Шеър дар бораи Саъди Шерози. Шеър дар васфи Саъдии Шерозӣ

Ном аз шарофати дин
Ӯрост Муслиҳиддин.
Шоири шеъри дилҷӯст,
Саъдӣ тахаллуси ӯст.
Шероз-шаҳри Эрон,
Ӯро ватан бувад дон.
З-устодҳои некӯ
Таҳсил бурдааст ӯ.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Аз назм сохт “Бӯстон”,
В-аз насри худ “Гулистон”.
Ширинтар аз асал гуфт,
Дурри сухан-ғазал суфт.
Аз шоирон ба ҳиммат,
Бурд ӯ гарав ба ҳикмат.
Чун нек гуфт ағлаб
Бо “Шайх” шуд муқаллаб.
Яъне ки пири ҳикмат.
Пири кабири ҳикмат.
Дар ин фунун фасона
Гашт андар он замона.
Пири ҳикояти хуб,
Панду масалсароён.
Алқисса, пири ҳар боб,
Арбоби қулли арбоб.
Алқисса, пири баъдӣ,
Шайхи бузург Саъдӣ.
Аз китоби “Даҳ пурсишу даҳ посух”