Мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)

Мероси адабии Мавлоно Чалолиддини Балхи иншо / реферат / газал / точики. Мероси адабии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ).


Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун адибу файласуф шуҳрат дорад. Ин ду пеша – илму адаб дар эҷодиёти ӯ тавъам бо ҳам пайванданд. Яъне, мутафаккир андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии худро ба воситаи каломи бадеъ баён намудааст.

Дар бораи он, ки аз ин ду пеша дар кадомаш муқаддамтар буда бошад, ба як хулоса омадан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вақте ки ғазалиёти ӯро қироат мекунед, аз салосату балоғат, аз ширинию фасоҳати каломи рӯҳбахшаш ангушти ҳайрат мегазед ва ӯро аз шоирони тавонои адабиёти классикӣ мешуморед.

Яке аз шарқшиносони маъруфи дунё Е.Э. Бертелс барҳақ гуфтааст, ки агар лирикаи Ҷалолиддини Румӣ ба аҳли илму адаб ва умуман ба забони мардуми Аврупо тарҷума мешуду дастраси онон мегардид, бешубҳа, ин нобиғаи адабро дар қатори Байрон, Ҳёте, Гейне, Флобер мегузоштанд ва аз ғазалиёти шӯрангезу дилангезаш як ҷаҳон лаззат мебурданд.

Номгӯйи мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ аз нигоҳи миқдор чандон зиёд нест, аммо асарҳояш ҳаҷман бузурганд. Мероси адабии ӯ асосан аз «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Девони кабир» иборат мебошад. Ғазалҳои орифона дар «Девони кабир» мақоми шоиста доранд.

Мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ дар ғазалу рубоиёт ва қитъаоту тарҷеоти адиб дида мешаванд. Масалан, шоир дар рубоии зер он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад. Шоиста он бошад, ки аз пайи амале кӯшӣ, ба халқ нафърасон бошӣ:

Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.

Шоир саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсонро дар покии виҷдон, ростгӯйию растагорӣ ва дар бомаърифатии ӯ мебинад ва таъкид менамояд, ки агар одам бо чунин сифатҳо ороста бошад, азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам нихад, тоҷи сари мардумон мегардад:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ,
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно дар рубоиёташ ишқи поки инсониро басо самимӣ, дилкаш ва шоирона ба қалам додааст:

Бо ёр ба гулзор шудам раҳгузаре,
Бар гул назаре фикандам аз бехабарӣ.
Дилдор ба ман гуфт, ки «Шармат бодо!
Рухсори ман ин ҷову ту бар гул нигарӣ».

Дар байни рубоиёти Мавлоно мазмунҳои ишқӣ-ирфонӣ низ хеле зиёданд. Ба рубоии зер таваҷҷуҳ намоед:

Он бут, ки ҷамолу зинати маҷлиси мост,
Дар маҷлиси мо нест, надонам, ки куҷост.
Сарвест баланду қомате дорад рост,
К-аз қомати ӯ қиёмат аз мо бархост.

ё:

Ин мастии ман зи бодаи ҳамро нест,
Ин бода ба ҷуз дар қадаҳи савдо нест.
Ту омадаӣ, ки бодаи ман резӣ?
Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.

Дар рубоии охир шоир таъкид менамояд, ки ман масту мадҳушам, вале ин мастии ман аз бодаи сурх, арғувонӣ (ҳумро) нест, ин бодаро касе намехарад ва касе намефурӯшад. Агар мақсадат аз омадану рехтани бодаи ман бошад, ба мақсад нахоҳӣ расид, зеро бодаи ман «пайдо нест». Маънои бода ишқи илоҳӣ, маърифати роҳи Ҳақ аст. Бале, қаҳрамони лирикӣ маст аст, масти дидори Аллоҳ. Ӯ бода менӯшад, яъне дар роҳи ба мақсад расидан саъю талош дорад ва илму дониш меомӯзад, то ба маъшуқаи (Худои) худ бирасад.

Дигар мавзӯҳо:

ҚаблӣМавлоно Чалолиддини Балхи – Джалаладдин Руми
БаъдӣФихи мо фихи – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ