлу ривоёт оварда мешавад ва пасон дар анҷоми онҳо мақсад, ҳадаф ва афкори адиб ва мутафаккир баён гардидааст.
Аз ин назар онҳо афкори фалсафӣ ва ё ирфонии Мавлоноро пурра мекунанд, тақвият медиҳанд. Аз нигоҳи устухонбандӣ ва сабки баён «Маснавӣ»-ро ба «Калила ва Димна» метавон шабеҳ донист. Масалан, барои тасдиқи матлабе ҳикоёту латоиф ва амсолу ҳикматро бедареғ истифода мебарад. Бахусус, услуби ҳикоят андар ҳикоят, латифа андар латифа, ривоят андар ривоят онҳоро ба ҳам наздик гардондааст, ки мо ҳангоми таҳлили ин асар ба ин масъала боз хоҳем гашт.
Масалан, дафтари аввали «Маснавии маънавӣ» ба тариқи зайл оғоз ёфтааст: «Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳ бар канизак ва харидани ӯ он канизакро». Асоси ҳикоя ҳамин аст ва вобаста ба ҳамин ҳикоят Мавлоно мавзӯъро боз идома дода, ҳикоятро боз давом медиҳад ва боз ҳикояти «Бемор шудани канизак», «Аз шаҳри Самарқанд боз овардани марди заргар». Ҳамин тавр, ҳикоя хеле тӯл мекашад. Дар ҳамин ҳикояҳои силсиладор Мавлоно андешаашро дар масъалаи хомӯшӣ, адаб ва беадабӣ ва натиҷаи онҳо бамаврид баён кардааст. Андешаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва ирфонии хешро гоҳ дар байн ва гоҳ дар анҷоми ҳикоёту ривоёт ёд мекунад, ки онҳо ба мавзӯи ҳикоёт сахт алоқаманданд.
«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ аз нигоҳи қофиябандӣ мисли достон ё маснавиҳои асрҳои пешин: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ ба тариқи аа, бб, вв, гг омадааст.
«Маснавии маънавӣ» ин тавр оғоз ёфтааст:
а Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
а В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
б К-аз найистон то маро бубридаанд,
б Аз нафирам марду зан нолидаанд.
в Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
в То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Дар байти аввал ҳикояту шикоят қофия ва мекунаду мекунад радиф шуда омадаанд. Дар байти дувум бошад, калимаҳои бубридаанду нолидаанд ҳамқофияанд. Ниҳоят, калимаҳои фироқу иштиёқ дар байти сеюм ҳамқофия шуда омадаанд. Ҳамин тавр, достонҳои дар боло ёдшуда ҳам бо ҳамин тарз қофиябандӣ шудаанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ»-ро дар баҳри рамали мусаддаси маҳзуф эҷод кардааст, ки рукнҳои асосии ин баҳр чунинанд:
Биш-на-ваз -най –чун- ҳи-ко-ят –ме-ку-над
Фо и ло тун фо и лотун фо и лун
Ваз -ҷу-до-и-ҳо- ши-ко-ят –ме-ку-над.
Фо и ло тун фо и ло тун фо и лун
Баҳри рамал хеле сабук аст. Бо ин баҳр устод Рӯдакӣ маснавии «Калила ва Димна»-ро ба риштаи назм кашидааст ва бо байти машҳури он:
Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
маснавӣ оғоз ёфтааст. Мавлоно ҳам аз ин нигоҳ ба устод Рӯдакӣ пайравӣ намудааст.